Ба қалами Амина Шарофиддинова, устод ва фаъоли фарҳангии Самарқанд
Забон муҳимтарин унсури ҳастии миллат аст. Шинохти ҳар халқ аз забони ӯcт. Забон ва маънавият ҷиҳатҳои мутамоиз ва намоёнгари чеҳраи хоси халқ аст. Пояи маънавият ва иқтидори забони халқ мақому манзалати онро дар таърих таъйин менамояд. Мавҷудияти забони миллӣ воқеияти таърихӣ ва иҷтимоӣ буда, дар шинохти қавму халқият ва миллат нақши бунёдӣ дорад.
Забони форсии дарӣ, ки зиёда аз якуним ҳазор сол асолати хешро нигаҳ дошта, рисолаташро барои cоҳибони худ иҷро менамояд, аз ин қабил забонҳост.
Фридрих Георг Вилгелм Гегел – яке аз бузургтарин олимон ва файласуфони Аврупо, Ҷавоҳирлаъл Неҳру (“Назаре ба таърихи ҷаҳонӣ”, Москва, “Прогресс”, 1989), Мӯҳсин Умарзода (“Форсии дарӣ – забони модарӣ, сарчашмаи лоязоли фарҳанги тоҷикон аст”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, 1990) бар он муътакид буданд, ки аз оғоз дар ташаккули таърихи умумиҷаҳонӣ мардуми форсу тоҷик саҳим аст. Ба иборати дигар, форс-тоҷик яке аз нахустин халқҳои таърихӣ ба шумор меравад. Ин халқ боиси рушду пешрафт шудааст, табаддулот кардааст … Дар сарзамини хеш бори аввал нур афкандан (оташро ром карда ба хидмати мардум гузоштан), яқинан, маърифати воқеиро ба миён овардан аз амалкардҳои хориқулоддаи он аст. Ва забони эшон, яъне форсии дарӣ, ҳанӯз дар асри IX-X дар аҳди сомониён шуҳрати калон пайдо кард ва сипас тадриҷан ба хоки Эрони имрӯза низ паҳн гардид. Он дар асри IX-X мукаммал гашта ба адабиёти наву бузурге ибтидо гузошт, ки то имрӯз на танҳо боиси ифтихори тоҷикону эрониён, балки мардуми даризабони Ҳинду Покистон, Афғонистон, Ироқ ва дигар кишварҳо шудааст.
Саид Нафисӣ мегӯяд: “Забони дарӣ, яъне забони имрӯзаи мо дар ҳамон навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз қисми Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда … сипас ба мағриб ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст. Аз ин рӯ, тоҷикон ҳамзабон ва ҳамнажоди мо ҳастанд ва ҳеҷ бегонагӣ ба мо надоранд. Ҳар гоҳ Тоҷикистон (набояд ба маънии маҳдуд фаҳмида шавад, зеро то ибтидои асри XX марзҳо ягона буданд – А.Ш.) бигӯед, мақсуд ҳамон сарзамине, ки аз оғоз ориёни эронӣ ва форсизабон дар ин ҷо зистаанд ва сарзамини аслии забони дарӣ, яъне забони форсии адабии имрӯз аст” (“Таърихи миллати тоҷик”, маҷаллаи “Паёми навин”, Теҳрон, 1343 ҳиҷрӣ, №11-12, саҳ.136-137).
Муҳаммадмуҳит Таботабоӣ гуфтааст: “Ин забон, ки баъд аз забони араб муҳимтарин нақши муассирро дар кишвари исломии ҷаҳон иҷро карда, имрӯз забони расмии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ва шарики меросҳои адабӣ ва фарҳангии ҳама кишвар аст, ки аз канори халиҷи Бангола то кӯҳи Урал ва канораҳои дарёи Азов ва баҳри Адриотик ва савоҳили ғарбии уқёнуси Ҳинд бо асомии (номҳои) мухталифе бар арсаи сиёсии ҷаҳони феълӣ нақши муассиреро бар уҳда дорад. … ва агар форсиро забони эронӣ бихонем, ин сифат наметавонад монеъ аз ин амр бишавад, ки ҳамин забонро дар ҳамин қолаби шинохташуда дар ҷануби рӯди Ому афғонҳо забони дарӣ ва тоҷикҳо дар шимоли ҳамон рӯд забони тоҷикӣ бихонанд.”
Забони форсӣ ҳамон забони форсии дарӣ аст, ки исми комили он дар Балхи Бомӣ, ки буму бари аслии забон аст, ба номи қадимаи “дарӣ” хонда мешавад.
Забони форсӣ ҳамон забони тоҷикӣ аст, ки С.Айнӣ ва М.Турсунзода бад-он сухан гуфтаанд.
Забони форсӣ ҳамон забони Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аст, ки дар Панҷоб “Забури аҷам”-и худро бад-он забон суруда, «Паёми Машриқ»-и худро ба ҳамин забон фиристодааст.
Забони форсӣ ҳамон забонест, ки ҳар сол дар ҷашни мавлуди Мавлоно пайравони Мавлавӣ дар ҷумҳурии Туркия бар турбати поки ӯ гирд меоянд ва “Маснавӣ”-и шарифи ӯро ба забони Мавлоно бо оҳанги дафу най мехонанд ва самоъ мекунанд
Забони форсии дарӣ забони мустақили бостонӣ аст, ки дар Хуросони қадим ҳамзамон бо паҳлавӣ дар Ироқ ва Форс ва Озарбойҷон ва ҳамчун авастоӣ пеши муъбадони зардуштӣ вуҷуд дошта ва бо ҳукумати ашкониён дар Хуросон ба Тайсафун омада ва забони дарбори ашкониён шудааст… ва ҳазору дувист сол ҳама забонҳои маҳаллӣ ва лаҳҷаҳоро пеши роҳи худ бардошт ва ягона забони пухта ва расои кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон шинохта шуд”.
Як гурӯҳ олими шарқшиноси ҷаҳонӣ, чун А.Мейе, И.М.Оранский, Ю.А.Якубовский, В.Н.Розен, В.Лившитс, А.А.Семёнов, А.Ю.Бартолд, А.Фрейман, В.Иванов, А.Манделштам, Е.Э.Бертелс, И.Брагинский, А.К.Боровков, М.Жуковский, Т.Гармкелидзе, В.Расторгуева, Г.И.Ломидзе, С.Айнӣ, Б.Ғафуров, Т.Баҳор, З.Сафо, Л.Пейсков ва чанде дигарон низ дар осори хеш ватани забони форсӣ (Осиёи Миёна, ба хусус, Самарқанду Бухоро), рушд, қудрату имкониятҳо ва густариши онро возеҳ ба қалам додаанд.
Маълуми ҳамагон аст, ки имрӯз ҳар кӣ аз аҳли мусалмон чун ба коре шурӯъ мекунад, новобаста аз миллати хеш, “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим”- ро бидуни тарҷума ба забон меоварад ва ба мисли ин, халқҳои дигари Осиёи Миёна ниятҳои тоҷикии дохили намоз (аз ҷумла, “Ният кардам, бигузорам … ракат намози…”) ё таъбиру шиорҳои тоҷикиро (аз ҷумла, шиори тариқати нақшбандия “Дил ба ёру даст ба кор”) бидуни тарҷума корбаст менамоянд.
Пӯшида нест, ки забони тоҷикӣ дар давоми қариб 1200 сол аз замони сомониён то давраи ҳукмронии манғитиҳо забони давлатӣ ҳисоб меёфт. Гарчанде халқи тоҷик дар давоми ин солҳо дар тасарруфи сулолаҳои туркнажод, яъне ғазнавиҳо, салҷуқиҳо, муғулу темуриён, шайбониҳою аштархониҳо ва манғитиҳо қарор дошт, аммо забони модарии хешро гум накард ва гирифтори тазйиқи ин қабилаҳо нагашт. Маҳз дар охирҳои садаи XIX ҳуҷум ба забону халқи тоҷик оғоз ёфт ва дар замони шӯроҳо доираи фаъолияти забони тоҷикӣ маҳдуд шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз замони зуҳур ва ташаккулёбии худ забони дарӣ (форсии тоҷикӣ) ба шебу фарозҳо ва муҳорибаю фишорҳои бешумори аҷнабиён рӯ ба рӯ шудааст, аммо ҳамеша истодагарӣ карда дар муқовиматҳо пирӯз омадааст. Дар ин бобат басо осор, чи илмӣ ва чи оммабоб, бадеию публитсистӣ ва мақолоти беҳисоб иншо гардидаанд, ки ҳама бар асоси бурҳони қотеъ ва раднопазир пайрезӣ шудаанд. Осори Ибни Қутайба, Табарӣ, Наршахӣ, Истахрӣ, Мақдисӣ (Муқаддасӣ), Низомулмулк, Ибни Фақеҳ, Ҳилол-ас-Сабӣ, М.Баҳор, М.Муин, А.Мирзоев, А.Шишов, Н.Ханников, В.Бартолд, Е.Э.Бертелс, З.Бунятов, Г.Асатрян, Э.Лазо, Н.И.Конрад, К.Ясперс, Б.Потровский, А.Н.Бернштам, И.И.Умняков, Н.А.Кисляков, А.Окладников ва чанди дигар метавонанд мисоли хурди даъвои мо бошанд.
Шарқшиноси рус Н.Павлов дар китобаш “История Туркестана” истеъдоднокӣ ва ҷонсахтии тоҷиконро чунин баён намудааст: “Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама ҷонсахттаранд: кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд”.
Нигорандаи ин сатрҳо дар ин бобат чизе нав гуфтанӣ нестам, зеро аз қаъри таърих то имрӯз чи олимони дохилу чи хориҷи кишвар тадқиқоти мушаххас бурда, фикрҳои заруриро гуфта, ба ин масъала кайҳост, ки нуқта гузоштаанд. Қалам ба даст гирифта коғаз сиёҳ кардани банда муроҷиате аст ба зумрае, ки ба оинаи тамомнамои ҳақиқати таърих рост нигаристан намехоҳанд ва бо ин амали ношоиста рахна бар муносибатҳои дӯстонаи халқҳо мезананд.
Солҳост, ки аз тарафи баъзе шахсиятҳои ғаразкор кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, ки мавҷудияти таърихии тоҷикон ва забону маданияти онҳоро инкор созанд. Ин худбинӣ ва ҷоҳилии эшон солҳо давом карда буд ва ҳатто, мутаассифона, имрӯз низ идома дорад. Ин нукта аз навиштаҳои Л.Т.Салдадзе (“Ибн Сино”), М.Маҳмудов (“Ӯлмас қоялар”), Т.Ҳамид (“Қувғин”), М.Алӣ (“Ӯзлигингни англа”), С.Кароматов (“Олтин қум”), А.Мухтор (“Бухоро торкӯчалари”), И.Иброҳимов (“Биз ким ӯзбеклар”), Ф.Тошев (“Қонунни билмасликми, ё менсимасликми?”), Г.Ҳидоятов (“Крушение Саманидов”) ва монанди инҳо аён аст, ки бо рӯҳияи ҳавобаландии миллӣ, нописандӣ, инкори ҳақиқати кул эҷод шудаанд ва ин мисол, яъне қатрае аз баҳрро танҳо бо мақсади беасос набудани фикри болоӣ ин ҷо овардан лозим дониста шуд.
Аз варақгардонии саҳифаҳои таърих пайдост, ки зуҳуроти миллатгароии туркӣ ва турконидани дигар қавму миллатҳо дар охирҳои садаи XIX ва ибтидои асри XX дар Туркияи усмонӣ инкишоф ёфта, бо мурури замон ба дараҷаи олиаш расидааст. Орзуи ба вуҷуд овардани Туркистони Кабир миллатгароёни Туркияро ором намегузошт. Нақшаи бо кадом роҳе, ки набошад, ба оламиён ҳоким шуданро мекашиданд. Яке аз мисолҳои аёни он бо ин мақсад дар резолютсия (қатънома)-и Кунгураи ҷавонтуркон дар Салоники моҳи октябри соли 1911 таъкид шуда буд, ки “густариши забони туркӣ барои ба турк табдил дода шудани унсурони дигар, яъне халқҳои ғайритурк… воситаи олитарин аст”.
Девид Фрайзер шарқшиноси англис дар китоби “Порс ва Туркия” (Лондон, 1910) навишта буд, ки пантуркистон хостанд ҳатто албанҳо, арманиҳо, яҳудиён, юнониён, арабҳо, суриягиҳо, курду мақдуниҳоро маҷбур созанд, ки аз хусусиятҳои миллии худ даст кашанд, ба халқи ягона мубаддал шаванд, то ки лафзи аслии модарии худро фаромӯш карда, ба забони туркӣ гузаранд. Дар ин бора Мӯҳсин Умарзода дар мақолаи хеш “Ориёно, Туриёно ва сайри андешаи миллатгароӣ” маълумоти муфассалу дақиқро овардааст.
Олимони шарқшинос И.М.Стеблин-Каменский, Джон Шоберлайн, Алп Муҳаммад Зиё, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Р.Раҳимов, У.Ғаффоров низ дар осори хеш ин нукотро борикбинона ба риштаи таҳлил кашидаанд.
Сиёсати зӯровари ӯзбеккунонии аҳолии тоҷикро нодида гирифта намешавад. Ана ҳамин сиёсати зӯроварона барои тақдири тоҷикони Осиёи Миёна бетаъсир намонд. Дар натиҷаи таъқибу тазйиқ ва маҳдудиятҳои рӯйирост, ки боиси тарс, яъсу ноумедй ва нобоварии тоҷикон ба ояндаи хеш гардида буд, қисми зиёди онҳо оҳиста-оҳиста нисбат ба забону адабиёт ва таъриху тақдири миллати худ бетафовут шуданд ва пеш аз ҳама забони таълими фарзандони хешро ғайритоҷикӣ муайян карданд. Чӣ ҷойи руст кардан, ки зидди хоҳиши худ аз рӯйи эҳтиёҷ дар ҳуҷҷатҳо миллати хешро иваз намуданд. Ин ҷараён ба дараҷае расид, ки ифтихори миллии онҳо кушта шуд. Агарчи дар байни мардум шахсони равшанфикру ҳақталош кам набуданд, овози онон аз тарафи ҳукуматдорон шунида намешуд ва тамоми кӯшишот ба кор бурда мешуд, то пеши роҳи фаъолияташон гирифта шавад.
Чашм пӯшидан аз ин рӯйдодҳо аксаран боиси вайрон шудани ҳақиқати таърихӣ мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки таърих худ ҳаками одил аст!
Дар сурате, ки аз пайи нармшавии муносиботи давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам алоқаманд қариб ҳар рӯзу ҳар соат аз минбарҳои баланд дар хусуси барқароршавии адолати таърихию иҷтимоӣ ва дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳарф мезананд, менависанд ва корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд, чунин зуҳуроти ношоистаро, ки зидди сиёсати некбинонаи Президенти кишвар аст, чӣ сон бояд шарҳ дод?
Саҳифаҳои равшану баҳснопазири таърихро имрӯз инкор кардану онро дар оинаи каҷнамо мунъакис кардани як зумра олимони ӯзбекистонии мо чун Шоиста Ӯлҷаева, Шермуҳаммад Эргашев, Ш.Камолиддинов, оҷонсии “Ҳаракат”, Ҳасан аравакаш, Боймирзо ӯғли (номҳои мустаор) ва монанди инҳо баҳри чист? Он чӣ нисбати як халқ (тоҷикон)-и тамаддунофар дар дил доранд, ба забон меоваранд: дилсиёҳӣ, ғаразгӯйӣ, бӯҳтон, бадбинӣ. Эшон бесаводии хешро ба маъраз гузошта, бар замми он бе шарму ибо “Ҳоло ба таъриху маънавияти мо ҳуҷум оғоз гардидааст!” гуфта бонги изтироб задан, “Тоҷикон ҳамон турконе мебошанд, ки забонашонро дар таъсири забони форсӣ гум кардаанд”, “Турк будани авлоди Исмоили Сомонӣ дар асоси далелҳои таърихӣ исботи худро ёфтааст”, “Забони форсӣ ин забони тоҷикӣ нест”, “Ҳоло дар Осиёи Миёна аз рӯйи нуфуз ӯзбекон зиёданд ё тоҷикон? Кадоме аз эшон соҳиби таърихи куҳан мебошанд?” гуфтани онҳо ба ягон чорчӯбаи илму мантиқ рост меояд магар? Ҳатто чанд нафари инҳо аз истифодаи суханҳои ҳақоратомез худдорӣ намекунанд, ки ин ҷо оварданашро лозим надонистем. Чӣ зарурате пеш омадааст, ки ҳоло ин ашхос ба талвоса афтодаанд? Аз ин ва дигар ҳарзагӯйиҳо чӣ мақсад доштани онҳоро, ки умуман асоси илмӣ надорад, пай бурдан душвор нест. Бар замми ин, нафароне аз инҳо пешниҳоде барои Аадемияи улуми ҷумҳурии Ӯзбекистон доранд, ки ин масоил аз тарафи олимон омӯхта шуда, ҳарчи бештар мақолаҳо марбута дар шабакаҳои интернетӣ гузошта шаванд, то ки мардум ҳақиқати ҳолро донанд.
Бигузор чунин бод! Бо вуҷуди ин, таърихро ҳеҷ як “олими ҳақпараст” бо хости худ наметавонад иваз кунад. Ҳақ ҳамеша дар ҷояш мондаасту минбаъд ҳам хоҳад монд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, баҳамоӣ, ки аҳли пешрафтаи дунё аз пайи он афтодааст, кашмакашу “аз они ману аз они ту” гӯйиҳои ин зумра ба чӣ маънӣ аст?
Айбу шарм ҳам чизи хуб, олимони муҳтарам! Бояд бидонед, ки форсию дарию тоҷикӣ бе шакку шубҳа як забони воҳиданд. Ва тоҷикон на он турконеанд, ки дар таъсири забони форсӣ забонашонро гум карда бошанд! Тоҷикӣ ҳамон форсӣ аст, ки шумо мехоҳед инкораш кунед.
Дар хусуси як забони воҳид, яъне забони тоҷдорон ва дарбор будани тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ олими барҷастаи ховаршинос И. М. Стеблин-Каменский мегӯяд: “Ин пурсиш, ки “оё забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ як забон ҳастанд ё се забон?” ба назари ман, пурсиши бемаъное аст. Он чӣ мусаллам ва комилан равшан аст, ин аст, ки ин ҳар се вариантҳои (тарзу гӯйишҳои) як забони воҳид мебошад. Вожаҳое, ки дар Теҳрон ё Душанбе истифода мешаванд, (вариантҳои) муродифи як забон ҳастанд… Ба иборате ҳар сеи инҳо ҷузъҳои ҷудонашуданӣ аз як решаи комил ҳастанд, аммо гаройишҳои гӯйишӣ (талаффузӣ) доранд”. Яке аз олимони маъруф ва шоири афғон Беранги Кӯҳдоманӣ низ бар ин ақида буд: “Ба асл, ба реша ва сарчашмаи забон бияндешем. Афсонаи пучи “форсӣ”, “дарӣ”, “тоҷикӣ”-ро бовар накунем. Аз як забони воҳид савдогарона се забон насозем…” (У.Ғаффоров, “Забони дил”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, 1990).
Сухане, ки ба забон оварда мешавад, дар чорчӯбаи ақлу хирад бояд бошад, вагарна:
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
Беҳуда нест, ки забонро “шоҳиди ҷилвагоҳи дил” гуфтаанд. Ба ин маънӣ Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Сухан шоҳиди ҷилвагоҳи дил аст,
Халосӣ аз он ҷилвагоҳ мушкил аст.
Аз ин боис, пиндорро нек бояд кард, ки гуфтору рафтор аз он падид меояд. Ба ин маънӣ Ҷомии нуктадон мегӯяд:
Замирамро сипосандеша гардон,
Забонамро ситоишпеша гардон.
Рафиқони болоӣ оё медонанд, ки ин миллати бегуноҳи “пургуноҳ” ва пурбардоштро Юнону мақдуниён, арабҳо, муғулу кӯчманчиён истило намуда, гирифтори таъқибу таҳқир ва беадолатиҳо намудаанд? Хусусан, тӯли як асри охир дар бобати тоҷику тоҷикшиносӣ басо каҷгуфториву каҷрафториҳо шудаанд, ки халқ аз ин ҳама хаста шудааст ва ҳоҷат ба бод додани коҳҳои кӯҳна нест, зеро имрӯз он бидуни зиён чизе нахоҳад овард.
Лозим донистем, ки иқтибосеро аз мақолаи М.Умарзода (“Форсии дарӣ – забони модарӣ, сарчашмаи лоязоли фарҳанги тоҷикон аст” (“Ҳақиқати Ӯзбекистон”, 1990) биёварем, ки ҷавобе хоҳад буд бар он олимони “забардасти” мо: “Зиёда аз панҷоҳ нафар адибони барҷастаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла, Валентин Распутин ва Сергей Баруздин, Григол Абашидзе ва Силва Капутикян, Борис Олейник ва Нил Гилевия, Рамз Бобоҷон ва Темур Пӯлодов, Олжас Сулаймонов ва Ион Друтсе, Давид Кугултинов ва дигарон дар рӯзҳое, ки баҳсу мунозираҳои шадид перомуни ба форсии тоҷикӣ додан ё надодани мақоми давлатӣ ба авҷи худ расида буд, ба Тоҷикистон номае фиристоданд, ки дар он баробари баёни вазъи имрӯзаи забонамон, гуфта мешуд: “Тоҷикон ба забони модарӣ осори арзишманди беш аз 35-асра доранд… забони тоҷикон яке аз забонҳои қадимтарин ва нодиртарини дунёст, ки дар моварои қариб даҳ садаи охир алорағми фишору забткориҳои аҷнабиён ба марзу бумаш аз олудагиҳою ғаждиҳо эмин монд, якпорчагии худ, таркиби грамматикӣ, хусусиятҳои савтиёти худро нигаҳ дошт. Мулоҳиза фармоед: офаридаҳои адибони асрҳои IX-X, ки шомили барномаи мактабанд, барои талабаи имрӯзаи тоҷик комилан фаҳмоянд ва эҳтиёҷи тарҷума надоранд… Халқи тоҷик табиатан истеъдоди аҷиби забономӯзӣ ва анъанаҳои ғании муносиботи муштараки адабию фарҳангиро дорост. Тоҷикони бостон забони халқҳои мадании дунёро меомӯхтанд, осори адабию фарҳангии юнонӣ, санскрит, арабӣ, чиниро ба забони худ тарҷума мекарданд. Ва бисёр ёдгориҳои адабии ҷаҳонӣ, ки нусхаҳои аслашон то ба мо нарасидаанд, маҳз ба шарофати ҳамин тарҷумаҳо барои наслҳои имрӯз боқӣ монданд…
Гузаштагони халқи тоҷик дар рушду нумӯи адабиёти башарӣ саҳми пурарзиш доранд. Жанрҳои мухталифи адабиёти асри миёна дар доираи ҳамин забон арзи вуҷуд карданд ва шукуфо шуданд…”
То ин дам дар бораи чунин амалиёти номатлуби ин як гурӯҳи фитнаангез, хусусан олимон Ш.Эргашев, С.Камолиддинов, Ш.Ӯлҷаева, ки асос ба норозигии мардуми тоҷик гаштааст, чаро идораҳои расмии кишвар, васоити ахбори оммавӣ ва олимони дақиқназар хомӯширо ихтиёр кардаанд?
Магар аз олитарин намунаи пайванди риштаҳои қавӣ ва ногусастании устоду шогирдӣ, дӯстӣ ва рафоқати байни Ҷомиву Навоӣ чашм метавон пӯшид, ки онро ҷаҳон эътироф кардааст? Ин буд, ки Ҷомӣ дар бобати муносибати наздику дӯстонаи худ бо Навоӣ гуфта буд:
Ӯ, ки як турк буду ман тоҷик,
Ҳар ду доштем хешии наздик.
Ва ё муносибатҳои самимии устоду шогирдона ва дӯстонаи Садриддин Айнӣ бо Шароф Рашидов сохтаю бофта буд? Халқҳои тоҷику ӯзбекро ба ду тори як дутор монанд кардани Мирзо Турсунзода ва ба ду мағзи як бодом шабоҳат додани Комил Яшин чӣ? Таърифҳои дар ҳаққи тоҷикону ӯзбекон додашудаи “ду соҳили як дарё”, “ду сафҳаи як китоб”, “ду мисраи як байт” асоси воқеӣ надоранд?
“Тоҷикон ва ӯзбекон, ки ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки ӯзбекон аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи ӯзбек файзёб буданд; хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳамчунин давраи асримиёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова бар сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқӯъ пайвастааст. Бо вуҷуди ин, ду халқ ташаккул ёфт, ки имрӯз ба миллатҳои сотсиалистии тоҷик ва ӯзбек мубаддал гардидааст.” (Б.Ғафуров, “Тоҷикон”).
Ҳанӯз аз охирҳои ҳазораи якум дар минтақаи Осиёи Миёна умумияти ба худ хоси унсурҳои эронию туркӣ ба амал меояд. Аз асри X то замонҳои навтарин агарчи ҳокимият ба туркҳо тааллуқ дошт, аммо забон, давлатдорӣ ва маданият воҳидҳои тоҷикӣ буданд. Ин анъана яке аз сабабҳо буд, ки дар таркиби луғавии забонҳои туркӣ фаровонии луғати тоҷикӣ-форсӣ дида мешавад. Танҳо мисоли зерин кифоя аст то бубинем, ки чӣ сон ӯзбекон аз номи дӯкону бозор ва нозу неъмати рангоранг чун анор, анҷир, арзан, беҳӣ, бодом, бодиринг, гӯшт, гелос, занҷабил, зардолу, зардоб, зира, май, карам, мош, кунҷид, лӯбиё, нон, нок, нахӯд, олу, олуча, пиёз, сабзӣ, сирко, тарбуз, тут, турб, шафтолу, шакар, шалғам, шибит, ҷигар, ҷувориро ҳам худ истеъмол мекунанд ва ҳам дар забони хеш бе тарҷума истифода мебаранд.
Имрӯз барои ду кишвари аз ҳар ҷиҳат ба ҳам сахт марбутаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон марҳилае аст тақдирсоз ва зарурате пеш омадааст, ки аз ҳақиқати таърихӣ гурезон нашуда, баръакс, ба он рост нигариста баҳои холисона мебояд дод. Эҳсос бояд кард, ки устувории муносибатҳои дӯстиву ягонагии халқҳо дар ҷасорату кушодарӯйӣ, ҳақгӯйии илмию инсонӣ ва кушодадилию софкориҳост. Танҳо ҳамон вақт дар натиҷаи ин рӯйдодҳои шоёни таваҷҷуҳ, ки сафед сафеду сиёҳ бо номи худ тан гирифта мешавад, барқарории муносибатҳои ҳақиқии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек таъмин хоҳад гашт.
Дар ин ҷода фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев “Дар бораи стратегияи амалиёти муртабит бо рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (07.02.2017) ва “Дар бораи чорабиниҳои такмили минбаъдаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ” (19.05.2017) тақозои замона ва далели сиёсати хирадмандона буда, амният, ҳамдилии байнимиллӣ ва кушодадилии диниро таъмин менамояд. Ин дастурҳо аз пайи сиёсати оқилона таҳияи консепсияи самтҳои афзалиятноки сиёсӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллиро дар назар дошта, ба ҷомеа такони сахте хоҳад дод.
Дар китоби Шавкат Мирзиёев ба номи “Таҳлили танқидӣ, интизоми қатъӣ ва ҷавобгарии шахсӣ бояд меъёри ҳамарӯзаи фаъолияти ҳар як раҳбар бошад” манфиатҳои инсон аз ҳама боло гузошта шудааст. Инчунин “Роҳи бозгашт ба қафо нест, мо тамоми пулҳои пушти сарро сӯзондем!” (Маърӯзаи таърихӣ бахшида ба 25-солагии конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) гуфтани сарвари кишвар суханоне буданд зулматшикан, ки ба мизони адолат баркашидаву ба некӯаҳволии халқи Ӯзбекистон нигаронида шудаанд. Ин сиёсати одилонаи Президенти кишвар бар дили ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла, мо тоҷикон тухми умед мекорад.
Забони тоҷикӣ ниёз ба истиқлолият дорад, ки инро алоҳида бояд таъкид кард. Он солҳои 20-уми асри гузашта истиқлолиятро ба даст овард, ки он, албатта, нисбӣ буд ва солҳои 90-ум бошад истиқлолияти комилро соҳиб гашт. Он ҳам бошад дар Тоҷикистон. Аммо аз ин истиқлолияти комил тоҷикони Ӯзбекистон бархурдор набуданду то ин дам низ нестанд. Ба тавре дигар гӯем, забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон соҳиб надорад, ки ин ҳақиқат аст.
Барҳақ, имрӯз ин забони тоҷикӣ эҳтиёҷ ба ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат дорад. Ин маънӣ, яъне “миллат ва забони ӯ дар ҳимояти давлат аст” ва ҳуқуқи соҳибзабонон дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонуни забони давлатӣ низ акси худро ёфтааст.
Бо вуҷуди он, ки дар макотиби миёнаву олии ҷумҳурии Ӯзбекистон тадрис ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, матбуоти даврӣ амал мекунад, осори пурбаҳои эҷодкорони зиёде рӯйи чопро мебинад, аммо аз рӯйи ҳақиқат бояд баҳо дод, ки забони тоҷикӣ то ин дам ғайри соҳибзабонон, ки баҳри пойдории он пайваста талош меварзанд, дар ҷумҳурӣ харидоре дигар надошту надорад. Ҳоло умеди инкишофу густариши забони модарии мо пайдо гаштааст ва амалҳои вобаста ба таҳкими дӯстиву равобити ҳартарафа бо ҷумҳурии ҳамдилу ҳамзабони Тоҷикистон дилҳои сарду тира гаштаро гармиву рӯшанӣ мебахшад.
Вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ бояд ба риштаи таҳлил кашида шавад, бо ҷиддияту масъулият сари масъалаи пойдориву густариши он мебояд андешаронӣ ва чораҷӯйӣ гардад. Суоле ба миён меояд: кӣ, кай, чӣ тавр онро ба сомон расонад? Посух чунин мебояд: Ҳукумат, соҳибзабонон ва аҳли ҷомеа!
Баъзе аз роҳҳое, ки кушоиши гиреҳҳо хоҳанд буд:
1. Маълум аст, ки таърихро халқ, шахсиятҳои алоҳида меофаранд, ки ҳар кадоме номус ва шарафи миллатанд. Ҳар он бойгонии миллиеро, ки дар ихтиёр дорем, бар ивази маҳрумиятҳои ҳазорон-ҳазор мардони шарафманди ана ҳамин миллат бароямон расида ва навбати мост, ки сазовориро ба ин неъмати бебаҳо собит созем. Мо – соҳибзабонон бояд беҷуръатӣ ва беҳавсалагиро аз худ дур карда, дарки он кунем, ки марги миллат аз марги забон сар мешавад ва марги забон бошад аз беномусии соҳибзабонон (Гулрухсор Сафиева). Пас масъулият, ҳиссиёт ва ифтихор бояд дошт. Масъулият дар боби ҳифзи забону миллати хеш дошта бошем, ки ғайр аз худамон касе дигар ин миллати дар тӯли таърих таҳқиршударо пуштибонӣ нахоҳад кард. Он ба ғамхориву парастории соҳибони хеш сахт эҳтиёҷ дорад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нагуфта:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат Худо коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
“Худшиносӣ асоси хирадмандист”, — гуфта буд К.Маркс. Бале, бисёр масъалаҳо доири ҳақиқати ҳаётӣ, муносибат ба миллати хеш ва тақдири гузашта, имрӯзу фардоина инчунин ҷойгоҳи он дар дунё ба ана ҳамин хирадмандии воқеӣ вобаста аст. Эҳсос бояд кард, ки чӣ сон тоҷикон месохтанду дар давоми асрҳо аҷнабиён он ҳамаро бераҳмона месӯхтанд. Ҳа, ҳар лаҳза эҳсос шавад, ки забони биҳиштии ин халқи пурармон соҳиб дорад ва дар ҷаҳонишавии он даст бояд дошт. Ифтихори миллӣ бояд дошт, ки он яке аз нишонаҳои ватандӯстист. Оре, ифтихор бояд кард, ки “ин миллати шарафманд ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ замон ҷангҷӯй набуд, зидди ягон халқу кишвар наҷангида, инчунин мушоҳидакору тамошогару ғайрифаъол набуд. Вай аз қабат-қабат хокистари қарнҳо чун лахча аланга зада, мисли Офтоб нури зиё пошида, дар таърих саҳифаҳои рангини худро сабт намудааст. Ақли мунаввар, дили бекинаю бебаҳру бар, нияти поку дастони пурэъҷозу бунёдкору тамаддунсоз, маънавият ва ахлоқи воло ин миллатро шарафманд намудаанд” (М.Лутфуллоев, “Шарафномаи миллат”).
2. Забони модариамонро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ арзиши волотарини фарҳангӣ дониста, онро аз кӯчаву бозор бояд ба дарбор кашид, зеро он худ забони дарбор буд. Чун Қонуни забони давлатии Ӯзбекистон ба он имкон медиҳад, ин забонро дар маҳалҳое, ки тоҷикон сарҷамъ зиндагӣ доранд, бояд ба забони минбар табдил дод. Шиор, даъват, навиштаҷотро дар марказҳои маҳалла, чойхонаву маҳалҳои савдо, ҷойҳои ҷамоатӣ, муассисаҳои таълимӣ, идораву ташкилотҳое, ки кормандону корафтодагон асосан тоҷикзабонанд, ба тоҷикӣ мебояд навишт. Дар бахшҳои ҳуҷҷатнигориву дафтардорӣ, таълиму тарбия, васоити ахбори оммавӣ ва нишасту ҷамъомадҳои сатҳҳои гуногун мавриди истифодаи васеъ қарор бояд дод ва бад ин васила нуфузу мартабаи онро зина ба зина боло бурд. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама саводхонии ҳуқуқии мардумро бояд баланд бардошт, ки на ҳама аз ин ҳуқуқҳои хеш бархурдоранд. Дар ёд бояд дошт, ки миллатро бо се ҷиҳат метавон кушт ва ё эҳё кард: чашму гӯшу забон.
3. Сарҷамъона, яъне оила, маҳалла, мактаб аз ҳам гиламанд нашуда, бори гарони забону миллатро бар дӯши якдигар бор накарда, ҳар кадом аз рӯйи ҳиммат бояд бикашад. Аввалан, то волидайн миллатдӯст набошанд, аз фарзандон чиро умед метавон кард. Дувум, омӯзгорон ба садои қаъри дили хеш гӯш бидиҳанд ва сараввал ба ислоҳсозии дунёи ботинии хеш бипардозанд, сипас якҷоя бо волидайн дар пайи боз намудани дарҳои замоне басташудаи синфҳои тоҷикӣ бошанд. Сониян, дар боғчаҳои бачагона таълиму тарбияро ба забони модарӣ ба роҳ монанд, ки дар қонунҳои давлатӣ ин ҳуқуқи мардум таъмин карда мешавад.
Халқи мо борҳо аз имтиҳони таърих гузаштааст ва ҳоло низ навбати имтиҳон расидааст. Рисолат ва нақши мо – инсони комил будан, ки он бо донистани гузаштаи аҷдоди худ, омӯзиши таърихи халқу сарзамин, расму русум ва аз дину оини хеш воқиф будан вобастагӣ дорад.
Муҳаққиқ ва шоир Парвиз Хонларӣ дар номааш ба писари хеш менигорад: “… агар намехоҳем якбора нобуд шавем, бояд дар пайи он бошем, ки барои худ шаън ва эътиборе ҷуз аз роҳи моддӣ ба даст биёварем, то дигарон ба мулоҳизаи он моро ба чашми эътино бингаранд ва ҷониби моро муроот кунанд ва агар инқилоби замона моро ба вартаи нобудӣ кашад, боре ояндагон нагӯянд, ки ин мардум лоиқ ва сазовори чунин сарнавишт буданд.
Ин шаън ва эътиборро ҷуз аз роҳи дониш ва адаб ҳосил наметавон кард. Миллате, ки рӯ ба инқироз меравад, нахуст ба дониш ва фазилат беэътино мешавад…
… ҳанӯз барқи орзу дар чашми ҷавонон медурахшад. Орзуи он, ки бимонанд ва сарафроз бошанд. То чунин шӯре дар дилҳо ҳаст, ҳамаи бадиҳоро саҳл метавон гирифт. Оянда ба дасти эшон аст ва ман орзу дорам, ки фардо ту ҳам дар сафи ин касон дароӣ, яъне дар сафи касоне, ки бо қадр ва шаъни худ пай бурдаанд. Медонанд, ки агар барои кишвар обрӯе намонад, худ низ обрӯ нахоҳанд дошт. Медонанд, ки барои касби ин шараф кӯшиш бояд кард ва ранҷ бояд бурд.
Орзуи ман ин аст, ки ту ҳам дар ин кӯшишу ранҷ шарик бошӣ. Мардона бикӯшӣ ва бо ин душмани дарун, ки фасод аст, ба ҷанг бархезӣ. Агар дар ин пайкор пирӯз шудӣ, душмани берун коре аз пеш нахоҳад бурд; ва гирам, ки бар мо битозанд ва кори моро бисозанд, боре ин қадр бикӯшем, то пас аз мо нагӯянд, ки муште мардуми паст ва фурӯмоя буданд ва ба мондан намеарзиданд:
З-он пеш, ки дасту по фурӯ бандад марг,
Охир кам аз он, ки дасту пое бизанем.”
4. Забони тоҷикиро ба забони илм бояд мубаддал гардонид. То даме, ки забони тоҷикӣ ба забони илм табдил намеёбад, пояи иҷтимоии он заиф хоҳад монд ва азбаски истифодаи забон дар ин ришта маҳдуд аст, хоҳ-нохоҳ ҷойи онро забони дигар ишғол мекунад. Сари ин масъала пеш аз ҳама олимони мо бояд бияндешанд, тавре ки, шӯроҳои илмии дифоъ амал кунанд, дастуру адабиёти зарурӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои омӯзгорони муассисаҳои таълимй офарида шаванд…
5. Барои мутахассисон ва толибилмон мебояд вожаномаҳои соҳавӣ, тафсилӣ, этимологиро тартиб дод, ки эҳтиёҷ ба онҳо хеле афзудааст. Зарурати онҳо дар таҳияи китобҳои дарсӣ, ки сатҳи онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, бештар эҳсос мешавад. Хусусан, китобҳои дарсие, ки ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд, мисоли даъво шуда метавонанд. Бештари тарҷумонҳо аз низоми истилоҳоти забони тоҷикӣ бехабаранд ва бо вуҷуди калимаю мафҳумҳоро ба тоҷикӣ гардонидан қолаби забони асл нигоҳ дошта мешавад, ки ин тамоман нодуруст аст.
6. Баҳри тозагии забон бояд бо ҳар восита пайваста камарбаста буд. Танҳо як мисоли барномаи “Чашми дил”, ки 20.10.2018 ба воситаи телевизиони Самарқанд намоиш дода шуд, кифоя аст, ки чӣ андоза махлутии забони мардум ва дар гуфтори забони модарӣ азоб кашидани аҳли маорифу донишомӯзони макотиби ноҳияи Самарқандро бубинем. Пеш аз ҳама бояд ба мутолиаи китоб бештар пардохт, ки роҳҳои ба он ноил шуданро муаллифи ин сатрҳо дар мақолаи доманадори хеш “Ҳақиқате чанд дар бобати китоб” (“Овози Самарқанд”, 25, 28.05 ва 02, 04.06. 2016,№№42-45) пешниҳод кардааст. Обуна ба рӯзномаҳои тоҷикиро бояд қарзи виҷдонӣ донист, зеро ки рӯзнома оина ва забони миллат аст.
7. Дар мактабҳои миёна ва олӣ (ақаллан дар гурӯҳҳои тоҷикӣ) таълими таърихи халқи тоҷик ҷорӣ карда шавад. Чаро не?
Фарзандон таърихи халқҳои дигарро омӯхта фаровон маълумот мегиранд, ин дуруст, аммо таърихи гузаштаи худро фаро нагиранд, зоти худ, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумашонро надонанд, онҳо ба кӣ табдил меёбанд? Ба оне, ки ноогоҳ аз хотираи гузашта, дур аз асли хеш, бепарво, бемасъулият, фориғ аз ғами фардо, яъне манқурт. Омӯхтани таърих на танҳо барои гузаштаи худро донистан, балки барои ояндаи дурахшони халқу кишвар зарур аст. Оё миллат аз гузаштаи хеш, ки бо миллатҳои гуногуни минтақа марбут аст, сабақ нагирифта ояндаашро муайян сохта ва беш аз пеш камарбастаи ривоҷу нашъунамои кишвари азизи худ гашта метавонад?
Ҳатто ба воситаи телевизиони ҷумҳурӣ низ пайваста филмҳое намоиш дода мешаванд, ки бозгӯйи таърихи халқҳои кореӣ, турк ва ғайраанд, аммо кай филмҳое дар сатҳи баланди нақлкунанда аз таърихи халқу кишвари хешро тамошобини ҳассос ба дидан муяссар мешавад?
8. Номҳои ҷуғрофӣ вобаста ба қисмати таърихии гурӯҳи мардум ва ё халқу миллат пайдо мешаванд, ё зуд аз байн мераванд ва ё умри тӯлонии чандҳазорсола ба сар бурда, бо таърих ва тамаддуни мардуми ин марзу бум печ мехӯранд ва тарзу равиши ташаккулёбии онро ифода менамоянд. Гоҳо шаклан онҳо дар муҳити забон ва лаҳзаҳои гуногун чунон тағйир меёбанд, ки шинохт ва дарёфти маъниашон мушкил мегардад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мувофики Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1989) ҳамин номҳои таърихии маҳалҳо сарвати миллии халқ дониста шуда таҳти ҳимояти давлат қарор гирифтааст. Ин масъала дар таҳрири нави Қонуни забон (1995), инчунин дигар қонуну қарорҳои мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ боз ҳам мушаххастар баён ва таъриф гардидааст.
Номҳои кӯчаю маҳал, иншоот худ аз худ гузошта намешуданд. Онҳо характери маълумотдиҳанда (информатсионӣ) дошта, эътирофу эҳтироми мардумро ба шахсияту мавзеъ ва зуҳуроти ҷолиби маҳал ифода мекарданд, яъне мардум номи мақбулро мепазируфт ва кор мебурд. Масалан: Сӯзангарон, Қамчинон, Зингарон, Кулолон, Оҳангарон, Косатарошон, Заргарӣ аз пешаи бошандагони ин макон, Урганҷӣ, Зоминӣ ишора бар он аст, ки қисме аз аҳолии ин маҳалҳо аз ҷое омада ин ҷо маскун шудаанд. Хулоса, дар ҳамин аст, ки номгирии маҳал ё дигар ҷоҳо ҳама вақт ҳам бо қарори ҳукумати маҳаллӣ вобастагӣ надорад. Бинобар ин, маъмурони шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳои комитетҳои иҷроия бояд бидонанд, ки вақти номгузорӣ ва ё дигаргун кардани номи кӯча, маҳал ё иншооте фикри аҳли ҷамъият ба ҳисоб гирифта шавад. На ин тавре, ки бо қарори ҳукумат беасосу бе маслиҳати аҳолӣ номи қадимаи мавзеи Хишрав (Хиштрав, Хиштраҳ), ки тақрибан таърихи шашасра дошт, ва чанд мавзеъ дар Самарқанд иваз карда шудааст, ки боиси нофаҳмию норозигии мардум гардид. Имрӯз низ хавфи дигаргун гаштани боз чандин мавзеъ, ки номи тоҷикию таърихӣ доранд, мавҷуд аст.
9. Алишер Навоӣ дар “Муҳокамат-ул-луғатайн”-и хеш мегӯяд: “…форсӣ, туркӣ ва ҳиндӣ сарманшаъи забонҳо, муътабар ва аз забонҳои асиланд”. Ба забони форсӣ баҳои баланд додани вай аз шеъри поин аён аст:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои симин, гар бингарӣ.
Гӯиё дар растабозори сухан бикшодаам,
Як тараф дӯкони қаннодиву як сӯ заргарӣ.
Ин нукта дар тадқиқоту суханрониҳои бузургони халқҳои бародар борҳо мавриди таъкид қарор гирифтааст: “Агар Алишер Навоӣ дар асри XV адабиёти ӯзбекро ба маснад нишонда, асосгузори он шуморида шуда бошад, асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ аллакай дар асри X ин рисолатро ба сомон расонида буд ва он барои ба вуҷуд омадану тараққӣ ёфтани адабиёти мо чун замина хизмат кардааст. Пас чаро қадимӣ ва бузургии ин халқу адабиётро тан нагирем ва аҷр нагузорем?” (Шоислом Шомуҳаммедов, мунаққиди адабиёти ӯзбек). Ва ё “Он адиби ӯзбек, ки забону адабиёти форсу тоҷикро ба хубӣ аз бар накардааст, онро ба сифати эҷодкори асил тан нахоҳам гирифт”(Эркин Воҳидов, шоири ӯзбек).
“Мардуми тоҷик асрҳои аср дар байни халқҳои атроф хату савод, фарҳанг, одобу услуб паҳн кардаанд. То инқилоби октябр дар ӯбаи туркманҳо, дар қишлоқи ӯзбекҳо, дар авули қазоқҳову қирғизҳо ҳар ҷо мактабе бошад, аксаран мактабдор аз тоҷикон буд, ҳар ҷо муллое ба назар расад, низ аксаран тоҷик буд, калонтарин муллоҳои ин халқҳо ҳамонҳое буданд, ки дар мадрасаҳои Бухоро дар дасти мударрисони тоҷик таҳсил дидаанд. Тоҷикон муаллими ҳамаи мо, устоди моанд” (Берди Карбобоев, нависандаи туркман, соли 1973).
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки чӣ сон халқи тоҷик ва забону адабиёти гаронбаҳои он эътироф гардида, сазовори баҳои баланд гардидаанд.
Ин ҳамаро ба ҳисоб гирифта, дар мактабҳои ҷумҳурӣ, ки таълим ба забони ӯзбекӣ аст, ба роҳ мондани омӯзиши адабиёти гаронбаҳои тоҷикӣ аз суде беш нахоҳад буд ва ин амал дар мустаҳкамшавии муносибатҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек хизмат хоҳад кард. Ин равия кайҳост, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ амалӣ гаштааст, яъне аз синфи I сар карда то синфи XI зиндагинома ва осори Алишери Навоӣ, Бобур Мирзо, Муқимӣ, Машраб, Абдулло Қодирӣ, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Ӯткур Ҳошимов, Худойбердӣ Тӯхтабоев омӯзонида мешавад.
10. Маълум аст, ки миқдори мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ дар замони истиқлолияти кишвар аз 386 (то он вақт шумори он ба 500 мерасид) бо сабаби дигар кардани забони таълим ба 245 адад коҳиш ёфтааст, яъне иҷборӣ фарзандони тоҷик дар синфҳои ғайритоҷикӣ таҳсил мегиранд ва табиист, ки онон аз имконияту нозукиҳои забони модарӣ ва адабиёти халқи худ бебаҳраанд. Агар ба ин толибилмони тоҷик, ки дар синфҳои ғайр таълим мегиранд, ҳафтае ду соат забону адабиёти тоҷикӣ таълим дода шавад, амали одилона ва хайре мебуд.
11. Ному насаби шахс вакили кадом халқу миллат будани ӯро муайян мекунад ва ин эҳсоси шараф ва як навъ масъулиятро бар дӯши соҳибном мегузорад. Яъне: Семёнов — рус, Багдасарян — арман, Шеварнадзе — грузин, Темирбой ӯғли — ӯзбек, Сабоҳӣ, Бузургзода — тоҷик. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ному насабгузории миллӣ, яьне тоҷикона расман манъ нашудааст, аммо қонунҳои нонавиштае амал мекунанд ва ба касе пӯшида нест, ки соҳибмансабон дар ин ҷода мамониатҳо пеш меоваранд. Идораҳои қонунгузор бояд дар ин робита чораҳои зарурӣ бияндешанд.
12. Мавриди ёд оварданист, ки 22 июли соли 1989 Ҷумҳурии Тоҷикистон дувумин шуда дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун дар бораи забони давлатиро қабул кард, ки ин қадаме буд гузошташуда ба пеш. Таъкид бояд кард, ки ҳамон вақт мувофиқи ин қонун дар қаламрави Тоҷикистон се забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ расмӣ шуда буд.
Месазад, ки дар қаламрави Ӯзбекистон низ ба забони тоҷикӣ дар ҷойҳое, ки мардум сарҷамъ зиндагӣ доранд, расмият дода шавад. Бо ин амал осебе ба забони давлатӣ нахоҳад расид ва қадру эътибори он заррае ҳам кам нохоҳад гашт. Ин яке аз талабҳои маркази фарҳангии тоҷикони Самарқанд дар солҳои 90 буд, ки иҷрошуданӣ будани онро ҳокимияти собиқ ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд бо қарори Иҷлосияи депутатҳои хеш исбот карда буд.
13. Забондонӣ, адабиётфаҳмӣ ва таърихро чуқуртар аз бар кардани мардум бо донистани алифбои ниёгон вобастагии зич дорад, зеро осори гаронбаҳо ва беҳисобе, ки солҳост дар шуъбаҳои дастхатҳо, бойгониву осорхонаҳо ва дар дасти ашхоси алоҳида маҳфузанд, мунтазири мутахассисҳоянд ва бозгардону бознашр намудани онҳо амри муҳимест, ки аз ин чашм наметавон пӯшид. Баҳри пиёда кардани ин мақсадҳо тарбияти мутахассисон беш аз пеш зарур аст. Пас ба ин масъала ҷиддан назар карда, дар муассисаҳои таълимии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, чун солҳои начандон дур, аз нав таълими фанҳои эски ӯзбек ёзуви ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Тамоми пешниҳодоти мо ба иҷро расиданист ва баҳри он танҳо бо назари хайр нигариста, имкониятҳо бояд ҷуст, на баҳона. Танҳо ҳамон вақт дӯстии ҳақиқӣ, на забонии байни ду халқи аз ҳар ҷиҳат ба ҳам муштарак таъмин хоҳад шуд.
Зинда бод чашмони ҳақбин ва дӯстии байни халқҳо – қувваи созанда ва нерубахш!
17.11.2018
Амина Шарофиддинова, Самарқанд
Рубрики:Адабиёт, Забони модарӣ