Баёнияҳо

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ марги Воҳидоваро “мармуз ва ғайритабиӣ” донист

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар баёнияе, зимни таслияти даргузашти Файзинисо Воҳидова, хотирнишон кардааст: “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ реҳлати ҷонгудози Файзинисо Воҳидова — аз шахсиятҳои оламшумули тоҷик дар арсаи ҳуқуқи башарро, ки мармуз ва ғайритабиӣ мешуморад, дар шумори даҳҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба бозмондагон, дӯстон ва ҳаводорон таслият арз мекунад.”

Матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Реҳлати зудҳангоми Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқи инсон ва аз шахсиятҳои номвари тоҷик дар таърихи 4 январи соли ҷорӣ ҷомеаи Тоҷикистон ва ёру дӯстонашро дар хориҷ аз кишвар дар ғаму андӯҳ нишонд.

Ин Бонуи Ҳуқуқи Башар, муборизи матинирода, дар тӯли фаъолияти худ барои даҳҳову балки садҳо нафар дар амри ба даст овардани адолат ва ҳақиқат дар кишваре, ки тафтишоту маҳкама мустақил амал намекунад, ёрии беғаразона расонида ва дар хеле аз баҳсҳои додгоҳӣ натоиҷи матлуб ҳам ба даст овардааст. Аз ин ҷост, ки ӯро аксарияти коруфтодагон саъй мекарданд барои дифоъ аз ҳуқуқ ва барқарории адолат ба худ вакили дифоъ баргузинанд.

Ӯ бо кору пайкори худ ва ҷаҳду ҷадали худ ва ҷасорату шуҷоати худ дар кишваре, ки ҳамарӯза ҳуқуқи башар поймол мешавад, нақш ва мақоми Вакили дифоъро дар маснади иззат нишонда буд. Мубориза ва муқовиматҳои ҷасуронаи ӯ ва чанд нафари маъдуд аз шумори вакилони дифоъ (Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Исҳоқ Табаров ва чандеи дигар) мақомотро водор кард, ки доираи фаъолияти адвокат дар Тоҷикистон таҳти назорати шадид қарор дода шавад.

Ӯ баъд аз онки ҳукумат вакили дифоъро дар низоми адлия ба як мӯҳраи беҷон бадал кард (иҷозатномаи фаъолияти вакилони дифоъ дар Тоҷикистон дар пайи як тағйирот ба қонун дар бораи адвокатҳо, аз тарафи Вазорати адлия дода мешавад), ба нишони эътироз аз гирифтани иҷозатнома даст кашид. Ӯ дар шаъни худ надонист, ки ба Комиссияи муҷаввизи вазорати адлия имтиҳон бисупорад.

Ӯ воқеан як шерзане буд бовиқору азамату ғурур. Ғуруре хеле боло дошт, вале ҳамзамон бисёр ҳам заминӣ, самимӣ ва сода буд. Ҳеҷ гоҳ коруфтодаеро ноумед намекард.

Ӯ мубориз буд, мубориз бар зидди беадолатиҳо, мубориз бар зидди ноҳаққиҳо, мубориз бар зидди қавоид ва қавонине, ки барои тоифаи ҳоким муфид, барои халқ музир аст.

Сиёсатҳои номардумии режими имрӯзаро борҳо зери тозиёнаи танқид қарор додааст. Аз ӯ ва аз кору амали ӯ сахт нохуш буданд. Ӯ буд, ки тамоми тағйироти ворида ба Қонуни асосии кишвар шурӯъ аз соли 2003 то ба имрӯзро бо шадидтарин лаҳн мавриди танқид қарор дода ва ошкоро эълом мекард, ки ҳадаф аз ин ҳама на беҳбуд барои зиндагии мардум, на демукросӣ, балки тамдиди даврони раисиҷумҳур ва ба як кишвари автократӣ ва монархистӣ мубаддал кардани Тоҷикистон аст.

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ реҳлати ҷонгудози Файзинисо Воҳидова — аз шахсиятҳои оламшумули тоҷик дар арсаи ҳуқуқи башарро, ки мармуз ва ғайритабиӣ мешуморад, дар шумори даҳҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба бозмондагон, дӯстон ва ҳаводорон таслият арз мекунад.

Руҳи ин ходими бузурги ҳуқуқи башар, ин шахсияти нотакрор ва ин сиёсатмадори тавоно шод ва манзили абадияш биҳишт бод!

Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

5 январи 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s