Умед Ҷайҳонӣ, фаъоли фарҳангии тоҷик, бо гузоштани наворе аз шабакаи русии РенТВ дар сафҳаи худ дар Фейсбук навиштааст:
“Гуфтор дар бораи ториху фарҳанги тоҷикон дар барномаи телевизиюнии русии РенТВ
Суханронии маро дар бахши поёнии ин барнома овардаанд.
Дар ин барнома мехостанд тоҷиконро масхара кунанд, ки худро ариёӣ хондаанд ва торихашонро бардурӯғ куҳансозӣ мекунем. Ман барояшон хондани чаҳор китобро тавсия кардам: Авестову Шоҳнома ва Қуръону Тоҷикон. Он ду китоб дину ойину фарҳангу торихи устураӣ ва миллии моро бозгӯ мекунанд ва ин ду китоб дину ойину фарҳанги исломӣ ва торихи илмии моро. Гуфтугӯ дароз буд, вале барномасозон аз он чанд ҷумларо бар гирифтанд. Натиҷа чунин шуд, ки моро миллате шинохтанд, ки аз ториху фарҳангу дину ойини худ огоҳ аст ва фарозу нишеби торихро пушти сар гузоштаву акнун кишваре нав месозад.”
Рубрики:Забони модарӣ, Торих, Фарҳанг