Дидгоҳ

Мо бояд шарм кунем, на Ҳошим Гадо!

Ҳошим Гадо, акс аз сойти Спутник

Ба қалами Раҷаб Мирзо

Ин матлаб бояд аз талаби истеъфои чанд нафаре оғоз мешуд, ки феълан гӯё бахшҳои муҳимеро роҳбарӣ доранд. Аслан ин нафарон бояд таи чанд рӯзи ахир, ки сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро номи Ҳошим Гадо пур кардааст, худашон довталабона истеъфо медоданд, ё вокунише бадар мекарданд.

Мисле, ки карданӣ нестанд…

Мутаассифона, онҳо на танҳо ин корро намекунанд, ки ҳатто пас аз сару садои зиёд ҳам, боре ба суроғи Ҳошим Гадо нарафтанд. Ман махсус рафтам, то бифаҳмам Ҳошим Гадои “ганда”, ки онҳо мегӯянд, чаро бо инҳо чунин муносибат дорад. Ҳарчанд худам тахмин мекардам, ки чаро…

Дар матлабе, ки чанд соли пеш ба ин ҳунарманди нотакрор бахшида будаму “Формулаи Ҳошим Гадо” ном дошт, қиссаеро пешкаши хонанда намуда будам:

Рӯзҳои аввали ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон (тахминан охирҳои соли 1992 ё ибтидои 1993). Абдумаҷид Достиев – нафари он замон дуввуми Тоҷикистон ба хонаи Ҳошим Гадо занг мезанад. Чун он вақт ҳукумат нав рӯи кор омада буд ва албатта мехост аз сӯи шахсиятҳои шинохта ҷонибдорӣ ёбад. Гӯшии телефонро Ҳошим Гадо мебардорад, чун мешунавад, ки аз он ҷониб як масъули муҳими Ҳукумати Тоҷикистон барояш тамос гирифтааст, хоҳиш мекунад, ки пас аз ним соат барояш занг бизананд.

Баъди ним соат боз ҳам занги телефонӣ. Гӯширо Ҳошим Гадо мебардорад.

Достиев:
— Устод, маъзарат мепурсам, шояд Шумо банди тахаюли эҷодӣ будед ва нороҳататон намудем.

Ҳошим Гадо:

— На, ман ҳич коре надоштам. Балки бо либосҳои хонагӣ нишаста будам. Ҳоло таи ним соат рафтам, оббозӣ кардам, шиму костюм ва галстук пӯшидам ва омадам то бо Шумо суҳбат намоям.

Достиев дар ҳайрат шуда, мепурсад, ки чаро, охир мо танҳо суҳбати телефонӣ дорем, на рӯ ба рӯ?

— Зеро, то ин замон маро ҳатто як масъули одитарини на танҳо ҳукумат, ҳатто вазорати фарҳанг суроғ накардааст. Ҳоло, ки нафари дуввуми Тоҷикистон мехоҳад бо ман суҳбат намояд, чӣ гуна метавонистам бо либосҳои хонагӣ бо ӯ ҳарф бизанам?, — посух мешунавад ӯ.”

Оре, зиёд мешунавем, ки Ҳошим Гадо аз ҳад зиёд характери мушкил дорад. Инро эҳсос кардан мушкил нест. Аммо боре фикр кардаем, ки чаро ӯ чунин эркагӣ мекунад? Ва аслан ӯ ҳақ надорад, ки чунин эрка бошад?

* * *

Бубинед шахсиятҳои пазируфташудаи сатҳи ҷаҳонӣ дар борааш чӣ гуфтаанд:

«Хошим Гадо –это феномен исторических ролей в советской и мировой кинематографии, обладающий в этой области божественным даром, которого надо ценить! Ведь он единственный там, который прославил Таджикистан на весь мир. Жил бы он в другой стране к нему относились по –царски за все его заслуги перед Отечеством!»

Эльхан Мустафа Оглу Исмаилов, Азербайджан:

Хошим! Вы уникальный актер, рожденный для классического репертуара. С Вами можно сравнить что Чхивквадзе, Саса Саркисяна…Что можно играть после «Эдипа»? Может быть «Венецианского купца», может быть «Лира», но очень прошу: берегите себя для больших ролей от маленьких ролишек и никогда не берегите себя в больших ролях».

Александр Минкин, театральный критик:

«Хошим Гадоев – удивительный сплыв русской театральной культуры и национального самобытного героического исскуства таджика, вылившегося в образе выдающегося актера Европейского масштаба

Н. Сычкин, Россия:

«Хошим Гадоев – национальное богатство таджикского народа. Если от вас будет разрешение, мы, русский народ, Хошима Гадоева тоже объявим народным достоянием».

Михаил Чигирь, председатель Союза театральных деятелей СССР:

«Хошим, мой дорогой Сухроб! Смотрела Вас 30 раз по 30 и не пресытилась. Рядом с «Сухробом» Хошима Гадоева блекнут такие яркие звезды планеты – Жан Маре, Бельмондо, Ален Делон

Ирина Элияшева, Чехословакия:

«Хошим Гадоев по своему мастерству – Голивудский актер

Сергей Бондарчук, актер, режиссер:

«У нас такого актера, как Хошим Гадоев нет!»

* * *

Аммо мо ба ӯ чӣ кардем?

Ёдам ҳаст, ки инҷониб бо Ҳошим Гадо чӣ гуна аз наздик ошноӣ пайдо кардам. Солҳои 1999 ё 2000 буд. Дар ошхонае нишаста, ғизо мехӯрдам. Дар рӯ ба рӯям дар мизи дигар ин ҳунарманди маъруф нишаста буд. Шояд бастаи нашрияҳои болои мизи маро дид, ки пас аз чанде наздам омад. Иҷозат пурсиду рӯ ба рӯям нишаст:

— Аз нашрияҳои пешат маълум, ки одами мефаҳмидагиӣ. Ҳамин навиштаи маро бихону фикратро бигӯ!- бо оҳанги омирона, ки хоси ӯст, аз ман хоҳиш намуд Ҳошим Гадо.

Ҳар ҳафта дар “Чархи гардун” андешаҳояшро мехондам, аз ин хотир нашрияро, ки аллакай хонда будам, як бор аз назар гузаронидам ва посух додам:

— Агар рости гапро гӯям, қаҳратон намекунад?

Шояд чунин ҷавоберо интизор надошт, ки ҳарисона гуфт:

— Бигӯ!

— Ҳошим Гадо аз саҳна дур шудааст ва ҳоло намедонад, ки аз ҳастии худ чӣ гуна дарак диҳад!

Аз ҷояш баланд шуд ва сӯи ман омад. Аз дилам гузашт, ки шояд посухам писандаш наомадаву ҳоло бо ман дастбагиребон шуданист. Маро бо ҷуссаи бузурги худ оғӯш гирифту баланд бардошт:

— Наход дар Тоҷикистон маро одами мефаҳмидагӣ бошад?!

Пас аз ин борҳо дидор доштем. Хоса, ҳамроҳ бо раҳматии Акбари Саттор, ки ӯро Ҳошим Гадо “Папа” мегуфт (зеро ҳам барояш минбар дода буд ва низ аз лиҳози моддӣ кӯмакаш мекард). Бар илова, пас аз машварати якҷояамон бо Акбар, ки аз дидори аввал бо Ҳошим Гадо доштам, маҳз ӯ барои оштӣ намуданаш бо роҳбарияти Театри Лоҳутӣ мусоидат намуду ҳунарманди номдор чанде дигар дар саҳнаҳои ин театр пайдо гардид.

“Хислати мушкили” Ҳошим Гадо боз ҳам сабаб гардид, ки ӯ аз саҳнаҳо дур шавад. Вале чаро мо фаҳмидан намехоҳем, ки Ҳошим Гадо ҲАҚ дорад эркагӣ намояд ва мо БОЯД ӯро ТОҚАТ намоем?
Накарданд. Ӯ боз ҳам коғазу қаламро ба худ наздиктар намуд. Акнун китоб менависад. Ҳоло теъдоди китобҳои навиштааш ба 185 расидааст. Зеро ӯ МИНБАР надорад. Бубинед худаш дар ин бора чӣ менависад:

Я, Хошим Гадо, не претендую на звание ПИСАТЕЛЬ, и ни на какие звания, связанные с написанием книг. Я уже говорил, что я называю себя ПИСАКОЙ, поскольку я, как ни верти, а уже пишу 167 том (а сегодня уже 185 том ). По воле рока и судьбы, лишившись ТРИБУНЫ ТЕАТРА – сцены, с которой я общался со зрителями, я взял шариковую ручку, и моей трибуной стали книги, теперь я беседую со своими читателями через книгу, я просто делюсь с Вами, дорогие мои, своими мыслями, размышлениями, рассуждениями».

* * *

Китобфурӯшии Ҳошим Гадо эътироз аст!

Ин воқеият аст, ки вақтҳои ахир ҳунарманди нотакрори мо дар кӯчаҳо китобфурӯшӣ мекунад. Китобҳои худро. Ин хабар, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ раҳ ёфт, баҳси гармеро ба миён овард. Пас аз навиштани як матлаби инҷониб дар Фейсбук як дӯсти тоҷирам тасмим гирифт, то 30 китоби Ҳошим Гадоро ба 1500 сомонӣ харидорӣ намояд. Ба ваъдааш вафо намуд. Пас аз ин бо ӯ тамоси телефонӣ гирифтам. Ӯ маро ба хонаи худ таклиф кард. Бори аввал аст, ки ба хонааш меҳмон мешавам. Хаёл кардам, ки меравам қасри боҳашаматеро хоҳам дид. Аммо ҳолати ҳузновари ин хона маро ба даҳшат овард. Нақле, ки Ҳошим Гадо бароямон мекард, фоҷиаеро мемонд. Ӯ на барои ҷамъ овардани сарвату мол ба китобнависиву китобфурӯшӣ машғул аст, ҳарчанд чизе дар атрофи 700 сомонӣ (!!!) нафақа мегирад! Тасаввур намоед, ки чанд соли пеш чанд мансабдори собиқамонро, ки номаълум чӣ хидмате намудаанд, бо он муттаҳам намуда буданд, ки то 11 000 сомонӣ нафақа барояш ихтисос додаанд. Аз ин ҳам бигзарем. Ҳошим Гадо нақл мекунад, ки барои фурӯхтани ин китобҳояш ба пеши киҳое нарафтааст, то онҳоро фурӯшаду китобҳои дигари худро, ки то 200 ҷилдаш омодааст, ба нашр расонад. Ва чӣ таҳқирҳое нашнида! На танҳо аз вазирону мансабдорон, ҳатто аз шогирдони дастпарвараш, ки дар кадом театре ё муассисаи дигари фарҳангӣ “одами калон” шудаанд…

… Вазире чанд дона китобашро мегираду зертобеонаш ваъда медиҳанд, ки онҳоро фурӯхта, пулашро баъдан хоҳанд дод. Аммо чанде пас он китобҳоро бозпас медиҳандаш, ки “касе онҳоро намехарад”.

… Мансабдоре ҳатто бо ӯ саломи худро “дареғ” дониста, ба милисаҳои дарбонаш фармон медиҳад: “Чораи инро бинед!” ва шитобон дар иҳотаи лаббайкгӯёнаш “аз обед дер намемонад”.

… Ректори донишгоҳе, ки Ҳошим Гадо барои пулҳои китоби гирифтаашон суроғаш рафта буд, бо итоб мегӯяд: “Имрӯз рӯзи қабули шаҳрвандон аст, аз ин ҷо равед!”. Аммо тасаввур намоед, ки агар бо Ҳунарпешаи халқии СССР, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ онҳо 3 нафар боқӣ мондаанд ва дар бахши театру кино Ҳошим Гадо ягона аст, чунин муносибат доранд, бо дигарон чӣ хоҳанд кард?

… Шогирдеаш, ки барои як маъракаи хос аз ӯ беш аз 100 дона китоб ва ҳайкали худсохту расмҳояшро гирифта буд ва устодаш барои гирифтани маблағи худ пешаш рафта буд, дастонашро аз киса берун накарда, муҳосибашро даъват мекунаду мепурсад: “дар хазина чанд пул дорем, ба Гадоев бидеҳ!”. Муҳосиб 300 сомонӣ сӯи ӯ дароз мекунад…

Пас бояд Ҳошим Гадо ба куҷо равад?

Китобфурӯшии ӯ ЭЪТИРОЗ аст. Эътирозе, ки масъуле онро нафаҳмид, илло аз мардуми одӣ!
Аз ӯ мепурсам:

— Чанде пеш ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” гирифтед. Пеш аз ин ҳам мукофотҳои баланд доштед. Пас чаро ин ҳама ба дараҷаи нафақаи Шумо бетаъсир мондааст?
— Ба пеши масъулини зиёд бо оби чашм рафтам. Мушкиламро касе ҳал накард, ҳатто шуниданам нахостанд ва пешам карданд, ё тавре муносибат карданд, ки ба пешашон рафтанро ба худ эб намебинӣ. Ман охир пеши онҳо барои талбидан намеравам, ҳаққи худро мехоҳам бигирам. Тасаввур намоед: 60 сол дар саҳна будам!, — посух медиҳад ӯ боз ҳам гиря гулӯгираш намуда.

Эътирози маро бишнавед:

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон!

Агар қонунгузории Тоҷикистон барои таъмини нафақаи бештари Ҳошим Гадо, ки ба Шумо муроҷиат кардааст, ҳолати истисноие наёбад, ман ҳич қабул карда наметавонам, ки вазифаи худро он гуна, ки бояд бошад, иҷро менамоед!

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм!

Пеш аз оне, ки академик шавед, дар мусоҳибаатон гуфта будед: «Ман даъвои академик шудан надорам. Академикӣ барои ман як қуллаи ҳанӯз дастнорас аст, ба гумонам кулвори илмии ман барои расидан ба он нокифоя мебошад» ( Нашрияи «Тоҷикистон», 26.04.17). Аммо бовар кунед, пас аз 100 сол ҳам аз академикии Шумо не, аз он ёд хоҳанд овард, ки дар асри Ҳошим Гадо зиндагӣ кардаед! Аз ин хотир, ба ҷои башаст пӯшидани дари мошини худ ба рӯи Ҳошим Гадо, аз зертобеонатон пурсед, ки бо китобҳои Ҳошим Гадо чӣ карданд?

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон!

Агар на танҳо то ҷои коратон пиёда биёед, ки ҳатто тамоми мамлакатро пои пиёда ё бо нақлиёти ҷамъиятӣ тай кунед, дар хотираи таърих намемонед ва “вазири халқӣ” намешавед! Аммо дар оянда хоҳанд гуфт, ки дар вақти вазирии Орумбекзода Ҳошим Гадо дар кӯчаҳо китоб мефурӯхт! Ҳолати китобхонаҳоро чанд рӯзи пеш спикери парлумон Зуҳуров бароятон арзёбӣ намуд. Бовар кунед, фарҳанги тоҷик ба “одами хуб” не, ба “вазири хуб” ниёз дорад, ки гапаш таъсир дорад!

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе!

Агар бо дастури зиёд тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ва вазорату идораҳо дар ҳар кӯчаву паскӯчаҳои пойтахт боғ, майдончаи варзишӣ созанд ва купрӯкҳоро “зебо кунанд”, аммо хонаи Ҳошим Гадо, ки дар маркази пойтахт ва наздик ба прокуратураи шаҳр қарор дорад, ҳамин ҳолати ҳузноварро дошта бошад, ба ҳич ваҷҳ нахоҳанд гуфт, ки шаҳрдори ҷавон “Душанберо дигар кард” (Воқеан, яке аз сабабҳои аслие, ки ӯ мехоҳад китобҳояшро зудтар фурӯшад, ин аст, ки аксари китобҳояш дар айвони хонааш истодаанду Ҳошим Гадо тарс дорад, ки бо пеш омадани борону барфҳо онҳо тар мешаванд).

Лутфулло Давлатов, Аловуддин Абдуллоев, роҳбарони театрҳои ба номи Лоҳутӣ ва ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар!

Ҳатто, агар инро ҳам сарфи назар намоед, ки Ҳошим Гадо бароятон ҳаққи устодӣ дорад, аммо ақаллан фаромӯш насозед, ки дар байни анқариб 200 ҷилди китобаш асарҳое марбут ба театру кино кам нест. Наход барои харидани як бастаи ин китобҳо маблағ наёбед?

Абдусалом Мирализода, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, роҳбарони китобхонаҳои миллӣ ва ба номи Лоҳутӣ!

Агар китобхонаи калонтарин на танҳо дар минтақа, ҳатто дар ҷаҳон дошта бошему дар онҳо 185 ҷилди китобҳои Ҳошим Гадо набошад, бовар намоед, чанде пас хоҳанд гуфт: ин китобхонаҳо ҳичӣ надоранд!

Хонандаи ин сатрҳо!

Ҳошим Гадо орзу дорад, ки дар зиндагиаш нафареро пайдо намояд, ки як бастаи китобҳои ӯро (185 китоб) дорад. Агар дар байни мову Шумо чунинҳо бошанд, ки ин тавонро доранд, олӣ буд! Аммо онҳое, ки НОМУС доранд, дар байни мову Шумо кам нест. Ман Устодро хоҳиш намудам, ки дигар ба кӯча набарояду китоб нафурӯшад. Китобҳояшро мо хоҳем харид!

Посухи Ҳошим Гадо маро моту маҳбут кард:

— Дили ту ба ман месӯзад? Чаро дили онҳое намесӯзад, ки вазифаашон хизмат ба мардум аст? Чаро онҳо маро фаҳмидан намехоҳанд? Чаро боре аз дарам даромадан намехоҳанд? Гӯш кун, бачам, агар мардуми одӣ китобҳои маро хариданӣ мешавад, ба онҳо бераҳмӣ накун. Ба онҳоеаш, ки имкони камтар доранд, арзонтар фурӯш. Ҳатто ба онҳое, ки имкони молӣ надоранд, бе пул ҳам аз китобҳо бидеҳ!

Оё ин суханҳо Шуморо ба гиря ва номус намеорад?

(Ҳудуди 200 китоби ҷилдҳои гуногуни китобҳои Ҳошим Гадо дар утоқи кории ман аст. Агар нафароне мехоҳанд дар ин иқдоми “Номус” ширкат намудаву аз ин китобҳо харид намоянд, бевосита ба ман муроҷиат намоянд.

Шиори мо:

МИЛЛАТЕ, КИ ҚАДРДОНҲОИ ХУДРО ҚАДР НАМЕКУНАД, ҚАДРРО ИНТИЗОР НАБОШАД!

Рубрики:Дидгоҳ, Машоҳир

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s