Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) фаро расидани Иди Қурбонро ба яко-яки ҳамватанони мусалмони Тоҷикистон табрику таҳниат мегӯяд.
Мо, тоҷикон, ки тибқи одат ва фарҳанги худ дар ин рӯзи фархунда бо густурдани дастархони идона, аз якдигар диду боздид менамоем, ниёзмандонро фаромӯш накунем, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунем.
Имрӯз, дар ҷомеаи мо, бешак яке аз ниёзмандтарини инсонҳо, ин хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ мебошанд. Онҳо имрӯз ба кӯмаки ҳамаи мову шумо ниёз доранд. Зеро бо зиндонӣ шудани падар ё шавҳар ё бародарашон, касе болои сарашон нест, ки ниёзҳои молӣ ва иқтисодии онҳоро бароварда созад.
Ва ҳамчунин, худи зиндониёни сиёсӣ низ ба кӯмаку ёрии мо ниёз доранд. Тибқи маълумоте, ки ба дасти мо мерасад, онҳо вазъи ногуворе доранд; барои хӯрду хӯрок, барои доруву дармон ва ҳатто барои ашёи зарурии инсонӣ, ба пул ниёз доранд.
Бинобар ин, ҳамаи мову шумо вазифаи инсонӣ дорем, то ба кӯмаки онҳо ва хонаводаҳояшон биштобем. Фаромӯш накунем, ки шаъну шарафи онҳо ин иҷозаро барояшон намедиҳад, ки дасти ниёз ба касе дароз кунанд, аз ин рӯ ин вазифаи мост, ки бидуни ин ки онҳо худашон аз мову шумо чизе бихоҳанд, худамон даст ба кор шавем ва ба кӯмакашон биштобем.
Дар ин рӯзи фархунда, аз ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти кишвар дархост менамоем, ки шаҳрвандони азизамонро беш аз ин дигар таҳти фишори иқтисодӣ қарор надиҳанд.
Шумо барои ин мардум то ба ҳол — ғайр аз пул ситондан ва будҷаи давлатро аз ҳисоби ранҷу заҳмати онҳо пур кардан — чӣ хидмате кардед, ки имрӯз қимати SIM-картаро ба чанд баробар гарон намудед? Оё ин мояи шармсорӣ нест, ки дар Тоҷикистон дар ҳоле, ки даромади миёнгини як шаҳрванд дар моҳ ҳудуди 150 доллар аст, қимати SIM-карта 26 доллар бошад, вале дар кишваре мисли Америка бо вуҷуди он ки даромади миёнгини як шаҳрванд 2800 доллар мебошад, SIM-карта ройгон аст?!
Аз ин тасмими ғайримантиқӣ ва ноодилонаи худ даст бардоред! Мардуми мо дигар таҳаммули ин вазъиятро надоранд. Тоҷикон низ мисли миллионҳо мардуми ҷаҳон одам ҳастанд, ҳаққи як зиндагии муносиб барои худро доранд; ҳаққи инро доранд, ки ақаллан як бор дар сол ба сайру гардиш пардозанд, дунёро бибинанд, робот нестанд, ки ҳарчи дилатон хост, бар сарашон таҳмил кунед. Ба худ ойед пеш аз он ки мардум шуморо аз болои аршу курсиатон поин бикашанд.
Як бори дигар, ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба ин иди фархунда табрик ва таҳниат мегӯем ва барои ҳамагон хушбахтӣ ва зиндагии шоиста ва сарбаландӣ ва аз ҳама муҳим, озодӣ хоҳонем!
Идатон гиромӣ бошад ҳаммиҳанони азиз!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо