Гуфтугӯ

Алим Шерзамонов: “Мо тарафдори интиқоли мусолиматомези қудрат ҳастем”

Шаклгирии Паймони Миллии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти ахири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава тавассути 4 гурӯҳ: Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ҷунбиши рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва Ҳизби наҳзати исломӣ, баҳсҳои бисёреро дар миёни таҳлилгарон ба вуҷуд овардааст. Қудрати таъсиргузории ин эътилофи сиёсӣ, абзорҳои дар дастрас ва барномаҳои пеши рӯи он дар оянда ва нигоҳҳо нисбат ба вазъияти имрӯзи Тоҷикистон, аз аслитарин меҳварҳо ва мавзӯъҳои мавриди баҳс дар ин замина ба ҳисоб меоянд. Аз ҳамин рӯ, хабаргузории Тасним бо Алим Шерзамонов, раҳбари иҷроии Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон гуфтугӯеро тартиб додааст, ки дар идома мехонед.

Тасним: Бархе мӯътақиданд, гурӯҳҳое, ки эътилофи Паймони Миллиро ташкил доданд, пеш аз ин низ нигоҳҳои наздик ва ҳамгароёнае доштанд. Аз ин рӯ набояд шаклгирии онро дастоварди муҳимме дар назар гирифт ва қудрати зиёде барои он тасаввур кард. Аз сӯи дигар ҳам бархе мӯътақиданд шаклгирии Паймони Миллӣ асосан кори дурусте набуд. Назари шумо дар ин бора чист?

Шерзамонов: Ташаккур аз шумо барои таваҷҷӯҳатон ва дуруд бар хонандагони мӯҳтарами шумо. Ҳар иқдоме, ки аз тарафи гурӯҳе ё шахсе ва ба вежа дар сиёсат сурат мегирад, чӣ он гурӯҳи мухолиф бошад ё мувофиқ, табиӣ аст теъдоде дар ҳимоят аз он ва бахше низ дар муқобилаш мавзеъ мегиранд. Аз сӯи дигар, дар ҷомеаҳое монанди Тоҷикистон ва соири кишварҳои муштаракулманофеъ, ки ба тозагӣ соҳиби давлат шудаанд, шояд теъдоди қобили таваҷҷӯҳе бо нобоварӣ нисбат ба ин амал бархӯрд хоҳанд кард ва аз ҳамин рӯ, ҳар ҳаракат ва сухани мо зери заррабини чӣ ҳаводорон ва чӣ дигар гурӯҳҳое, ки хеле хушбин ҳам нестанд, қарор мегирад. Мо аз ибтидо барои чунин бархӯрдҳое омода будем.

Ин эътилоф дар як рӯз шакл нагирифта ва ду сол аст, ки дар ин росто теъдоде аз фаъолони тоҷик, ки дар муҳоҷират ҳастанд, гом бардошта ва дар як соли ахир амалан ҳамчун як эътилофи воқеӣ ба сурати муштарак амал мекардем. Ахиран ҳам дар 9 сентябри 2018 ба таври расмӣ таъсиси “Паймони Миллии Тоҷикистон”-ро эълом кардем. Албатта ҳамаи онҳое, ки воқеан мухолифанд ва дар ҳолати зиддият бо ҳокимияти худкома қарор доранд, дар аксари ҳолатҳо як нигоҳ ва ҳадафи муштараке хоҳанд дошт ва мо низ мункири ин намешавем. Аммо ба ҳар ҳол агар шахсе ё гурӯҳе, ки худро мухолифи истибдод қаламдод мекунад, ин амали моро як заъф ё як камбуд мешуморад, ба гуфта яке аз дӯстон, ӯ ё маҷбур аст ё маъмур.

Албатта, ки воқеияти сиёсии имрӯзи мухолифони тоҷик моро маҷбур кардааст, ки дар ибтидо фаъолиятамонро дар хориҷ аз марзҳои на фақат Тоҷикистон, балки берун аз марзҳои муштаракулманофеъ шурӯъ кунем. Аммо дар кӯтоҳтарин муддат раванди ташаккули онро комил ва ба тадриҷ ба интихобкунандагони тоҷик чӣ аз нигоҳи ақидатӣ ва чӣ нигоҳи марзӣ наздиктар мешавем. Дар марҳилаи кунунӣ фаъолияти мо асосан дипломатӣ мебошад.

Тасним: Дар матни Паймони Миллӣ, ки мунташир шуда идеяҳои куллӣ дар бораи ҷомеа, сиёсат ва ҳукумат ироа шуда, аммо ҳанӯз барномаҳо ва коркардҳои аслии Паймони Миллӣ мушаххас нест? Оё Паймони Миллӣ қарор аст иқдомоти пешини ҳар як аз гурӯҳҳоро бо ҳамоҳангии бештари соири гурӯҳҳо ба пеш бибарад ва ё барномаҳо ва коркардҳои ҷадиде вуҷуд дорад?

Шерзамонов: Бибинед, як назари ғолиб нисбат ба ташаккулҳои сиёсӣ роиҷ шудааст, ки ҳар ташкилоти сиёсӣ бояд бо як барномаи комил, ки тамоми ҳавзаҳои давлатдориро дар бар бигирад, дар назар гирифта ва он барномаро пешкаши ом гардонад, мардум низ тибқи ин барнома аз он гурӯҳ тарафдорӣ кунанд. Албатта тибқи чунин бардоште, ҳар гурӯҳе, ки ба ин паймон пайвастааст, табиатан барномаҳои мукаммале доранд ва ҳамон тавр, ки гуфта шуд дар ҳамбастагӣ мо метавонем бо ин барномаҳо пеш равем.

Аммо ман ин масъаларо ба таври дигаре мебинам. Барномаи ташкилоти сиёсӣ ва ба вежа “эътилофи гурӯҳҳои сиёсӣ” шояд иборат аз чанд банд бошад ва дар он ба чанд суол посух диҳад. Ташхиси мушкили ҷомеа ин гурӯҳҳоро водор ба эътилоф кардааст ва ин ки роҳи ҳаллҳои ин мушкилотро чӣ гуна мебинад ва дар ниҳоят ин ки ба кадом роҳ ва восита ба ин ҳадаф мерасад.

Мушкиле, ки моро гирди ҳам оварда ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ ғасб шудааст. Дар натиҷа мо мехоҳем ин ҳокимиятро ба мардум баргардонем ва барои онҳо шароите муҳаё кунем, ки ҳокимиятро аз тариқи раъйи худ интихоб кунанд ва ин ҳокимият бо барномаи худ дар муддати муайян ва маҳдуд ин барномаи худро амалӣ кунад. Албатта, ин мавзеъ ва нигоҳи шахсии банда аст. Дар Паймони Миллӣ ҳамаи қарорҳо ва барномаҳо аз тариқи ҳамкорӣ ва мушорикат ҳал мешаванд ва ба зудӣ барномаи амалии Паймони Миллӣ аз тариқи расонаҳои хабарӣ эълом хоҳад шуд. Пештар низ аъзои паймонро аз ҳамин тариқ эълом кардем.

Тасним: Яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои мадди назари расонаҳо ва сиёсатмадорони наздик ба давлати Тоҷикистон, муқоисаи Паймони Миллӣ бо Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсия (ИНОТ)-и даҳаи 1990 аст. Ҳол он ки ин ду ба лиҳози коркардӣ мутамойиз аз якдигаранд. Аслитарин тафовутҳои Паймони Миллӣ бо он иттиҳод чист? Чӣ шабоҳатҳое вуҷуд дорад?

Шерзамонов: Албатта ин муқоисаи ҳукумат, ки Паймони Миллиро бо ИНОТ-и собиқ мебинад, то ҳудуде назари иштибоҳ нест. Бибинед, ин ҳукумат, ки баъди “пирӯзӣ” дар ҷанги шаҳрвандӣ — ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ ғолибу пирӯз надорад — ба қудрат расид. Давлат дар тӯли ин солҳо бо тамоми нерӯ аз тамоми воситаҳои худ истифода кард, то ҳаракати миллии озодихоҳии ибтидои солҳои даҳаи 1990-ро низ монанди тафаккури мардум зиндонӣ кунад. То дараҷае, ки он ҳаракатро, ки рамзи он шеъри Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ “Аз хоби гарон хез!” буд, ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар фосилаи муайяне низ ҳатто ислоҳталабон ва озодихоҳон низ бовар карда буданд, ки он ҳаракатҳо иштибоҳ буд ва дар миёни онҳо иттиҳомзаниро низ ҷо доданд.

Бале, мо худро идомадиҳандаи роҳи озодихоҳон ва ислоҳталабони он солҳо мешуморем ва аз ҷиҳати идологӣ, бале, идомадиҳандаи ИНОТ ҳастем. Аммо аз ҷиҳати василаҳо ва абзорҳо тафовут дорем. ИНОТ ҳам бахши сиёсӣ дошт ва ҳам низомӣ, ва шояд ҳатто бахши низомияш қудратмандтар ҳам буд. Аммо мо шохаи низомӣ ташкил надода ва ҳадафи ташкили онро ҳам надорем. Мо тарафдори интиқоли мусолиматомези қудратем.

Аммо тафовути дигар дар он аст, ки ИНОТ дар он замон асосан аз ду минтақа ташкил шуда буд. Аммо Паймони Миллӣ имрӯз тамоми Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ниҳоят, ин ки тарафи муқобил ин паймонро террорист ва экстримист мехонад, мушаххаскунандаи зарфияти паймон аст. Ин худ як дастоварди беназир аст ва дар таърих ташкили он бенишон нахоҳад монд.

Тасним: Яке аз муҳимтарин ва ибтидоитарин масоил дар хусуси Паймони Миллӣ, адами ҳузури “Гурӯҳи 24” буд. Оё адами ҳузури “Гурӯҳи 24” як заъф барои Паймони Миллӣ маҳсуб мешавад? Асосан оё эҳтимол дорад дар оянда гурӯҳҳои дигаре ҳам ба ин эътилоф афзуда шаванд ё ин ки фикр мекунед Паймони Миллӣ бо ҳамин таркиб ба кори худ идома диҳад?

Шерзамонов: Хуб, шояд дар ҳолати кунунӣ адами ҳузури “Гурӯҳи 24” дар ин паймон то ҳадде дар маҷмӯъ ба суди мухолифон бошад. Аз ин ҳайс, ки рақобати созанда байни ин гурӯҳ ва паймон дар ниҳоят ба нафъи ҷараёни озодихоҳии тоҷикон қарор дорад. Албатта рӯзе мерасад, ки на фақат гурӯҳи номбурда, балки дигар гурӯҳҳо ва аҳзоб чӣ дохил ва чӣ хориҷ аз Тоҷикистон дар як ҳаракати бузургтар гирди ҳам омада ва шояд бо номи дигар ва табиатан бо зарфияти беҳтар, рӯи кор меояд. Он рӯз дер нахоҳад буд. Тоҷикҳо имрӯз дар раванди миллатсозӣ қарор доранд ва ман мутмаин ҳастам дар минтақа соҳиби як давлати муваффақ бо шаҳрвандони озод, ки барои пешрафти шаҳрвандонаш тамоми имконотро муҳайё мекунад, хоҳанд буд.

Ҳадафи асосии мо ташкили чунин давлате барои шаҳрвандон аст ва дар ин масир агар тамоми гурӯҳҳои мавҷуди имрӯз ҳам гирди ҳам оянд, ҳанӯз кофӣ нахоҳад буд. Аз ин рӯ мо роҳе ҷуз иттиҳод надорем ва ин низ шуданӣ аст ва мешавад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s