Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) фаро расидани соли нави 2019-ро ба яко-яки ҳамдиёрони азиз табрику таҳниат гуфта, муваффақияти азизонро таманно дорад.
Бигузор соли нав — ин иди фархунда, сабаби ҳамдилӣ ва якпорчагии ҳамаи тоҷикистониён гардад!
Соли пешрафт ва тараққии кишвари азизамон бошад!
Соли шунидани хабарҳои хушҳолкунанда дар бораи инсони тоҷик бошад; аз дастёбии ӯ ба ҳуқуқи қонуниаш дар дохили кишвар то боло рафтари ҷойгоҳ ва мақомаш дар ҷаҳон!
Соли эҳсоси масъулияти мақомот дар баробари шаҳрвандон бошад!
Соле бошад, ки дигар хабаре аз “манъҳо” ва эҷоди “маҳдудиятҳо” шунида нашавад, балки ба ҷойи он, хабар аз “озодиҳо” бишнавем!
Соле бошад, ки ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсӣ бо эҳсоси масъулият дар баробари кишвар ва насли оянда, шуҷоатмандона барои анҷоми вазифаҳои худ камар банданд ва аз ҳолати бетарафӣ ва бетафовутӣ берун оянд!
Соли наватон муборак ҳамдиёрони азиз!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо