Забони модарӣ

Талоше, ғайрате, ҳиссе

Ба қалами Амина Шарофиддинова

Мактаби рақами 22-и шаҳри Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ, имрӯзҳо вирди забонҳо ва дар маркази диққати умум қарор гирифтааст.

Он таърихе дорад бой ва пуршукӯҳ, ки кам касон аз он огоҳанд, яъне на ҳар аҳли ҷамоаи имрӯзии мактаб ва на ҳар афроди атрофи он дар ин бора хабар доранд. Маскане, ки бино ба баёни А.Қамарзода, 5-нафар академик, 28-нафар доктори фан, тақрибан 40-нафар номзади илм, арбобони намоёни давлатӣ, намояндагони шинохтаи соҳаҳои гуногунро дар оғӯши хеш парваридааст.

Академики Академияи фанҳои Тоҷикистон астрофизики машҳур Акобир Адҳамов, ки рӯзҳои наздик 90-солагии бузургдошташ дар Самарқанд пешбинӣ шудааст низ тамомкунандаи ҳамин мактаб аст.

Дар ин қатор сулолаи Самеъбоевҳо ва Юсуповҳо, ки олами илму тибро забт кардаанд, 5- нафар бародарон Ҳакимовҳо, ки пас аз хатми мактаб роҳи Тоҷикистонро пеш гирифта, чун дар китоби «Аслҳо ва наслҳо» омадааст, дар самтҳои гуногуни ободгарии он кишвар содиқона фаъолият намудаанд, метавон ном бурд.

Ҳайкалтароши номӣ Аҳмад Шоҳимардоновро низ метавон ном бурд, ки аз сеҳри дастонаш чандин пайкараҳои бузургмардони илму фарҳанг арзи вуҷуд кардаанд ва нимпайкараи дар саҳни мактаб ҷойдоштаи Садриддин Айнӣ низ натиҷаи эҷоди ӯст.

Раисаи Маркази миллии тоҷикони Маскав, омӯзгори яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи он Хуршеда Ҳамроқулова хатмкардаи ин мактаб аст, ки дар қатори омӯзгорони дигар аз модари зиндаёдаш Ҷалилова Додарой низ сабақ гирифтааст.

Ин рӯихатест хеле дароз, аммо ин ҷо иктифо мекунем.

Солҳои пеш дастпарварону омӯзгорони мактаб аз дидорбинӣ ва сӯҳбатҳои эҷодкорони бузурги ӯзбеку тоҷик чун Пиримқул Қодиров, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Камол Айнӣ, Расул Ҳодизода, Ҳамроқул Шодиқулов, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Иноят Насриддин ва чанде дигарон, рассоми машҳур Чингиз Аҳмаров ва намояндагони гуногунсоҳа бархӯрдор гаштаанд, ки барояшон хотирмон ва судманд буда.

Солхои 2000 — 2005 мактаби мазкур ба сифати майдончаи таҷрибавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ оиди таълими забон ва адабиёти тоҷик дар асоси барномаҳои нави таълим таъин гардида буд. Дар миқёси ҷумҳурӣ омӯхта шудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба М.Мӯъминова (синфҳои ибтидоӣ), Р.Саломова, М.Ҷабборова ва Ш.Муҳаммадҷонова (забон ва адабиёти тоҷик), иштирок дар озмунҳои фаннӣ ва ғолибиятҳоро соҳиб шудану ҳуқуқи бе имтиҳон ба донишгоҳҳо дохил шуданро ба даст овардани шогирдони мактаб, борҳо доир кардани сӯҳбату машваратҳо дар мавзӯъҳои гуногун чун » Айнӣ — ифтихори миллат», «Мактаб: дирӯз, имрӯз, фардо» ва амсоли инҳо аз дастовардҳои муфиду раднопазир ҳисоб меёбанд.

Чунин дастоварду нишондодҳо хеле зиёданд. Аммо натиҷа чӣ?

Мактаби замоне пурқудрату машҳуре дар байни 22 мактаби тоҷикии шаҳр (Сиёб, Боғишамол, Роҳи охан), ки нахуст пурра тоҷикӣ ва дертар дузабона гашта буд, охирин шуда синфҳои тоҷикиашро бохт. Бо ҳамин дар шаҳр ягон мактаби тоҷикӣ намонд. Афсӯс! Дард! Бадбахтӣ! 12 соли расои хомушӣ. Сабабҳо?

Беорию беэътибории мардум? Бемасъулиятию беҳаракатии ҷамоаи мактаб? Носозгории муҳит, замона?..

Ҳаракоти равшанфикрон дар бобати барқарор кардани адолати сиёсӣ-иҷтимоӣ бар абас мерафтанду умеди дар ояндаҳои наздик боз шудани синфҳои тоҷикӣ торафт кам мешуд. Дар чунин ранг гирифтани масъала сабабҳо гуногунанд. Ба пуррагӣ наметавон шахсе алоҳидаро ангуштнамо шуд.

Баъд аз 12 соли нобудӣ бори нахуст муроҷиати мардум ба сарвари мактаб дар бобати кушодани синфҳои тоҷикӣ бо гирифтани ҷавоби рад анҷом ёфт. Зиёда аз сад нафар мардуми таҳқиршудаи боазму ирода коғази сафед сиёҳ карду ба мудирияти идораи таълими халқии вилоят муроҷиат кард, ки дар натиҷа аз роҳбари он низ ҷавоби радро гирифт. Арзу шикоёти ишон то ба ҳокими вилояту Президенти кишвар инчунин идораҳои рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ расиданд.

Мепурсед, ки чора чӣ шуду чорагар кӣ буд?

Моҳе пеш аз саршавии мактаб як зумра аъзоёни шӯъбаи Самарқандии Академияи илмҳои Тӯрон хоҳиши бо мардуми гирду атрофи мактаб вохӯрда, сӯҳбате самимонаву рӯ ба рӯ карданро пеш гузоштанд. Бо ташаббус ва саҳмгузории бевоситаи марди равшанзамир, фаъоли маҳалла Хуршед Маҳмудов ва ризоияти роҳбари мактаб зани худогоҳ Ҳайдарова Нодира он иқдом ба вуқӯъ пайваст. Дар бинои мактаб марду зани зиёде бо аҳли илму фарҳанг, зиёиёну рӯзноманигорон рӯ ба рӯ шуданд. Мақсади мулоқот яке буд: рӯй овардан ба аслияти хеш, ҳимоят аз ору номуси худу гузаштагони худ, эҳёи миллӣ. Қадами нахустин дар ин ҷода — кушодани синфи тоҷикӣ!

Саволҳо паи ҳам рехтанд. Баҳсу мунозираҳо ба миён омаданд.

Нафароне пайдо шуданд, ки хоҳиши фарзандони хешро ба синфи тоҷикӣ додан карданд. Аммо то ба охирин мулоқот қароре аниқ ба миён наомад. Таскинбахш он буд, ки мардум мардуми пешина — беҳавсала, нобовару карахт ва нисбати тақдири худу фарзанди худ беэътибор нест. Вай ҷӯё, фаъол, хушбину хушбовар гаштааст. Дар чашмонаш шарораи умед дида мешавад ва ҳоҷат ба ранҷишу сарзаниш ва таъна задан бар вай намондааст. Ин ҳама натиҷаи имрӯз муҳайё гаштани фазои озод ва солим аст.

Натиҷабардорӣ: 18-нафар (10- нафар духтаракону 8-нафар писаракон) нури чашмони падару модар, ситораҳои умедбахши осмони маърифати тоҷик ба саҳни мактабе, ки қадами мубораки инҳоро дер боз мунтазир буд, ворид гаштанд. Ростӣ, маҳз ба хотири онҳо имсол тадбири Рӯзи дониш дар мактаб ниҳоят серодам буд ва забони модарии ТОҶИКӢ пас аз солҳои тӯлонӣ бори нахуст ба таври расмӣ садо дод, ки барои донишомӯзон ва ҳатто ҷамоаи мактаб ғайричашмдошту ҳаяҷонбахш буд.

Аз ин ҷост, ки чанде аз ширкаткунандагон дида тар мекарданду бо эҳсосоти хоссе сухан мекарданд. Ҳатто аз рақсу бозиҳо худдорӣ карда натавонистани чӣ хурдтаракону чӣ калонсолон, тӯҳфасупориҳо, гулборонкуниҳо ба дараҷае буд, ки гӯё ин ҳама танҳо барои ҳамин як синф доир карда шудааст.

Академики Академияи илмҳои Тӯрон Аслиддин Қамарзода иброз дошт, ки ин синфи тоҷикиро Академия ба ҳимояти хеш мегирад, академикҳо ба навбат омада дарс мегузаранду дар оянда дар табдил кардани ин мактаб ба мактаби пуриқтидорҳо саҳмгузорӣ мекунад.

Пас аз поён ёфтани тадбир шоҳиди аз синфҳои ӯзбекӣ зӯран бо гиря вориди синфи тоҷикӣ гашта, хоҳиши дар он синф хондан кардани 2-3-нафар донишомӯзон гаштем. Ин бароямон аҷиб буд.

Чӣ лаҳзахои хуш, тасхиркунанда, таърихӣ ва хотирмон!

Барои ин ҳама ба тамоми ҳиссагузорон: раисони фаъоли маҳаллаҳо, фаъолони он, роҳбарияти мактаб, аҳли зиё ва падару модарони дилсӯзу худогоӣ ташаккурҳо бод!

Хонаҳошон обод ва ояндаашон дурахшон бод!

Чашми умед доштем, ки ҳамин сол дар мактабҳои 5, 8, 31, 47- и шаҳр ва 12, 16-и ноҳияи Самарқанд, ки замоне мактабҳои номдори тоҷикӣ буданд, синфҳои тоҷикӣ кушода мешаванд, аммо афсӯс.

Шояд ҳоло ҳам дер набудагист! Бо мардум бояд гуфтугӯ карду ӯро ба ояндаи нек бовар кунонид. Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад.

Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед, охир!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s