Бо қалами Раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ
Барои бархе миллатҳо шоъир бештар аз шоъир аст, аз ҷумла барои мо тоҷикон. Шеър аз байни ҳама ҳунарҳои бадеъӣ ва тасвирӣ дар фарҳанги мо тоҷикон ва ҳамаи форсизабонон ҷойгоҳи бештар дорад. Ҳатто, бештар аз наср, чӣ расад ба рассомӣ ва мучассамасозӣ. Шояд ба хотири он, ки мо мардуми хунгарм ва эҳсосотӣ ҳастем ва шеър ҳам бештар ба эҳсосот кор дорад.
Аммо, барои тоҷикон шеър на танҳо василаи баёни эҳсосот, балки василаи баёни воқеъиятҳо ҳам будааст, фақат бо шеваи латифтар ва расотар. На танҳо фикру андеша, балки талабу дархост ва ҳатто, эътирози худро ҳам тоҷикон аксаран тавассути шеър баён мекарданд ва мекунанд. Ҳамаи миллатҳо ҳангоми талаби ҳақиқат, адолат ва ё баёни эътирози худ шиъор мепартояд, тоҷик дар ин ҳолатҳо шеър мегӯяд. Ҳоло ин хуб аст ё бад, масъалаи дигар аст.
Шоъирон ҳамеша барои миллати мо нақши сухангӯро дар баробари қудратмандон бозӣ кардаанд. Бидуни он ки касе ба онҳо чунин масъулиятеро бидихад, онхо расонидани хоҳишу дархости мардум ва ҳатто нороҳатии мардум ба соҳибони қудратро аз вазифаҳои вуҷудии худ медонистанд. Ба ибораи дигар, хоставу ормони мардумро суфта ва ‘’дипломатик’’ мекарданд. Айнан ҳамон коре, ки Рӯдакӣ бо Наср кард. Сарбозон ва аҳли дарбору рикоби Амир аз ҷудоии тулонӣ бо хонавода ва зодгоҳ азият мекашиданд, вале касе ҷасорати гуфтан ба амирро надошт. Устод Рӯдакӣ бо сурудани ‘’Бӯйи чӯи Мӯлиён’’ дархости дастаҷамъонаи мардумро ба амир бо беҳтарин шакл расонд ва натиҷа ҳам гирифт. На танҳо амирро бо ин шеъраш аз Ҳирот ба Бухоро баргардонд, балки як шоҳасареро барои таърих офарид.
Навиштани ‘’Шоҳнома’’ танҳо зинда кардани забону эҳёи худшиносии миллӣ набуд, балки Фирдавсӣ бо зинда кардани образи Кова ба соҳибони қудрат паём медод, ки аз хашми мардум ғофил набошанд ва тобеъи нафси ‘’морони’’ худ набошанд. Вақте, ки насиҳати суфтаи шоъирона таъсир накард, боз ҳам бо шеър ба Маҳмуди Ғазнавӣ паёми эътирозии худро фиристод, ки шояд пас аз ‘’Шоҳнома’’ маъруфтарин осораш бошад. Таъсири ин шеър ба Султон Маҳмуд бештар аз таъсири ‘’Шоҳнома’’ буд, чун Фирдавсӣ онро бо забоне навишт, ки барои як соҳибқудрати худкома фаҳмотар буд. Тунд ва ошкор. Ва натиҷа ҳам гирифт. Султон, агарчӣ бо таъхир, вале ӯро эътироф кард ва ҳамчун рамзи эътироф ҳадя фиристод, ки ҳеҷ гоҳ ба шоъир нарасид.
Ва даҳҳо мисоли дигар метавон овард. Аз Саъдиву Убайди Зоконӣ гирифта то Карим Девона ва Мулло Ёри Ванҷӣ, ки гоҳо бо танзу шухӣ ва гоҳо бо кинояву танқиди ошкор фикри мардумро ба соҳибони қудрат (қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ) мерасонданд. Ба таъбири имрӯз, онҳо нақши ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои ахбори мустақили он замонро дар якҷоягӣ анҷом медоданд. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар намояндагони насли маъорифпарварон ҳам дар Бухоро тақрибан ҳамин корро мекарданд.
Замони Шӯравӣ масъулияти ҳунар ва ҳунармандон, аз ҷумла, шеъру шоирон дигар гашт. Онҳо дигар фикру андеша ва паёми соҳибони қудратро ба мардум бояд мерасониданд, на баръакс. Вазифаи адабиёт, ҳунар ва фарҳанг мардумӣ ва худӣ нишон додани ҳизб, ҳокимият ва шахсиятҳо буд. Агарчӣ истисноҳо дар замони Шӯравӣ ҳам буданд, вале вазъияти умумӣ чунин буд, ки адибон бештар чеҳрасозони (имиджмейкерҳои) ҳокимият буданд, на сухангӯёни мардум. Ва ин ҳолат то имрӯз идома дорад. Магар як замони кӯтоҳе дар охирҳои даврони Шӯравӣ ва авоили истиқлолият, ки адабиёт, ҳунар ва фарҳанг талоше барои мардумӣ шудан карданд ва то ҳадде натиҷа ҳам дод.
Ин ҳамон давроне буд, ки Лоиқ, Бозор ва Гулрухсор (ба намояндагӣ аз як насли адабу ҳунари миллӣ) ба саҳна омаданд ва воқеъан мардум онҳоро ҳамчун сухангӯи замири худ пазируфт. Мардумро на ҳунари волои шеъргӯӣ ва ё қудрати тасвирии онҳо тасхир карда буд, ки албатта, ҳар кадоме устоди ин кор ҳастанд, балки ҷасорати онҳо ва мавзӯъҳое, ки дар борааш сӯҳбат мекарданд. Дар он солҳо Лоиқу Бозору Гулрухсор маҳз бо мавқеъгириҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиашон ба чеҳраҳои миллӣ табдил шуданд, на ба хотири шеъру шоъир будан. Чунин шоиру нависанда он замон ва ҳанӯз ҳам кам надорем ва шояд қавитар ҳам бошанд дар ҳунари шеър гуфтан. Вале, маҳз мардумӣ будан ва ҷасорату андешаи миллӣ доштан онҳоро қавӣ ва маъруфу маҳбуб карда буд. Ва то имрӯз маҳбубияти ҳеҷ шоири муосири тоҷик ба ҳадди ин се нарасидааст, магар устоди ҳарсе, Муъмин Қаноъат, ки ҷойгоҳи ӯ фарқ мекунад.
Чун баҳона барои навиштани ин нуктаҳо зодрӯзи Гулрухсор буд, мехостам чанд хотира ва мулоҳизотеро, ки дар зеҳнам ҳаст, бигӯям.
Бори аввал бо Гулрухсор дар кадом маҳфиле аз наздик сӯҳбат кардем ва он солҳо узви Комиссияи Оштии Миллӣ будам ( соли 1998). Дар омади гап аз сафири Тоҷикистон дар Ирон пешниҳод шуданам пурсид, ки кор то куҷо расидаст. Тибқи квота бояд чанд сафир аз ҳисоби ИНОТ ҳам таъйин мешуд ва ҳукумат сафоратҳои Туркия ва Иронро ба ИНОТ пешниҳод кард. Ягон сафир таъйин нашудан аз ИНОТ ва билохира ба ҳайси сафир ба Теҳрон нарафтани ин ҷониб қиссаҳои тулонӣ дорад, ки ҷояш инҷо нест. Он рӯз ба Гулрухсор гуфтам, ки байни ду вазорати хориҷӣ табодули нома оиди таъйин шудан ҳамчун сафир анҷом шудааст ва мувофақати Хотамӣ (раиси чумхури вакти Ирон) ба сафорати Точикистон расидааст. Бубинем, ки ба чӣ меанҷомад кор. Ӯ як ҷумла гуфт он вакт. ‘’Ҳоло хеле ҷавон ҳастӣ, аз бозиҳои пасипардагӣ ва зеробӣ огоҳ бош. Мо тоҷикон ҳамеша қурбони хушбоварии худ мешавем’’. Манзураш чӣ буд ва чӣ мехост на онҷо пурсидам ва на баъд. Аммо, он ҳарфи Гулрухсори шоъир набуд, ҳарфи касе буд, ки дар сиёсати калон таҷриба дошт. Билохира, замоне узви Парлумони Шӯравӣ буд.
Баъдан, вақте дар ҳизб барномаи эътимодсозӣ дар ҷомеъаро рӯи даст гирифтем, ки як ҳадафи он ба ҳам наздик кардани қишри рушанфикри дунявӣ ва динӣ буд. Тасмим гирифтем, ки рӯшанфикрон ва адибони кившарро ба навбат ба меҳмонӣ даъват кунем, то якдигарро бишнавем, баҳс кунем ва бишносем. Аввалин пешниҳодро ба Гулрухсор кардам ва пазируфт. Аммо, шарт гузошт: ҳарчӣ дилам бихоҳад мегӯям, на он чиз, ки шумо шунидан мехоҳед. Гуфтам, иттифоқан мо ҳам ҳамин чизро мехоҳем ва ҳадафи мо ҳам ҳамин аст. Шояд дар архив сабти он сӯҳбатҳои Гулрухсор дар дафтари ҳизб ва ҳузури садҳо аъзову ҷонибдор бошад. Воқеан суҳбатҳои хубу самимӣ буданд.
Ҳамчуноне ки сӯҳбатҳои Устод Муъмин Қаноъат, Барзу Абдураззоқ, Рустами Ваҳҳоб ва дигар нухбагони миллӣ , ки дар он замон даъваташон мекардем, хеле хотирмон буданд. Устод Саттор Турсун хам розӣ шуданд, ки дар яке аз маҳфилҳо ширкат кунанд. Аммо, ба касе ин раванд хуш наомад, чун манфиатдор набуданд, ки ду бахши муҳими ҷомеъа, рӯшанфикрони дунявӣ ва динӣ ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистӣ дошта бошанд. Барои онҳо ихтилоф ва зиддияти ин ду гурӯҳ лозим буд ва то ҳанӯз ҳаст. Ин буд, ки бо рӯшанфикрон, аҳли адаб ва андешамандони миллӣ ‘’сӯҳбат’’—ҳои лозимиро анҷом доданд ва фаҳмонданд, ки сиёсати ҳукумат дар ин масъала чист. Ҳатто, устод Комил Бекзода таҳти фишор маҷбур шуд аз мо як санад бигирад, ки ҳеҷ гоҳ узви ҳизби мо набудаст. Ин шухӣ нест, як воқеъият аст ва Устод Бекзода шояд нусхаи ин санадро дар архивашон дошта бошанд, барои рӯзи мабодо. Ӯ бо афсус мегуфт, ки ман як умр алайҳи ақидаи шумо муборизаи фикрӣ кардаам, вале шумо боз маро ба маҳфилҳоятон даъват мекардед то ҳарфамро бигӯям. Имрӯз бояд санад бигирам, ки бо шумо ҳамфикр нестам.( Хотираҳо аз Устод Бекзода ва умуман, нақши ӯ дар ҷомеъаи фикрии мо арзиши онро дорад, ки сари фурсате алоҳида гуфта шавад).
Як шӯхие бо Гулрухсор он рӯз пас аз сӯхбаташ аз ёдам намеравад. Ӯ гуфт, ки шумо муллоҳо бояд бештар китоби бадеӣ бихонед ва барои оғоз бад нест, ки 100 нусха китоби ‘’Сакарот’’—ро бихаред. Дар ҷавоб гуфтам, ки мо муллоҳо китоби Худоро ба зӯр мехарему ту мехоҳӣ китоби худатро бихарем?
Ҳоло ёдам нест, 50 ё бештар нусхаи ‘’Сакарот’’—ро байни аъзои ҳизб бепул тақсим карда будем ва пулашро бояд худам медодам. Додам ё не, ёдам нест. Агар надода бошам, ба ин зудиҳо нахоҳам дод, чун ҳамкории молӣ бо ‘’террорист’’ ва ‘’хоин’’ маҳсуб мешавад.
Аммо, агар ҷиддитар бигӯям, як қарзи дигар Гулрухсор болои ман дошт, ки дигар ҳеҷ гоҳ анҷом дода наметавонам. Боре қиблагоҳам гуфт, ки агар Гулрухсорро дидӣ, бигӯ дигар ин хел нанависад. Дили мо пиронсолҳо нозук аст, тоқати хондани ин қиссаҳои дарднокро надорад. Раҳм кунад ба мо. Ба Гулрухсор гуфтам паёми падарро. Гулрухсор як ду китобро ҳадя ба падарам фиристод ва гуфт, ки мехоҳад ин хонанда ва мунаққидашро зиёрат кунад. ‘’Ҳеҷ нақде беҳтар аз ин ба навиштаҳоям нашунида будам’’—гуфт ӯ. Чанд бор вақтро аниқ кардем, корҳое пеш омад ва ба вақти дигар мондем. Ва билохира, ҳиҷрати мо пеш омаду ин зиёрат анҷом нашуд ва ба гуфти мо тоҷикон, дидор ба қиёмат монд.
Аммо, дар охир чӣ метавон гуфт? Ӯро ба зодрӯзаш табрик намекунам, чун на парвои зодрӯз дорад ва на 70-солагӣ. Ҳамчуноне, ки фикр мекунам, парвои 17 солагӣ ҳам надоштааст. Ин мо ҳастем, ки зодрӯзи ӯро ҳамчун баҳона барои гуфтани фикрҳои худ дар бораи ӯ ва масоили дигар истифода мекунем. Аммо, метавон ӯро барои ҳамеша Гулрухсор буданаш ва монданаш табрик кард. Замоне мисли Фирдавсӣ бо сароҳат ва ошкор мегӯфт, ҳоло шояд мисли Рӯдакӣ бо дироят ва мулоҳаза мегӯяд. Аммо, бехтараш мисли Гулрухсор бигӯяд. Ҳамчун як хонанда ва як тоҷик аз ӯ чизи дигаре интизор надорем.
Рубрики:Дидгоҳ