Сиёсат

Афсари КДАМ: «Намехоҳам дар террори Кабирӣ ширкат кунам!»

Афсари КДАМ Маҳмадалӣ Расулов бо пахши як навори видеоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард кор дар ин кумитаро қатъ мекунад, чун намехоҳад дар куштори раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ даст дошта бошад.

Ба гузориши сайти Паём, дар наворе, ки чанд  дақиқа пеш нашр шуд, ин афсари КДАМ мегӯяд барои андохтани ихтилоф байни мухолифин ва ҷамъоварии маълумот дар бораи онҳо, сипас омодасозии сӯиқасд ба ҷони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба Аврупо фиристода шуда буд, аммо нахост дар куштори ҳамватанаш ширкат кунад. Бинобар ин аз мақомаш дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ канор меравад.

Ин эътирофи ӯро инҷо бубинед:

Матни суханони ӯ ба шарҳи зер аст:

Бо назардошти ҳаводиси дилгиркунандаи солҳои охир, ки дар қаламрави кишварамон шуда истодааст, ман мехостам назари худро нисбати ҳамин вазъият, тариқи ҳамин паёми расмӣ ё тариқи ҳамин навор ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ бирасонам.

Ҳоло ман дар яке аз кишварҳои аврупоӣ муваққатан зиндагӣ дорам. Расулов Маҳмадалӣ ҳастам, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошам.

Фаъолияти расмии худро дар ин кумита аз соли 1997 оғоз намудам. Ҳамчун корманди оперативӣ дар чанд раёсатҳои марказии ҳамин кумита фаъолият намудам. Аз охири соли 2003 ва аввалҳои 2004 фаъолияти расмии худро дар қаламрави Федерацияи Русия ва баъдан дар баъзе кишварҳои Аврупоӣ идома додагӣ ҳастам.

Соли 2015 бо фармони пӯшидаи роҳбарияти КДАМТ, дар қаламрави Федератсияи Русия як гурӯҳи махсуси корӣ, гурӯҳи ғайрирасмии махсуси корӣ ташкил мешавад, ки дар ин гурӯҳ 3 нафар афсари КДАМТ тариқи фармон шомил мешаванд ва ман низ ба ҳамин гурӯҳ шомил мешавам. Сардори ҳамин гурӯҳ бар зиммаи полковник Назаров вогузошта шуда буд. Корманди савум майор Абдруҳимов буданд.

Афсарони ҳамин гурӯҳ — ҳам Назаров ва ҳам Абдураҳимов дар қаламрави Федератсияи Русия ғайрирасмӣ амал менамоянд. Ман ҳамчун ходими ҷамъиятӣ амал менамудам, инҳо бошанд ҳамчун намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ.

Аз соли 2016 ман вазифадор шудам, ки чанд маротиба ба кишварҳои Аврупоӣ сафар намоям. Ҳадафи сафар ин омӯзиши вазъи оперативӣ дар байни мухолифин буд, алалхусус дар байни аъзоёни ҲНИТ. Аз соли 2016 то моҳи марти 2018 ман 8 маротиба ба кишварҳои Аврупоӣ сафар намудам. Зимни сафарам чанд маъракаҳои оперативиро гузарондам, амалиётҳои тарҳрезишударо амалӣ гардонидам.

Дар натиҷа ба мо муяссар шуд, ки дар байни гурӯҳҳои мухолифин дар ҳақиқат низоъ ворид намоем ва.. ба.. гӯем фракцияи ҲНИТ, ки аз чанд гурӯҳҳои дигар иборат аст, як фракцияи алтернативӣ созем. Ман умедворам, ки одамоне, ки дар ҳақиқат аз ҳаводиси.. вазъи оперативӣ тариқи ҳизбу тариқи расонаҳои иҷтимоъӣ меомӯзанд, аллакай фаҳмидаанд, ки дар байни гурӯҳҳои мухолифин низоъ ба вуҷуд омадааст. Натиҷа, натиҷаи кори КДАМ мебошад.

Ман дар бораи чӣ тарз низоъ даровардан, чи тарз бо кӣ ҳамсӯҳбат шудем, киро ба.. ҳамчун ёрдамчии КДАМ ҷалб намудем сухан намегӯям. Ман танҳо нисбати 2 вазъият, 2 супорише, ки буд, супорише, ки дар ҳақиқат асосӣ буданд гуфтани ҳастам.

Супорише, ки то моҳи марти 2018 буд, ин дар асоси лоиҳаҳои махсус дода мешуданд, ин ҳам бошад лоиҳаи дар ҳақиқат ба мусолиҳа овардан ва барои баргардондани гурӯҳҳои мухолифин. Аз он ҷумла гурӯҳе, ки мо онро ҳамчун гурӯҳи радикалӣ-экстремистӣ қабул кардаем буд.

Афсӯс мехӯрам, ки ҳамин лоиҳа то охир ҳалли худро наёфт. Моҳи феврал ҳамин лоиҳа дар ҳақиқат шикаст хӯрд, барҳам хӯрд. Зеро роҳбарияти КДАМ ба ҳамин лоиҳа, як нуқта гузоштанд, ки ҳамин лоиҳа амалӣ нашавад. Ин ҳам бошад лоиҳаи мусолиҳа буд. Ман бори дигар хотиррасон мекунам.

Ҳадафҳои асосии, ки ман дар кишварҳои Аврупои қарор доштам, ин ҳам бошад шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дигар аъзоёни гурӯҳҳои мухолифин аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, Шамсиддин Саидов, Равшани Темуриён, Темур Варқи ва дигарон буданд.

Аслан ман ҳангоми сафар, ҳангоми будубош дар кишварҳои аврупоӣ, ман бо ин шахсон чанд маротиба ҳамсӯҳбат шудам. Ба баъзе аз ин шахсон пешниҳоди роҳбарият барои баргаштанро пешкаш намудам ва гуфтанӣ ҳастам, ки ин шахсон дар ҳақиқат розӣ буданд, ки баргарданд ва танҳо як шарт гузоштанд. Гуфтанд, ки агар ки ба шарте, ки мухолифони сиёсӣ аз зиндон озод шаванд, мо метавонем дар як шабонарӯз ҳамаамон сафар намоем ва ба Тоҷикистон баргардем.

Хотиррасон менамоям, ки ҳамин тарҳи мусолиҳаро бо мухолифин, аслан мо бо яке аз мухолифони дигар Равшани Темуриён чанд моҳ баррасӣ намуда будем ва аслан хостем, ки тариқи Равшани Темуриён ҳамин корро амалӣ гардонем. Лекин дар охир бошад фармон шуд, ки бевосита ман бояд бо худи Кабирӣ ҳамсӯҳбат шавам ва бо дигар аъзоёни калидии ҲНИТ вохӯрӣ гузаронам ва масъаларо пеши онҳо гузорам.

Вақте ки феврали 2017 ман ба Олмон сафар намудам бо миёнарави ҲНИТ, ки Шарофиддин Гадоев буданд, (ин вазифаро) ба зиммаи худ доштанд, ман вохӯрдам, вазъиятро фаҳмондам, қариб як ҳафта мо ҳамсӯҳбат шудем. Ман вазъиятро ба Маскав, ба Назаров мефаҳмондам. Назаров ба роҳбарияти кумита мерасонид ва роҳбарияти кумита тасмим гирифтанд, ки бояд Шарофиддин Гадоев бо худи Ятимов ҳамсӯҳбат шавад, дар ин мавзӯъ. Вале бо кадом сабаб бошад, ман баъдтар фаҳмидам сабаби аслияшро.

Ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан Ятимов ба Гадоев мегӯянд, ки “шумо он гурӯҳҳоро як тараф гузоред. Бо онҳо ҳамроҳ нашавед. Шумо баргардед. Ман шуморо шахсан қабул менамоям ва тиҷорати шуморо барқарор менамоем ва дигар шароиту имтиёзҳоро барои шумо пешкаш менамоем”.

Рости аз ҳамин сӯҳбат, Шарофиддин Гадоев, ки мехост, ки дар бораи вазъи объективии мухолифин ҳамсӯҳбат шавад ва фаҳмонад. Шарофиддин Гадоев пас аз шунидани ҳамин суханҳо аз тарафи Ятимов, дар ҳақиқат ҳайрон шуд. Гуфт, ки чаро шумо чанд вақт дар бораи мусолиҳа ҳамсӯҳбат шудед, ба ман гуфт. Вале роҳбари кумита мегӯянд, ки мусолиҳа бо ҳизби наҳзат намешавад, танҳо худат баргард ва дигар бачаҳое, ки ба ҲНИТ шомил нестанд, дигарон метавонанд баргарданд.

Аз ҳамин хотир, ман ҳам, рости гап аз натиҷаи ҳамин гуфтугузор бо роҳбари КДАМ нигарон шудам. Ман ба Маскав баргаштам.

Вақте ки ман ба Маскав баргаштам, роҳбари ман полковник Назаров маро қабул карданд. Мо дар онҷо 3 гурӯҳи кориро ташкил додем ва дар ҳамин ҷаласа роҳбар гуфтанд, ки тарҳ ё лоиҳаи мусолиҳа бо гурӯҳҳои мухолифин, алалхусус бо ҲНИТ ва бо дигарон намешавад. Тарҳи нав ҳаст. Лоиҳаи нав ҳаст ва дар ин тарҳ гурӯҳи кории мо бояд иштирок кунад.

Тарҳи нав ин буд ки бояд, ки ман ба Аврупо бармегаштам. Дар масъалаи ҷамъ овардани маълумотҳои дақиқ фаъолият менамудам. Мавзӯъи тарҳ ин ба қатл расонидани раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд.

Барои амалӣ сохтани ин лоиҳа ба гуфти худи полковник Назаров, бояд ки намояндагони дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳам ширкат мекарданд. Вазифаи асосии ман вақте, ки ба Олмон баргаштам, бояд, ки дар ҳақиқат бо мухолифин наздик мешудам, аз он ҷумла бо Муҳиддин Кабирӣ бояд наздик мешудам. Ва аслан дар мавзӯъи.. ҷойи истиқомати Муҳиддин Кабириро муайян мекардам, фарзандони Муҳиддин Кабириро бояд муайян мекардам, аҳли хонаводаашро. Бо кадом роҳ куҷо мераванд, кадом шаҳрҳоро.. ба кадом шаҳрҳо сафар менамоянд, худи Кабирӣ ба кадом шаҳр сафари корӣ доранд. Дар куҷо хӯрок мехӯранд, дар кадом қаҳвахона бисёртар хӯрок мехӯранд ва ба кадом биноҳо медароянд, мебароянд. Дар кадом мошин мешинанд, чи хӯрок мехӯранд, ҳамин ҳама маълумотҳоро бояд мо ба марказ равон мекардем.

Бори дигар таъкид мекунам, ки дар амалиёт, дар тарҳе, ки аз тарафи КДАМТ, (рехта шуда буд) бевосита куратори ҳамин тарҳ Ятимов буданд. Вазифаи гурӯҳи мо ин танҳо ҷамъ овардани маълумотҳо буд. Барои куштори Муҳиддин Кабирӣ, албатта кормандони махсус бояд, ки ба Олмон сафар менамуданд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки он нақшаи сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ, яъне ба қатл расонидани Кабирӣ, он тарҳ то ҳол вуҷуд дорад ва дар оянда бояд амалӣ гардад ва то амалӣ шудани ин лоиҳа, яъне то ба қатл расонидани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ депутати Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбарияти КДАМ ва роҳбарияти кишвар ҳеҷ гоҳ ором намегарданд ва ҳаракат менамоянд то охир ҳамин лоиҳаро амалӣ гардонанд.

Ростӣ аз вазъи ин гуна.. ҳолати имрӯза ва худи мақоми Кумитаи амниятро ман ба назар гирифта, ман робитаро бо Кумитаи амният аз ҳамин рӯз эътиборан пурра қатъ менамоям ва намехоҳам, ки дар куштори шаҳрванди худамон, шаҳрванди Тоҷикистон ширкат намоям.

Намехоҳам, ҳодисае, ки дар Туркия нисбати Умаралӣ Қувватов шуда гузашта буд, боз такрор ёбад ва умуман ҷонибдори он ҳастам, ки як фазои ороми сиёсӣ дар Тоҷикистон барпо гардад ва ҳамаи мухолифон, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳиҷрат ҳастанд, ба хонаи худ, ба ватани худ баргарданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s