
Акс аз пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ
Паймони Милии Тоҷикистон (ПМТ) бо ибрози таассуфи амиқи хеш аз вуқӯи ҳодисаи хунин дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки дар он, бино бар охирин гузоришҳо, 53 нафар аз ҳамватанонамон кушта ва ҳудуди 186 нафар аз онҳо захмӣ гардидаанд, ва арзи таслият ба хонаводаҳои ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса – чӣ зиндониҳо ва чӣ кормандони зиндон – ва таманнои шифои оҷил барои захмиҳо, эълом медорад:
1) Қатли омми зиндониҳо як амали ғайриинсонӣ, ғайриқонунӣ ва вайронкунии ошкори “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф” – ки июни соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромада ва мавриди қабули ҳамаи аъзои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла Тоҷикистон шудааст — ба шумор меравад. Ҳатто агар гузоришҳое, ки мегӯяд ин кушту куштор дар асари ошӯби шуморе аз зиндониҳо сурат гирифтааст дуруст бошад, ҳатто дар ин сурат низ, мақомот барои пешгирӣ аз рехта шудани хун, мебоист роҳҳои мусолиматомез аз ҷумла гуфтушунид бо ошӯбгаронро пеш мегирифтанд, на ин ки иқдом ба қатли омми онҳо намоянд.
2) Бино ба гуфтаи як мақоми расмӣ дар тамос бо яке аз расонаҳои мустақил, сабаби ошӯби шуморе аз зиндониҳо дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, бархӯрди ғайриинсонӣ ва тавҳиномези зиндонбонҳо бо маҳбусон будааст. Мутаассифона, бадрафторӣ, шиканҷа ва таҳқири маҳбусон, дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон ба як амали оддӣ ва рӯзмарра ва роиҷ табдил гардида ва дар мавориде ҳатто бо фармони мақомоти радаи болои ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд. Дар номаи расмии СММ ба Ҳукумати Тоҷикистон оид ба парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ин гуна рафторҳо ва бархӯрдҳои ғайринсонӣ ва ғайриқонунӣ, ба таври ошкор мавриди таъкид қарор гирифтааст.
3) ПМТ, дар робита бо ҳодисаи хунини зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар шаби 7 ноябри соли ҷорӣ (2018), аз СММ ва ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба сурати ҷиддӣ талаб менамояд, ки Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба ташкили як комиссияи муташаккил аз намояндагони мақомот, намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низ хонаводаҳои маҳбусин намояд, то як таҳқиқи комил ва дақиқ дар хусуси ин фоҷеаи миллӣ сурат бигирад ва омилҳои бурузи ошӯби зиндониён маълум ва ҳамаи афроде, ки дар қатли омми кӯр-кӯронаи маҳбусон саҳим ҳастанд, муҷозот гарданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
12 ноябри соли 2018
Рубрики:Баёнияҳо