Мардуми Тоҷикистон тайи солҳои тӯлонӣ дар интизори эъмор ва ба кор даровардани нерӯгоҳи обии барқии Роғун буд.
Бо вуҷуди доштани чандин нерӯгоҳ, норасоии барқ яке аз мушкилоти калони мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Солҳои тӯлонӣ ҳукумати Тоҷикистон мардуми ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналмилалиро бовар мекунонд, ки мушкилоти кишвар: тақсири ҳамсоякишвар, мухолифин ва норасоии барқ мебошанд.
Ҳоло бо бартараф шудани монеъаи охирин, яъне мушкилоти бебарқӣ бояд, ки на фақат хонаҳои мардум чароғон гардад, балки садҳо ҳазор муҳоҷир ба кишвар баргашта, шароити мусоид барои зиндагӣ, кору фаъолияташон муҳайё шавад.
Дар бунёди ин иншооти муҳими кишвар, тамоми мардуми Тоҷикистон саҳм доранд. Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллат дар шодии кулли мардуми Тоҷикистон шарик аст ва аз ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳи Роғун истиқбол мекунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон умед дорад, ки бо гардиши чархи аввал гардиши наве дар рӯзгори тоҷикистониён гашта, хонаи торики модари тоҷик фурӯзон шуда, чашми интизори ӯ бо баргаштани фарзанди муҳоҷираш мунаввар мегардад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2018
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо