Гуфтугӯ

Илҳомҷон Ёқубов: “Дар нигоҳи ҳукумат ба опозитсия, нишонаҳои тағйир дида мешавад”

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Асоссиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо, дар мусоҳиба бо сайти АОТ, бо баёни ин ки “дар соли 2016 дар нишасти солонаи САҲА намояндагони ҳукумат ҷаласаи нишасти САҲА-ро ба хотири иштироки “ифротгаро ва тундгароҳо” тарк карданд, рӯи рост мегуфтанд, ки мо бо “террорист”-ҳо ҳарф намезанем ва якҷо намешинем, хешу ақрабо ва наздикони мухолифинро ба хотири ширкаташон дар нишаст зери фишор ва шиканҷа қарор доданд, хонаҳои мухолифинро сангборон карданд, маҳкамаҳои мардумӣ назди маҳаллаҳо ва чойхонаҳо баргузор карданд, акси мухолифинро оташ заданд, соли 2017 бошад тамоман дар нишаст иштирок накарданд, вале имсол хушбахтона кор ранги дигар гирифтааст” изҳор дошт: “Эълони авфӣ беш аз 180 нафар, якҷо нишастан ва бо табассум сӯҳбат кардан ва пешниҳоди муколама додан, худ як нишонаи тағйир дар нигоҳи ҳукумат нисбат ба мухолифин аст.”

Матни ин мусоҳиба ба ин шарҳ аст:

АОТ: Як рӯз пеш аз оғози нишасти САҲА, ба имзо расидани эътилофе таҳти унвони Паймони Миллии Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки яке аз ҷонибҳои ин паймон Асоссиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ буд, ки роҳбарияташро шумо бар дӯш доред, луфтан мегуфтед, ки ин паймон чӣ гуна шакл гирифт?

Илҳомҷон Ёқубов: Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Бале, дар рӯзи ҷашни истиқлолияти кишвар, чор гурӯҳи мухолиф бо сиёсатҳои ҳукуматдорони имрӯза, эъломияи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)-ро ба имзо расониданд. Ҳақиқат ин аст, ки баҳси ба ҳам омадан, беш аз як сол идома дошт, даҳҳо нишастҳо баргузор шуд, танҳо барои интихоби ном 9 номҳои мухталиф, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ пешниҳод шуда буд баррасӣ шуданд, ки ҷаласаҳои аввал ҳам аз интихоби ном шурӯъ шуд. Баъдан аз Ойинномаи Паймон то сохтору орм ва ҳатто рангу гимни Паймони Миллии Тоҷикистон мавиди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Рӯзи ба имзо расидани эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистонро ба ҷуз чанд нафар касе намедонист, аз ин сабаб ҳам барои бисёриҳо як шок буд. Пас аз ба имзо расидан, Шӯрои ПМТ ҷаласаи аввали худро баргузор ва раиси онро интихоб кард, ҳоло ман метавонам то ҳаминҷо тавзеҳ диҳам ва иҷозаи аз ин бештарро надорам.

АОТ: Дар нишасти САҲА шумо чанд суханрониҳо ҳам доштед. Баҳси шумо роҷеъ ба кадом мавзӯъҳо буданд?

Илҳомҷон Ёқубов: Ҳамагон хабар дорем, ки ҳар сол ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава баргузор мешавад ва ҳар сол тақрибан 80 дарсади мавзӯъҳо тағйир намеёбанд. Соли гузашта дар бораи озодии матбуот суханронӣ доштам дар нишасти имсола дар бораи институтҳои демократӣ, интихоботи озод ва судҳои мустақил. Ман бовар дорам, ки бе тақвият ёфтани институтҳои демократӣ, дар ягон самт кишвар пешравӣ нахоҳад дошт, вале мо ҳама медонем, ки аксарияти чунин институтҳо ба ҳайси як лӯхтаки ҳукумати феълӣ амал мекунанд, аз чорчӯбаи ҳарфу супоришҳои ҳукумати иҷроия берун намебароянд. Баъзе аз созмонҳои ғайридавлати, ки ҷузъе аз ин институтҳо шинохта мешавад, зери фишори ҳукумату ҳукуматдорон қарор доранд, ки ин яке аз мавӯъҳое буд, ки ман дар ин нишаст матраҳ кардам.

Ва ҳамчунин дар бораи интихоботи озод, ки мардуми тоҷик на дар замони Иттиҳоди Советӣ ва на дар замони истиқлолият интихоботҳои озодро надидааст агарчӣ интихоботи президентии соли 1991 байни Набиев ва Худоназаров аз байни ҳамаи интихоботҳои замони истиқлолият шаффофтару озодтар буд. Ёдам ҳаст, ин интихобот агарчӣ хеле хурд будам, вале пас аз ба сари кудрат расидани Рахмон на танҳо интихоботҳои озод аз байн рафт, балки озодии мардум, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва хувияти миллӣ ҳам паси ҳам аз байн рафта истодааст, ки бо мисолҳои равшан дар бораи ин мавзӯъ ҳам сӯҳбат доштам.

Рӯзи 12-уми сентябр дар мавзӯъи “Ҳокимияти судӣ” низ сӯҳбат доштам. Ман мӯътақид ҳастам, ки ҳар ҷое, ки адолат ва волоияти қонун вуҷуд дорад, ҳатман дар он ҷо ҳуқуқҳои асосии бунёдии инсон таъмин карда мешавад, вале афсӯс, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ба тиҷорат табдил ёфтааст. Ин шохаи ҳокимиятро як гурӯҳе алоҳида инҳисор кардааст ва ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Формулаи ин нишастҳо он аст, ки ҳатман ҳар гузоришгар ва суханронҳо бояд пешниҳодҳои худро барои тағйир додани ин камбудиҳо, барои САҲА бирасонад ва ман ҳам чанд пешниҳодҳои худро расонидам.

АОТ: Дар Институти муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсии Донишгоҳи Вилнюс бо Петр Буриан, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар ОМ дар мавзӯъи “Муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: имконият ва мушкилот” вохӯрӣ доштед. Дар ин вохӯрӣ чӣ масъалаҳо мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифтанд?

Илҳомҷон Ёқубов: Тақрибан моҳи августи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати хориҷаи кишвари Литва барои иштирок дар ин ҳамоиш даъватнома дарёфт карда будам ва ин вохӯри рӯзи 13-уми сентябр тибқи нақша баргузор шуд. Дар ин нишаст дар бобати дурнамоиҳо ва муносибатҳои ИА дар Осиёи Марказӣ баҳсу баррасӣ шуд, аз ҷумла ИА то моҳи июни соли 2019 барномаи стратегии худро барои ОМ қабул хоҳад кард, ки дар он самти асосӣ барои тақвияти институтҳои демократӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди ифротгароӣ бахшида шудааст ва ҳамчунин пешравиҳое, ки дар самти риояи ҳуқуқи инсон ва озод кардани зиндониёни сиёсӣ дар Ӯзбекистон низ байни иштирокчиён баҳс доир шуд.

Сафири ИА дар ОМ Петр Буриан иқрор кард, ки воқеан дар Тоҷикистон як бӯҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омадааст ва раванди демократии кунунии ҷомеа хел ба кундӣ рафта истодааст ва дар рафти сӯҳбат аз он каноатмандӣ кард, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар нишасти соланаи САҲА иштирок доранд ва он ҷо ҳам зикр кард, ки ин ҷаласа майдоне барои муколама байни нерӯҳои мухолиф ва давлат аст, ки бояд тоҷикон низ аз он истифода кунад.

Баҳси дигаре, ки бо сафир доштем, то куҷо маблағҳое, ки барои Тоҷикистон дода мешавад, дуруст истифода бурда мешавад ва оё дар нимароҳ он пулҳо гум намешаванд буд, ки сафир ҳам аз механизмҳое, ки то ҳол мавҷуданд ва аз он истифода мебарад, ҳарф зад ва гуфт, ки яке аз бахшҳои барномаи ИА ҳам назорати шадид аз болои маблағҳои ҷудошуда ба кишварҳои ОМ аст ва ба боварии комил гуфт, ки маблағҳои ИА ба киссаи ягон нафар мансабдор то ба имрӯз нарафтааст.

Ва ҳамчунин як баҳс дар бораи ҳодисаи занозанӣ байни мухолифин ва намояндагони ҳукумат, ки ахиран дар ҳошияи нишасти САҲА рух дод сурат гирифт, ки сафири ИА комилан аз ин ҳодиса бохабар будааст ва хеле изҳори таъассуф кард, ки кор чунин сурат гирифтааст. Ӯ умедворӣ кард, ки муносибатҳои нек байни мухолифон ва намояндагони расмии кишвар ба роҳ монда мешавад.

АОТ: Нишасти имсолаи САҲА аз солҳои гузашта чӣ фарқ дошт?

Илҳомҷон Ёқубов: Албатти нишасти имсолаи САҲА аз дигар нишастҳои гузашта фарқи зиёде дорад. Сараввал, иштироки намояндагони расмии кишвар аксариятро хушҳол кард, ки қарори иштирок кардан дар ин нишаст воқеан карори дуруст буд. Дуввум, дар ҳайати расмӣ ворид кардани ду нафар аз собиқ мухолифин, ки чунин расм боре ҳам нашудааст. Севвум, иштироки сафири Олмон ва чанд тан аз мушовирону зердастонаш дар аксарияти ҷаласаҳои нишасти Варшава, ки намояндагони расмии дигар кишварҳо чунин “привелегия”-ро надоштанд. Чорум, агар мухолифин камбудиҳои комплексии кишварро дар нишасти САҲА матраҳ кунанд ва роҳи ҳалҳои онро пешниҳод кунанд, намояндагони расмии кишвар бо тамоми қувва ҷаҳд мекарданд, то “исбот” кунанд, ки ҲНИТ ба ифротгароӣ рабт дорад. Панҷум, агар намояндагони ҳукумат шармандавор соли 2016 ҷаласаро тарк карда буданд, имсол шармандатар аз он амалро ба намоиш гузоштанд, ин ҳам бошад, ду тан аз фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро бо мушту лагад кӯбиданд.

АОТ: Ин муноқишае, ки байни мухолифон ва намояндагони ҳукумат дар назди биное, ки нишасти САҲА мегузашт ба миён омад, ниёз ба шарҳу тавзеҳ дорад. Шумо шоҳид ва ҷабрдидаи он ҳодиса будед, мегуфтед, ки чӣ гуна ин муноқиша сурат гирифт?

Илҳомҷон Ёқубов: Гарчанде ман шоҳиди мушт задани намояндаи расмии ҳукумат набудам (албатта навори он ҳаст ва ҳар касе метавонад онро мушоҳида кунад), вале ин амалро ба ҳар шакле, ки ҳаст маҳкум мекунам ва инро ҷиноят ва он нафаре, ки мушт бар сари як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бардоштааст ҷинояткор меҳисобам.

Ман ба беруни саҳнаи бино баромадам, ки аллакай ин ҷиноят содир шудааст. Бояд гуфт, ки ҳама дар ҳолати эҳсосотӣ қарор дошт ва бо ҳамин эҳсосот то пеши мошини хизматии намояндагони ҳукумат ҳама рафтанд. Як моҷарое низ дар он ҷо сурат гирифт. Ман мехостам ба тарафи муқобили роҳ гузарам, чун мошини шахсиям он тарафи роҳ буд. Дар ҳамин ҳолат, мошини хидматии намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба болоям мошинро ронд ва бо ин ки суръаташ хеле зиёд буд, аммо бо дастонам доштам, дар як ҳолати ногуворе қарор гирифтам. Намедонам ё мошин аз поям афтонд ва ё вақти ба тамоми қувва бо даст доштанам афтидам. Фикр кардам, ҳоло мошин пахшам мекунад. Чанд сония тамоми аъзои баданам дард мекард ва то ба ҳолати аввалияи худ омаданам ҳайрон мондам. Ва он вақт ҳам нафаҳмидам, ки аслан қазия чӣ шуда. Вале ҳоло тарафи муқобил ҷинояте, ки содир шудааст ва муште, ки ба чеҳраи Сулаймон Орзуев задааст, онро як иғвогарӣ аз ҷониби мухолифин ниҳон медиҳад, ки гӯё Сулаймон ба гӯши он нафаре, ки плакати “Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ”-ро аз дасти Мулло Аёмиддин гирифта ба замин парт кард, чизе гуфтааст сипас он дигарӣ бо мушт ҷавоб додааст.

Агар ин ҷо иғвогарие ҳаст, пас иғвогариро ҳам намояндагони ҳукумат кардааст, на Сулаймон. Чаро? Аввалан ин ки Сулаймон плакатро ба дасти Мулло Аёмиддин додааст, то акс гирад, на ба он нафаре, ки онро гирифта ба замин парт мекунад. Ва дуввум, ӯ ҳақ надошт, ки плакатро бо таври хашин аз дасти Мулло Аёмиддин бигирад ва ба ба замин ҳаво диҳад, ҳадди аққал ӯ бояд плакатро бо розигии Мулло Аёмиддин аз дасташ мегирифт ва бо наҳви муносиб ва муомилаи хуб ба дасти соҳибаш бармегардонд. Аммо вақте чунин амали хашин аз ҷониби намояндаи ҳукумат сурат мегирад, мусаллам аст, ки Сулаймон ҳам наздик мешавад ва мепурсад, ки чаро плакати ӯро бо ин тарзи хашин ба замин ҳаво дод? Фикр мекунам нуқтаи провокатсионӣ ҳаминҷо ҳаст, ки намояндаи ҳукумат бе иҷозаи ду тараф вориди амал мешавад ва бо таври хашин рафтор мекунад ва объекти иғвоандозии ин моҷаро мешавад.

Аҷибтар он, ки нафари дигаре, ки умуман ба ин ҳодиса рабт надошт ва касе ҳам ба ӯ ҳарфе назадааст, мушт ба чеҳраи Сулаймон мезанад. Дигар ин як ҷинояти ошкор аст. Албатта чеҳраи ҳақиқии имрӯзаи ҳукуматро ба намоиш гузошт.

АОТ: Ҳамон тавр ки ҳама шоҳид буданд, имсол намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар чанд маврид бо намояндагони опозитсия дидору гуфтугӯҳое анҷом дод. Ба назари шумо, оё дар нигоҳи ҳукумат нисбат ба опозитсия тағйире пеш омада ё ҳеч чиз тағйир накардааст?

Илҳомҷон Ёқубов: Агарчи пеш аз иштирок дар ин нишаст ҳукумат аз забони зургӯӣ ва шантаж истифода бурд ва САҲА-ро таҳдид ба он кард, ки дар сурати иштироки мухолифин, дари дафтарҳои намояндагии САҲА-ро дар кишвар мебандад, аммо ин таҳдиди ҳукумат коромад набуд ва як иштибоҳи бузург буд.

Ҳоло дигар замони зӯр гуфтан ва шантаж кардан гузаштааст ва бояд роҳи муколамаро пеш гирифт ва аз нигоҳи ман, роҳи дипломатӣ, ки роҳи муколама ва гуфтугӯ аст, беҳтарин роҳ дар ҳар давру замон аст. Ҳоло бисёре аз коршиносон ва дипломтҳои ғарбӣ аз оғӯш кашидану бо ҳам салом кардани ду тараф мегӯянд ва инро мусбӣ арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи ман, он нафароне, ки аз кишвар ҳамчун намояндаи расмӣ вориди Варшава шуданд, як супориши махсус ғайр аз дигар супоришҳо ҳам гирифтаанд, ки ин ҳам бошад бо мухолифин аз наздик сӯҳбат кардан. Албатта ин матлаб аз гуфтугӯҳои сари роҳӣ ва иштироки ҳамҷоя дар нишастҳои ҳошиявӣ, ошкор мешавад. Ман мутмаин ҳастам, ки ҳукумати ҶТ аз он ҳодисаи сохтаи соли 2015, бастани ҲНИТ ва зиндонӣ кардани ҳазорон нафари бегуноҳ хеле пушаймон ҳастанд ва элитаи сиёсии кишвар тасаввур намекарданд, ки қазияи бастани як ҳизби мӯътадили исломӣ, зиндонӣ кардани бегуноҳон, риоя нашудани ҳуқуқи инсон, шиканҷа ва номустақиллияти ҳокимияти судӣ, дар болотарин сатҳи ҷомеаи байналмиллалӣ матраҳ мешавад. Ва агарчӣ хеле кӯшида истодаанд, ки ин масъалаҳоро ба “ифтрогароӣ ва тундгароӣ” рабт диҳанд, аммо муваффақ нашуданд.

Эълони авфӣ беш аз 180 нафар, худ як нишонаи тағйир дар нигоҳи ҳукумат нисбат ба мухолифин аст, якҷо нишастан ва бо табассум сӯҳбат кардан ва пешниҳоди муколама додан, нишонаи тағйир дар муносибатҳост. Ман ёд дорам чун шоҳиди ҳол будам, соли 2016 дар замони бадтарини нуқтаи кулминатсионии муносибатҳо қарор доштем, намояндагони ҳукумат ҷаласаи нишасти САҲА-ро ба хотири иштироки “ифротгаро ва тундгароҳо” тарк карданд, рӯи рост мегуфтанд, ки мо бо “террорист”-ҳо ҳарф намезанем ва якҷо намешинем, чун аз боло чунин як супоришро гирифта буданд ва боз ҳам бо супориши боло нишастро тарк карданд. Хешу акрабо ва наздикони мухолифинро чӣ дар нишасти Варшава иштирок карда буд ё не, зери фишор ва шиканҷа қарор доданд, хонаҳои мухолифинро сангборон карданд, маҳкамаҳои мардумӣ назди маҳаллаҳо ва чойхонаҳо баргузор карданд, акси мухолифинро оташ заданд. Соли 2017 тамоман дар нишаст иштирок надоштанд. Вале хушбахтона имсол кор ранги дигар гирифтааст ва гӯё дар ҳукумат тими кабӯтарони сулҳ ба уқобгарони хашин ғалаба дорад.

АОТ: Саломат бошед.

Илҳомҷон Ёқубов: Ташаккур.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s