Ҳаким Раббимпур
Сӯҳбати нависанда ва рӯзноманигор Шаҳзодаи Самарақандӣ бо яке аз фидоии фарҳанг ва ҳастиву ҳувияти тоҷикон дар Самарқанд ва Ӯзбекистон Амина Шарофитдинова замоне ба нашр расид, ки дар ҳақиқат вазъияти тоҷикони ин макон хеле дилгиркунанда шудааст, кор ба ҷое расидааст, ки дӯ рӯзномаи бонуфузи мо, “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд”, гарчанде ҳукуматӣ ҳастанд, вале ҳарчи ҳаст, ойинаи миллии мо мебошад, дар ҳоли бастан аст.
Ҳоло ҳукумат қароре баровард, ки тарғибу ташвиқи обуна барои корхонаву муассисаҳо манъ аст, мардум ба ин одат карданд; модоме, ки хамин тавр бошад ва рӯзнома аз ҳисоби мардум бошад, муҳарририят ҳам бояд дилу хости мардумро ифода бикунанд, вале ҳоло мебинем аксарияти кормандон ҷавобгӯи замона ва воқеият нестанд, ҳамон пойбанди ҳукумат ва кумитаи бехатарӣ (амниятӣ) ҳастанд, тамоми корашон аз қолаби ин идораҳо кашида берун намеравад, бо хатти кашидаи онҳо мераванд. Пас кӣ ба ин рӯзнома обуна мешавад, ки ҷавобгӯи мардум бошад, ба ҳар ҳол фидоиён, чи набошад ҳам, ҳоло рӯзномаро дастгирӣ карда истодаанд.
Дар вақташ мо ин рӯзномаро бо чӣ сахтиҳо таъсис дода будем, нафароне мисли Ҳаёт Неьмат, М.Мирсаидов, Азиза Юсупова, Ӯктам Бекмуҳаммадов, банда Аҳмадиён Ҳаким Раббимпур, Хуршед Маҳмудов, Амина Шарофитдинова, Ӯктам Иброҳимов, Зоҳир Ҳасанзода, Салим Кенҷа, Рауф Маруфӣ ва дигар дӯстоне, ки дар ёдам нестанд, хеле даву тоз кардаанд, ки ин рӯзнома барояд.
Банда бо Ӯктам Бекмуҳаммадов ду ҳафта дар Маскав шуда онҷо бо Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Давлат Худоназаров, ки депутат будаанд ва Сафар Абдулло ҳамсӯҳбат шуда дархост ва вокеиятро фаҳмондем.
Ин шахсиятҳо бо роҳбарияти Ӯзбекистон дар сессияи намояндагон ҳамсӯҳбат шуданд, дархости мо ва воқеиятро фаҳмонданд, ки баьди он президенти Ӯзбекистон қарори кушодани рӯзномаи “Овози Самарқанд”-ро имзо гузошт.
Умед дорем кормандони рӯзномаҳо ба дилу афкори мардум даст ёфта бо ёрии фидоиён намегузоранд, ки ин ойинаи мо баста шавад.
Рубрики:Андеша