Гуфтугӯ

Чаро оғози музокироти сулҳи Франкфурт фурӯ рехт?

Мусоҳибаи ихтисосии бунгоҳи таҳлилии  “Ислоҳ” бо Равшан Темуриён, раҳбари ҳайати машваратии назди раиси “Паймони миллии Тоҷикистон”.

Ислоҳ: Ниҳоят Нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба охир расид. Дар чанд рӯзи аввали он шумо низ ширкат ва суханронӣ намудед. Шумо аз он тарафи уқёнус, ки маҳз барои ширкат дар ин нишаст омадед, гӯёи онаст, ки ширкати худ дар ин нишастро муҳим медонистед ва ин муҳимият дар чӣ буд?

Равшан Темуриён: — Бале, конфаронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки Дафтари умури ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари он ҳар  сол доир мекунад, беҳтарин майдонест барои баҳсу баррасии масоили вобаста ба демократия ва ҳуқуқи инсон дар 57 кишвари дунё. Соли сеюм аст, ки банда ҳамчун коршинос ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарафи созмони ғайридавлатии “Eurasian Dialogue” ба ин нишаст даъват мешавам. Албатта, ширкат дар чунин ҷамъомад имкони бисёр хубест барои мубодилаи афкор бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва аз ҳама асосиаш, таҳлилу гузоришҳо дар бобати вазъи ҳуқуқи башар ва демократия дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, Осиёи Миёна ва хоса, Тоҷикистон ва ҳамчунин мавқеъи кишварҳои ғарбӣ, хусусан, Амрико, Русия, Конодо дар  масоили мазкур дар баробари минтақа мебошад.

Ислоҳ: Ҳолати ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро шумо зимни суханрониятон “вазъияти хатарноки инфиҷорӣ” унвон кардед. Ин ба кадом маъност? Каме шарҳ медодед.

Равшан Темуриён: Гуфтаҳои мазкури мо дар муқоиса бо ду соли гузашта буд: Замоне, ки дар нишасти “Варшава-1” дар соли 2016 дар сайд-ивенти созмони “Eurasian Dialogue” бо ширкати муҳофизони ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон ва коршиносон вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон баррасӣ доштем. Ахиран, тибқи пажӯҳиши созмони мӯътабари байналмилалии “Freedom House” аз рӯи нишондоди демократӣ ва ҳуқуқи башар рейтинги Тоҷикистон ба поинтарин нуқтааш расидааст, яъне 7 имтиёз, ки вазъи демократия ва ҳуқуқи инсон бадтарин ва ваҳимтарин қаламдод мешавад. Дар ҳар се нишасти Варшава, ки аз соли 2016 ҳузур дорам, бештар ба мавзӯъи бозгашт ба музокироти сулҳи Тоҷикистон-2, ки фикр мекунам, хоҳ-нохоҳ ба он мерасем, дахолат намудем. Зеро, ба гуфтаи устоди зиндаёд Отахон Латифӣ “ҳама ҷангҳо бо сулҳ анҷом меёбанд”. Мо ҳам бар инем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои оппозисиюн, баъдан масъулияти хешро дар баробари миллати мазлуми Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Ислоҳ: Шумо бо муроҷиат ба сарвазири Канада, ки худ шаҳрванди он кишвар ҳастед, гуфтед, ки барои муҳоҷирони тоҷик ҷиҳати ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ дар ин кишвар мусоидат кунад. То куҷо ин дархости шумо умедворкунанда аст?

Равшан Темуриён: Нисфи умри ман дар Тоҷикистон, Ватану зодгоҳи азизам гузашт ва нимаи дуввуми зиндагиам дар Ватани дуввумам, Конодои қуввати дилам сипарӣ мешавад. Конодо инсонитарин ва боинсофтарин кишвари дунё ба шумор меравад ва имкони қабули муҳоҷиринро дорад. Ҷалолатмоб Ҷастин Трюдо, сарвазири Конодо, ки аксарияти мо, конодиҳои тоҷиктабор барои ишон ва ҳизбашон овоз додем, ҳақ дорем аз раҳбари ҳукуматамон талаб намоем, то ба мушкилоти Тоҷикистон ва хоса, масоили муҳоҷирин расидагӣ намоянд. Банда ба ёварони ҷалолатмоб Ҷастин Трюдо ва мӯҳтарама хонум Наташа Каэр, сафири Конодо дар САҲА гуфтам, ки Конодо бояд барномаи махсус барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ таҳия намояд. Мо аз номи Ҷомеаи тоҷикони Конодо изҳор доштем, ки омодаем бо ҳукумати Конодо дар ин масъала ҳамкорӣ намоем. Умед дорем, ҳукумати Конодо ба ин пешниҳоди мо вокуниши мусбӣ нишон диҳад.

Ислоҳ: Ҳамагӣ як рӯз қабл аз оғози баргузории нишасти САҲА иддае аз созмону аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Варшави Лаҳистон “Паймони миллӣ” ба имзо расониданд. Чун имзои ин “Паймон” сару садоҳоеро ба миён овард, назари худатон дар ин бораро матраҳ мекардед?

Равшан Темуриён: Дар бораи эътилофи нерӯҳои солими оппозисиюни тоҷик кайҳост, ки сухан мерафт. Аммо расидан ба як тавофуқи дастаҷамъӣ он қадар осон набуд ва он каме тӯл кашид. Хоса, барои Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва гурӯҳи шахсиятҳои барҷаста ва миллии кишвар ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар баробари таъсиси эътилоф ҳудуди се сол гуфтушуниду баҳсҳо доштанд. Ва фикр мекунем бачаҳои Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ҳамчунин Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Миёна дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ алоҳида бо раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чандин баҳсу гуфтугӯҳое доштанд, ки намояндагони Анҷуман дар он ширкат надоштанд.

Нахустин маротиба мо бо ҷаноби М.Кабирӣ дар Бонни Олмон дар охири сентябри соли 2015 музокираро шурӯъ кардем. Аммо ду рӯзи баҳсҳои пайдарҳами мо баъзе тафовутҳои ҷиддиро бармало кард. Баъдтар дар дидору мубоҳисаҳои мухталиф дар Виен, Дортмунд, Варшава-2 ва тамосҳои инфиродӣ тафовутҳои назарӣ тақрибан бартараф шуданд. Ҷаноби Кабирӣ ва аъзои Шӯрои Сиёсии ҳизбашон ба фаҳмиши ҷомеаи ояндаи секулорӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ рӯшанӣ андохтанд. Ҳамчунин зарурати миллӣ барои музокира бо давлати Тоҷикистон дар партави эҳтиром ва риояи комили Қонуни Асосии ҷумҳурии Тоҷикистонро истисно намекунанд. Мазмуни асосии натоиҷи баҳсҳои мо дар пункти аввали Эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон хеле рӯшан ва барҷаста “баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон” омадааст.

Пешниҳоди гурӯҳи шахсиятҳои барҷаста ва миллии кишвар вобаста ба як масъалаи мубрам, ки онро наметавонем ҳоло эълон намоем, низ дар ҷараёни ҳаллу фасл қарор дорад.

Ислоҳ: Дар бораи бурду бохтҳо дар нишасти САҲА мегуфтед.

Равшан Темуриён: Нишасти солонаи “Варшава-3” хеле пурранг буд. Имсол бо омадани ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба конфаронс воқеъан майдони баҳс тасфон буд. Намояндагони нерӯҳои оппозисиюн ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам аз дохил ва ҳам аз берун тавонистанд ҳамдигарро дар баробари масоили мубрами Тоҷикистон комилу пурра намоянд. Намояндагони  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оппозисиюн дар маҷлисҳои конфаронс ва сайд-ивентҳо дар чаҳорчӯбаи нишасти Варшава-3 дар давоми ду ҳафта беш аз 50 суханрониву гузориш ва мулоҳизот ироа намуданд. Фиристодагони ҳукумат ва тарафдорони он низ ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо суханронӣ, гузориш ва табсира доданд. Як нуктаи муҳими ин нишаст аз ҳамоишҳои гузашта ин буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан, Федерасиюни Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Конодо, кишварҳои Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳашонро ба масоили мубрами Тоҷикистон ошкоро зинда карданд. Аз ин ҷост, ки ҳатто дидору мубодилаи афкор миёни намояндагони расмии ин кишвару созмонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо майли томи ҷонибҳо сурат гирифта, ба суолҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ посухҳои зарурӣ дода шуд.

Ман фикр мекунам, ки ин ҷо дар бораи бурду бохти кадом тарафе ҳарф задан ҷоиз нест. Аммо яқин медонам, ки он бар нафъу бурди ояндаи хубу мураффаҳи Тоҷикистони азиз хоҳад буд.

Ислоҳ: Чанд ҳафта пеш аз оғози баргузории нишасти САҲА, афсари олирутбаи амниятии тоҷик Маҳмадалӣ Расулов бо пахши як изҳороти видеоӣ гуфт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) аз паи сӯиқасд ба ҷони раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст. Дар ин изҳорот номи шумо низ гирифта шуд ва гуфта мешуд, ки аз тариқи Шумо дар бораи аз сар гирифтани гуфтушуниди сулҳ миёни ҷиноҳҳо анҷом додааст. Инро чигуна шарҳ медиҳед?

Равшан Темуриён: Бале, ҷаноби Маҳмадалӣ Расулов, ки ибтидо ҳамчун намояндаи созмони ғайридавлатии умури ҳуқуқи муҳоҷирини Русия дар рӯзи аввали нишасти Варшава-2 (сентябри 2017) ба мову ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ муаррифӣ шуданд. Рӯзи дуввуми нишаст ҷаноби Расулов дар долони конфаронс маро ба қаҳванӯшӣ даъват карда, аз вазифаи аслии хеш моро огоҳ намуданд ва он ҷо мавзӯъи имконоти ба роҳ мондани тамос ва музокираҳо миёни ҳукумат ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Банда шахсан гуфтам, ки агар ишон чунин ваколатҳои расмӣ дошта бошанд, дар ин бора метавонанд мустақим бо ҷаноби Кабирӣ сӯҳбат намоянд. Аммо ҷаноби Расулов пофишорӣ доштанд, ки раҳбари Тоҷикистон намехоҳанд бори дигар хориҷиёнро ба музокироти тоҷикон ҷалб намоянд, мехоҳанд аз тариқи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли муҳоҷирати тоҷики Конодо ин тамосҳоро ба роҳ монанд.

Хулоса, банда аз ваколатҳои ҷаноби Расулов ва мавзӯъи матраҳшуда ҷаноби Кабириро пурра огоҳ намудам. Шарти асосӣ барои оғози музокироти оянда: Озодии ҳамаи 200 нафар зиндонии сиёсӣ, ба истиснои, аъзои хонаводаи ҷаноби Кабирӣ буд. Ҷаноби Расулов баъди тамосҳо бо Душанбе, изҳор доштанд, ки барои иҷрои ин шарт чанд вақт зарур аст, аммо тамосҳо бояд идома ёбанд. Баъд мо мавзӯъи машрӯъияти тарафи миёнҷиро баррасӣ намудем. Қарор шуд, ки ҳар ду тараф (ҳукумат ва ҲНИТ) дар ин робита номаеро ба унвонии раҳбари ҳукумати Конодо ҳамзамон хоҳанд фиристод. Ва гурӯҳи кории ҳукумат ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти миёнҷигии намояндаи аҳли муҳоҷират ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар охири моҳи ноябр ва ё авоили декабр дар шаҳри Франкфурт гирдиҳам меоянд. Вақте ки ҷаноби Кабирӣ фиристодаи хешро дар ҷаласаи Шӯрои Сиёсии ҳизби худ муайян мекарду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳукумати Конодо дар ҳоли тамос буд, ҳодисаи ғайримунтазирае рух дод: Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хӯҷанд ошкоро ба мавқеъи ҷангҷӯёнаи давраи ”сангаксафаровӣ”-и соли 1992 комилан баргашта, боз миллати мазлуму кӯчакро ба ду ҷиноҳи ҷангӣ тақсим карданд. Дигар барномаи нишасти Франкфурт, ки он метавонист равзанаи рӯшноиро барои ояндаи миллат боз намояд, фурӯ рехт.

Дар охирин тамос бо ҷаноби Расулов дар робита ба ин мавзӯъ назари расмии ҷаноби Кабирӣ ва худамро изҳор доштам. Ҳарчанд ҷаноби Расулов пофишорӣ мекарданд, ки дар замони гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон ҷангҳои шадид сурат мегирифтанд, аммо тамосу музокира идома дошт, мо ҳам бояд аз ҳама тарафҳо умеди аз сар гирифтани музокироти сулҳи Тоҷикистон-2-ро аз даст надиҳем, дигар, ҷиноҳи мухолифин тасмими худро гирифта буд.

Робитаҳои миёни мову ҷаноби Кабирӣ ва ҷаноби Расулов дар ин бобат дар охирҳои моҳи ноябр — аввали декабри соли 2017 қатъ шуд. Барои мо изҳороти видеоии ҷаноби Маҳмадалӣ Расулов дар моҳи августи соли 2018 хеле ғайримунтазира ва шокӣ буд, як корманди баландпояи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки масъулияти амалиёти хориҷаи давлати Тоҷикистонро тақрибан комилан бар дӯш дошт ва фикр мекунем, сидқан мехост ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифини тоҷик ба мизи музокираи сулҳ баргарданд, аз барномаи махфии ҳукуматдорони кишвараш дар бобати сӯиқасд ба ҷони раҳбари оппозисиюн огоҳ шуда, маҷбур шуд канорагирӣ намояд.

Сӯҳбаторо: Шавкати Муҳаммад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s