Ахбори Анҷуман

Таслияти Паймони Миллии Тоҷикистон ба хотири даргузашти нобаҳангоми Файзинисо Воҳидова

Имрӯз, соати 2 шаб, дар бемористони Хуҷанд, қалби Файзинисо Воҳидова — адвокати шуҷоъ ва ҳомии адолат, Гурдофариди ҳуқуқ ва шарафи Тоҷикистон, бозистод. 10 рӯз пеш, яъне 24 декабр, ӯ ба синни 55-солагӣ расида буд.

Дар ҳар кишвари мутамаддин, адвокате мисли вай, бо таваҷҷӯҳ ба эҳтирому маҳбубияте, ки на танҳо дар назди ҳамкорон ва ҷомеае, ки барои адолат мубориза мекунад, балки дар пеши мақомот низ дошт, метавонист барои худаш як ҷойгоҳу эътибори дурахшоне фароҳам созад.

Дар ҳар кишвари демократӣ, чунин адвокате аз ҷойгоҳе муносиб ва ба медолҳои ифтихор сарфароз гардонида шуда ва аз тамоми имтиёзҳои материалӣ бурхӯрдор мешуд.

55-солагӣ барои як адвокат дар кишварҳои мутамаддин, синне дурахшиш аст. Инсонҳои бошарафе мисли Файзинисо Воҳидова, бисёр нодир ва камёбанд, ба хусус дар Тоҷикистон; ҷомеаи маҳрум аз ҳуқуқ, ки ниёз ба ҳимоя дорад; ҳимоя аз инсонияти поймолшуда ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва конститсиониаш.

Файзинисо Воҳидова чанд маротиба аз кишварҳои демократӣ дидан карда буд ва метавонист аз ҳар кишваре, ки бихоҳад, паноҳандагӣ дарёфт намояд, вале тарҷеҳ дод дар кишвар бимонад. Аммо ӯ дар изои хидматҳояш дар ҷомеа, аз мақомоти кишвар ба ҷои тақдиру ташаккур, фишору таъқиб ва маҳрумият аз касби адвокатӣ насибаш гардид. Дар вақтҳои охир ба ӯ иҷозаи сафар ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя яъне Ӯзбекистон ва Қирғизистонро намедоданд.

Беш аз 10 рӯз пизишкони бемористони вилоятӣ натавонистанд пневмонияи зани ҷавонеро, ки худаш ба поҳои худаш ба бемористон омада буд ва дар ҳамонҷо ба кома рафт, дармон намоянд.

Дар Тоҷикистон мутаассифона пизишкони мутахассис ба қадри кофӣ пайдо нашуданд, то аз ӯҳдаи дармони касе, ки дучори бемории содаи шамолхӯрдагӣ шудааст бароянд. Мутаассифона, бисёре аз пизишикони мутахассис ва ботаҷрибаи тоҷик тарҷеҳ медиҳанд дар кишварҳои озод зиндагӣ ва кор кунанд; кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҳимоя ба амал меояд.

Даҳонро бастан, аз озодӣ маҳрум кардан ва тарсондани адвокат – ба кори рӯзмарра дар ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ин аст василаҳое, ки мақомот ба воситаи онҳо, ҳаққи озодии баён ва ҳаққи дифоъ аз маҳрумон ва таҳқиршудаҳоро мекушанд. Ба ҳамин васила буд, ки адвокат Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саидов кушта шуд; касе, ки дар айни синну соли тавоноӣ, аз сактаи қалбӣ пас аз он ки бо тӯҳматҳои сохтагӣ ду писараш додгоҳӣ шуданд, аз дунё рафт.

Ба ҳамин тариқа буд, ки мақомот ба сурати ниҳоӣ Файзинисо Воҳидова, танҳо садои виҷдонро маҷбур карданд, то даҳонашро бандад вақте водор ба истеъфояш намуда ва бо тӯҳматҳо ва таҳдидҳои нораво ва таҳқирҳои ғайриинсонӣ тавассути котилони беному нишон – ки аз сӯи мақомоти амниятӣ идора мешаванд — ӯро аз ҳаққи кор кардан маҳрум намуданд.

Дар ҳар кишваре, даргузашти инсонҳое мисли Файзинисо Воҳидова як зойеъаи бузург ба шумор меравад. Барои Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, рафтани Файзинисо Воҳидова як зойеъаи ивазношаванда аст. Ӯ шаъну шарафи ҳар кишваре буд. Мо ифтихор мекунем, ки ин як шараф барои мо, шаҳрвандон, дӯстон ва ҳамкорон аст, ки ҳамватани Файзинисо Воҳидова ҳастем.

Зиндагии ӯ ва хидматҳояш барои ҷомеаи тоҷик ва барои ҳуқуқ ва шарафи он – ин як қаҳрамонӣ ва намунаи шараф ва нотарсӣ барои ҳамагон аст.

Барои Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, рафтани Файзинисо Воҳидова – як зойеъаи изавнопазир аст.

Мо таслияти амиқи худро на танҳо ба бастагон ва наздикони Файзинисо Воҳидова, балки ба яко-яки мардуми Тоҷикистон арз мекунем.

Ташаккур ба Шумо, Бону Файзинисо Воҳидоваи азиз!

Равонатон шод, хоҳари арҷманд!

Паймони Миллии Тоҷикистон

4 январи соли 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s