Забони модарӣ

Бозгашт ба аҳли хеш

Ёддошти Ҳаким Раббимпур

5 сентябри соли 2018, рӯзи хотирмон барои тоҷикони Самарқанд ва кулли ҳаводорони фарҳанги порсу тоҷик, баъд аз солҳое, ки синф ва мактабҳои тоҷикиро баста шудаанд, ниҳоят дар мактаби №22 ба номи падари асосгузори тоҷикият С.Айнии шаҳри Самарқанд нахустин синфи тоҷикӣ бо тантана кушода шуд.

Дар ин ҳамоиш профессор Садрӣ Саъдиев, Амон Воҳидов, А.Самарқандӣ, сармуҳаррири расонаи тоҷикони дунё Насибҷон Амонӣ, раиси гузари «Сӯзангарон» Хуршед Маҳмудов, гузари «Чашма» Икром Ҳасанов, рӯзноманигори «Овози Тоҷик» Зоҳир Хасанзода, муаллим Маъдиев, сарояндаи хушсалиқа Шералӣ Алимов, собиқ устоди донишгоҳ Амина Шарофитдинова ва аҳли гузарҳо иштирок кардаанд.

Барои кушодани ин синф ҷияни академик Акобир Адҳамов, Хуршед Маҳмудов ва муаллимони мактаб, ҳамчунин падару модарони худшинос саҳми худро гузоштанд, дасташон дард накунад! Умед дорем дар дигар мактабҳо ҳам синфҳо кушода шаванд.

Дар ин рӯзи тантана, хурсандӣ, ашкрезӣ ва суханони самимӣ ҳадду канор надоштанд. Амина Шарофитдинова мегӯянд, 3-4 чор баччаҳое, ки синфи узбекӣ будаанд, ҳунгосзанон гиря мекарданд, ки ман ҳамроҳи ҷӯраҳоям синфи тоҷикӣ мехонам, боз ду се баччаро хоҳараш ва падару модараш аз дасташ кашола карда ҳамроҳи мо ӯзбекӣ мехонӣ мегӯянд, баччаҳо не гуфта дасташонро мекашанд ва муаллимаям аз дастони ҳамеш гирифта синфи тоҷикӣ мебаранд, меҳмонон донишҷӯёнро бо китобҳои тоҷикӣ сарфароз мегардонанд, воқеан лахзаҳои хотирмон.

Шод бошед шаҳриёрон умеди тоҷикон!

Рубрики:Забони модарӣ

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s