Дидгоҳ

Сафари корӣ ё рақсу бозиву исрофкорӣ?!

Илҳомҷон Ёқубов

Ду рӯзи дигар мардуми вилояти Суғд меҳмонҳои “олиқадр”-ро пешвоз мегиранд. Баъди се моҳ аз сафари худ, инак президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба вилояти Суғд ташриф меоварад. Сафари кории Раҳмон аз рӯи баъзе сарчашмаҳо рӯзи душанбе аз шаҳри бостонии Панҷакент оғоз мешавад. Се моҳ қабл низ ба ин шаҳр сафар карда буд.

Ин дафъа дар Панҷакент президент чӣ кор мекунад, шояд ягон мағоза, бозор ё дӯкони фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардумро кушояд. Дар назар аст аз Панҷакент ба Хуҷанд ояд. Сафари ӯ як ҳафта давом меёбад, мегӯянд мардуми Суғд. Аллакай супориш шудааст, ки тӯли як ҳафта ҳамаи бозорҳо, мағозаҳои дар шафати роҳ чойгирбуда, нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ пурра баста мешаванд, ва дар ҳоле баста мешаванд, ки тоҷирону соҳибони марказҳои тиҷорӣ ва нуқтаҳои фурӯш то охири сол андозҳои давлатиро супоридаанд ва маҷбуранд, ки ба хотири омадани ин меҳмонони нохонда, баста шаванд.

Дар шаҳри Хуҷанд ду се иншооти маданию маишӣ, ки соҳибкорон бо маблағҳои шахсии худ сохтаанд ва моликияти хусусӣ мебошад, ифтитоҳ мешавад. Ва бинои телевизиони Суғд, ки ягона иншооти давлатӣ мебошад ва онро таъмири куллӣ кардаанд, як сохтмони нав дар канори он бунёд намудаанд, ки лентаашро қайчӣ мезанад.

Дар шаҳри Гулистон мактаби мусиқӣ, ки як ширкати арабӣ бо пулҳои Арабистон сохтааст, кушода мешавад, мегӯяд як нафар корманди ин мактаб. Дар ҳоле, ки чунин амалҳо яъне лентабуриву қайчизании дӯкону нуқтаҳои фурӯш, мактабу боғча ва ҳатто иншоти калон, фабрикаву заводҳо, дар кишварҳои демокративу мардумӣ як амали беҳуда ва исрофи вақти роҳбари кишвар маҳсуб меёбад ва ҳатман мардумаш аз ин амали роҳбар интиқоду норозигӣ баён мекунад. Дар кишваре, ки роҳбари давлат вақти худро дар қайчизаниву кушодани чанд иншооти таъмирдида ва ё дигар биноҳо сарф мекунад, ин аз заъфи мудирияти кишвардорӣ шаҳодат медиҳад.

Маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ва шафати роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом ҳама ҷо гулкорию бо гулҳои ҳолландӣ ва бӯтаҳои зебо пур кардаанд. Албатта ин кори хуб аст, ҳама ҷо тоза, гулзор, аммо ин ҳама бо фиребу найранг ва хароҷотҳои бемантиқ.

Дар моҳи октябр, ки як ҳафта пеш барф борида ҳаво нисбатан сард шуд, аз нав гул шинондан мантиқ дорад? Ин гулҳои зебои ҳолландӣ зиёда аз як ду ҳафта умр мебинанду таги барфу борон нобуд мешаванд. Ҳайфи маблағҳои сарфкардаи буҷа нест? Ё бе гулу гулзор Раҳмон(ов) ба вилоят намеояд? Кӯчаву гаштҳо гулу гулзор набошад ӯ “сар”-и чанд нафарро мехӯрад. Раисони маҳалливу масъулин шояд зери бӯтаҳои гул оташ мондаанду шабу рӯз илтимосу илтиҷо мекунанд, ки то омада рафтани президент қоматашонро рост кунанду “подводит” накунанд. Дӯзандаҳо низ ин шабу рӯзҳо хеле серкоранд. Боз куртадӯзию, бозори атласфурӯшон низ ниҳоят гарм бояд бошад. Бо метр не, километр мефурӯшанд. Охир мо ҳазорҳо раққосаҳову ҳофизаҳо дорем, ки корашон фақат сурудхониву шеърхонӣ дар назди пойи президент! Ва ҳатман чанд нафар масъулин дар ҷустуҷӯи лиқои ориёии духтарбачагон ҳастанд, ки табъи “пешво”-ро бо ҳарфҳои болохонадор болида кунад.

Се моҳ пеш барои ҷашни Иди Ваҳдат чандин миллионҳо маблағи буҷаро маҳз барои гулкорию атласдӯзиву рақсидану сурудан сарф карданд. Ҳатман, ки ин исрофкориҳо аз буҷаи вилоят, яъне аз кисаи мардум аст, ки бо тариқи андозу боҷу хироч ба буҷа меравад. Оё мардум розӣ ҳастанд, ки маблағҳои ба хотири пешрафти вилоят дода ба шиками “аждаҳо”-ҳо равад? Барои кайфу сафои пешвову пасво равад?

Бовар дорам, ки ҳаргиз не! Дар кишварҳои мардумиву демократӣ аз раиси кишвар то вазирону масъулин, ҳатто истифодаи мошини хидматӣ дар вақти берун аз соати корӣ, дуздӣ аз буҷаи кишвар ҳисобида мешавад ва ҳатман ҷинояткор аз кор меравад ва назди миллат ҷавобгӯ хоҳад буд. Аммо дар кишвари «демократӣ» ва «мардумсолорӣ»-и мо, Тоҷикистон исрофкорӣ ба ҷое расидааст, ки ба ҳеҷ қолабе намегунҷад.

Раиси вилояти Суғд Аҳмадзода, ки устоди хушомадгӯён аст ва ҳатто причёскаашро ҳам монанд ба ба “пешво” кардааст, бечунучаро мехоҳад хизмати хирсона ба раисаш кунад, аммо беҳтар нест, ки ба ин маблағҳое, ки ба ҳаво мепартоянд корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ созанд? Ҷойи кор ба муҳоҷирону бекорон, ки саффашон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст, омода кунанд? Ё ҳаддиақал хона ба маъюбону бехонагон, ки ҳазор–ҳазорҳо нафар ҳастанд, таъмин кунанд.

Исрофкориҳо сабабе шудааст, ки нозирони андоз чунон андозсупорандаҳоро буғӣ кардаанд, ки ҳатто барои ҷамъоварии андоз ба мардум дарафтода лату кӯб мекунанд. Соҳибкоронро азият медиҳанд, андози соли 2019-ро шояд кайҳо ҷамъ карда, акнун барои соли 2020 шуӯъ карда бошанд. Бо ин қадар азобу машаққат пули мардумро ҷамъ мекунанду дар як ҳафта онро сарф мекунанд.

Ҳар як сафари президент ба минтақа маблағи даҳҳо корхонаҳо мебошад. Сафари кори эълон мекунанду, рақсу бозӣ мекунанд. Пас сафари корӣ номидан мантиқ дорад? Беҳтар нест, ки сафари рақсу бозӣ ва исрофкорӣ номанд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s