4 январи соли ҷорӣ (2019) вакили дифои машҳур ва фаъоли ҳуқуқӣ ва иҷтимоии тоҷик, бону Файзинисо Воҳидова ҳамаи моро тарк кард.
Ӯ дар синни 55-солагӣ, дар авҷи камолот ва дурахшандагӣ, моро тарк кард; дар рӯзгоре, ки ҷомеаи тоҷик ниёзе мубрам ба ин бонуи шуҷоъу бебок дошт! Рӯзгоре, ки ангуштшуморанд касоне, ки битавонанд аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар баробари ноадолатиҳое, ки сурат мегирад, дифоъ ба амал оваранд, агар нагӯем нестанд.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) таслияти амиқи худро ба бозмондагон ва наздикон ва ҳамкорони он бонуи беназир ва низ яко-яки мардуми шариф ва сарбаланди тоҷик иброз дошта, сабру бурдборӣ ба ҳамсар ва фарзандони ӯ таманно мекунад.
Равонаш шод!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ)
5 январи 2019
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо