Ахбори Анҷуман

Паёми Ҳаким Раббимпур ба ҳамоиши тоҷикони Ӯзбекистон дар Тошканд

Ҳаким Раббимпур, фаъоли фарҳангии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик, паёме ба ҳамоиши тоҷикони Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар баргузор гардид, содир намуд, ки ба шарҳи зерин аст:

Аз ҳамоише, ки рӯзи 23 ноябр дар Тошканд барои азнавсозӣ ва интихоби садорати Маркази фарҳангии тоҷикон шуда гузашт, хело шод шудам, ки баьд аз 25 соле, ки мо мехостем дар Самарқанд Анҷумани тоҷикони Ӯзбекистонро таъсис дидем, вале ҳукумат бо зӯрӣ ва хушунат тамоми иштирокчиёни ин гирдиҳамоиро сарнагун кард, ки аз тамоми вилоятҳо ташриф оварда буданд, вале баъд аз ин қадар солҳои тӯлонӣ, ки бар забону фарҳанг ва ҳувияти тоҷик лагад зада шуд, ниҳоят бо гузашти айём каме ислоҳоти маданиву маьрифатӣ сурат гирифт.

Ҳаким Раббимпур, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик

Мо имкон пайдо кардем, боз назаре ба забону фарҳанги худ дасти мададе дароз бикунад, гарчанде аз ин ислоҳот ва имконият 2 сол гузашт нафароне аз худамон будаанд, ки аз ҳамон қолабҳои кӯҳна корбарӣ намуда намехостанд як ҷаҳише барои ба роҳ мондани кори марказ ва муаммои тоҷикон бикунад.

Дар умум расман Маркази тоҷикони Ӯзбекистон вуҷуд дошт ба номи Ориёно, вале ягон кори мустақилле намекарданд, ваколат ва имконияташон хеле маҳдуд буд, танҳо рӯзҳои ид ягон барномаи фарҳангӣ баргузор мекарданду халос. Ин корро бе марказ ҳам ҳамон барномаи Рангинкамон бо хидматҳои Шарофат Эрматова метавонист кард.

Маркази фарҳангӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон ин марказе нест, ки ақаллиятхои дигар миллатҳо дар Ӯзбекистон доранд, мо мардуми таҳҷоӣ ва тамаддунофари ҳамин сарзамин будем, барои ҳамин Маркази тоҷикон ҳуқуқи бештаре бояд дошта бошад, ки тамоми хостаи фарҳангӣ ва сиёсати тоҷиконро дарбар гиранд, яъне аз ҳукумат ҳаққу ҳуқуқ ва дархостҳои миллии моро бояд талаб бикунад.

Барои ин кор албатта шахсиятҳое даркор, ки ин муаммоҳоро ҳамроҳи ҳукумат роҳи ҳаллашро ёбанд. Барои ҳамин дӯстоне, ки то ҳоло сари кор буданд вале барои ин муаммоҳо дармоне наёфтанд, аз рӯи виҷдон бояд канор бираванд, бигзор фидокороне биёянд, ки метавонанд мушкилкушо шавад, албатта ин хеле мушкил аст, вале воқеияти замон ва аз ҳама беш миллат талаби инро дорад.

Ҳоло барои ин ҳамоишро баргузор кардан, инсонҳое мисли Амина Шарофитдинова, Ҷафар Муҳаммад, Рисқиддин, Олим, Мирасрор, Юнус ва дигар дӯстони фидоӣ, ки ному насабашон аз ёдам рафтааст, вале хуб мешиносам, сипосгузорӣ менамоям, ки вақту зиндагии худро дареғ надошта ин Анҷуманро таъсис додед, барори кор барои шумоён ва умед дорем дар вилоятҳо ҳам, маъракаҳои фарҳангӣ кору фаолияти худро сидқан ва аз нав созанду равнақ бахшанд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s