Ҳодисаи даст ба худкушӣ задани Исфандиёри Мирзоҳасан, сарбози қисми низомии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар дар шаҳраки Айнии минтақаи Ҳисор дар шаби 19 январи соли ҷорӣ, на танҳо боиси ғаму андӯҳу фиғону фарёди падару модар, хоҳару бародар ва хешу табори ин ҷавони ноком шудааст, балки нигаронӣ, изтироб, норозигӣ ва эътирози пур аз дарду аламро дар ҳар як хонаводаи тоҷик ба бор овардааст.
Ба хусус хонаводаҳое, ки ҳамин ҳоло фарзандашон дар сафҳои Артиши Тоҷикистон машғули хидматанд, зери азоби руҳӣ ва равонӣ қарор доранд ва аз сарнавишти фарзандони худ ба шиддат нигаронанд.
Боиси таассуф аст, ки чунин ҳодиса — куштори ҷабрӣ, — аз ҳаёт маҳрум кардани аскарон ва ё ба ҳолати худкушӣ расонидани махсусан наваскарон аз тарафи ҳамхидматон ва афсарон дар сафҳои Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори аввал нест. Гарчанде мақомоти зидахл дар аксари мавридҳо аз рухдоди ин ҳаводис инкор мекунанд ва талош мекунанд, ки вуҷуди онро пинҳон доранд, вале қатлу куштор ва одамкушӣ, ба вижа куштори як навҷавон ва он ҳам дар муассисаи низомӣ пинҳон намемонад ва боиси нафрин ва хашми ҷомеа хоҳад шуд.
Нафрати мардум ба чунин артише, ки дар он тартибу низом вуҷуд надорад ва марги иҷбории аскару афсар дар он ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил мешавад ва рӯз ба рӯз бештар хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки аз хидмат кардан дар сафҳои ин артиш ба ягон сарбоз ҳеч манфиату имтиёзе дар назар гирифта нашудааст, ҳамчунин мушаххас нест, ки ҷони худро барои ҳифзу ҳимояти манфиати кӣ ва чӣ аз даст медиҳад.
Мо мутмаинем, ки аз 15-20 ҳазор сарбози Неруҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳатто як дар сад ихтиёрӣ ва довталабона ба хидмати сарбозӣ нарафтаанд. Ҷалби иҷборӣ ва ё “облава” ба хидмати сарбозӣ дар саросари кишвар солҳост, ки идома дорад. Ин амал ба як раванд, ба як кори маъмулии масъулони ҷалби ҷавонон ба сафи артиш табдил шудааст. Зеро, барои ин тарзи сарбозгирӣ ҳеч яке аз кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини ҷамоатҳо дар навоҳии кишвар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд ва то ҳол намешаванд. Мақомоти сатҳи болоӣ, ба хотири иҷрои нақша аз вуҷуди ин амали ғайриқонунӣ инкор карда ва онро амдан нодида мегиранд. Метавон даҳҳо мисол ва намунаҳои зишти “облава”- ро инҷо тазаккур дод, ки ҳатто духтарҳо, марди 60 сола, талаба ва муаллими мактаби миёна, ҷавоне, ки қаблан хидмати сарбозиро адо кардааст, шаҳрванди хориҷӣ тавассути гурӯҳи ҷалби иҷборӣ барои хидмати ҳарбӣ “облава” шудаанд.
Мавридҳое, ки дар ин раванд ҷавонон зери зарбу озори ҷисмонӣ қарор гирифтааанд, низ борҳо ба мушоҳида расидааст. Суол инҷост, ки ин раванд то ба кай идома хоҳад кард?
Ва аслан масъулин ва мақомоти зирабт аз худ чаро намепурсанд, ки бо чи далелҳо ҷавонони тоҷик намехоҳанд ихтиёрӣ хидмати сарбозиро анҷом диҳанд?
Сабаб ва омили гурез аз хидмати сарбозӣ гуногун аст. Камбуди ғизо, набуди сару либоси муносиб ва мавсимӣ, ҷалби аскарон ба корҳои берун аз ойиннома, таҳқиру озору азияти онҳо аз тарафи афсарон, аз ҷумлаи мушкилоти то ҳанӯз ҳалношуда дар артиши Тоҷикистон аст. Аммо мушкили аслӣ ва асосӣ, ки боиси гурези ҷавонон аз хидмати сарбозӣ мешавад ҳамоно вуҷуди “меҳтарсолорӣ” ва ё ҳамон “дедовшина” аст, ки то ба имрӯз ислоҳи худро намеёбад. Ва ҳамин “дедовшина” аст, ки даҳҳо ва ё шояд аз ин шумора ҳам бештар наваскарон азобу азият, шиканҷа, латту кӯб ва таҳқири “дед”-ҳоро таҳаммул карда натавониста даст ба худкушӣ мезананд. Даст ба худкушӣ задани сарбоз Исфандиёри Мирзоҳасан далели рӯшани ин гуфтаи мост. Агарчи ҳанӯз касе тасдиқ накардааст, ки ин ҳодиса қатъан бо дасти худи сарбоз сурат гирифтааст. Тафтиши амиқ ва сареъ ҳолати аслии ҳодисаро барои ҷомеа бояд шарҳ диҳад.
Суолҳо дар мавриди марги ин аскари ҷавон хеле зиёданд. Аз ҷумла, бародари ин сарбоз, ки дар қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунад, пурсидааст, ки: “Магар дар бурҷи нигаҳбонӣ “вишка” як нафар посбон меистад? Дар бурҷҳои нигаҳбонӣ одатан ду сарбоз посбонӣ мекунанд ва ҳангоме, ки бародари ман бар худ ин ҳодисаро раво медид, ҳамроҳаш дар куҷо буд?”
Ҳодиса аз рӯи овозаҳо “худкушӣ” ном гирифта, шустани ҷанозаи марҳум ва кафан кардани ӯ низ дар хонаи падараш на, дар Душанбе анҷом дода шудааст.
Оё ин худкушӣ буд? Оё ӯро каси дигаре ба қатл нарасонидааст? Аз зери манаҳ рафтани тир ба сар наметавонад далели қотеъи бо дасти худ худро парондани сарбоз бошад!
Дар умум ин маврид ва ин ҳодисаи ягона нест. Мо, муаллифони ин муроҷиатнома аз Ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус мақомоти интизомӣ, додситонӣ ва додгоҳи ҳарбӣ талаб мекунем, ки ҳодисаи рухдода бо Исфандиёри Мирзоҳасан, сарбози қисми низомии 07033-и Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ба таври дақиқ бозрасӣ ва муҳокима шуда омилони ин қатл ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд ва аз натиҷаҳои он ба ҷомеа иттилоъ дода шавад.
Комиссияи босалоҳият аз мақомоти дахлдор ва бо ширкати намояндагони ҷомеаи маданӣ ташкил ва тамоми ҳодисаҳои мушобеҳи рухдода дар артиш таҳқиқ карда шавад.
Комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ бо ҷурми “одамрабоӣ“- яъне, истифода аз равиши ғайриқонунии “облава”, аз масъулият озод ва барои амали ғайриқонунӣ дар додгоҳи ҳарбӣ посух гӯяд.
Мо талаб мекунем, ки ба ҳамаи сарбозони кушташуда дар ҳолати ғайриҷангӣ, сарбозоне, ки бар асари беморӣ ва ҳар ҳодисаи дигар мефавтанд, аз ҷумла ба хонаводаи Исфандиёри Мирзоҳасан ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки Қонун онро мушаххас хоҳад кард, пардохта шавад.
Ин ҷубронро қисман Комиссариати ҳарби ноҳия ё шаҳре. ки сарбоз ба василаи он даъват шудааст ва қисман Вазорати дифоъ ё Қушунҳое, ки ба мақомоти дигари қудратӣ марбутанд, бояд пардохт намоянд!
Мо, аз вазорати дифои Тоҷикистон дархост мекунем, ки шумораи дақиқи сарбозони кушташуда, худкушикарда ва ё маълул ва маъюбшуда дар замони адои хидмат дар артишро ба ҷомеа ошкор кунад.
Бар асоси гузоришҳои ахир, дар солҳои 2014-2016, 59 сарбоз шиканҷа шуда, 11 нафар ҳалок гардидааст!
Аммо худи мақомот гуфтаанд, ки дар соли 2016, 24 нафар сарбоз мавриди озор қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд.
Мо ба ин арқом эътимод надорем ва онро ба маротиб камтар аз воқеият меҳисобем.
Ҳамчунин аз ин вазорат ба унвони масъули корҳои даъват ва хидмат дар артиш қотеъона талаб менамоем, ки маълумот дар бораи сабабҳои ин ҳаводис, муҷозоти омилини он дар даҳ соли охирро ба нашр расонад.
Мо тақозо мекунем, ки назорат аз болои раванди даъвати ҷавонон ба артиш тавассути ширкати намояндагони ҷомеаи маданӣ ба роҳ монда шавад. Тавассути “облава” ба хидмат ҷалб кардани ҷавонон қатъан ва бе ягон гузашт мамнӯъ эълом шавад.
Масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ, ки аз тариқи “облава” нақшаи даъватро иҷро карданӣ мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Мо дархост менамоем пизишконе, ки дар комиссариатҳои ҳарбӣ масъулияти муоинаи саломатии даъватшавандаҳоро бар ӯҳда доранд, аз пурсиши амиқи атестатсионӣ гузаронида ва дар сурати зарурат иваз карда шаванд.
Бо мушаххас кардани сарбозоне, ки ғайриқонунӣ саломатияшонро посухгӯй санад карда ба артиш гирифтаанд, кормандони кумиссияҳои тиббӣ ба маҳкама кашида шаванд.
Мо ба ҳукумати Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод мекунем, ки дар қонуни ҷалби ҷавонон ба Нерӯҳои Мусаллаҳ бо назардошти шароити иқтисоди бозаргонӣ тағйирот ворид намояд ва муҳлати хидматро то як сол коҳиш бидиҳад.
Таҳқиқи амиқи ҳодисаи таассуфбарангези сарбоз Исфандиёри Мирзоҳасан кори сареъ ва наздиктарини додгоҳи ҳарбӣ бояд бошад.
Мо интизори ба маҳкама кашидани ҳамаи гунаҳкорони ин ҳодиса, бо шумули комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ, сардори қисми ҳарбӣ ва сарбозоне ҳастем, ки дар ин моҷаро гунаҳкор дониста мешаванд.
Имкон дорад падару модари сарбози марҳум ва наздиконаш баён кунанд, ки “Мо даъво надорем”, имкон дорад, ки монанди дигарон аз онҳо, ё афроди алоҳида наворҳое бо таҳдид гирифтаву нашр гардад. Аммо, сарбоз на танҳо фарзанди як хонавода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва барои ӯ аҳолии як кишвар даъво хоҳад кард. Зеро эҳтимоли ҳодисаи бар сари ӯ омада, бар сари ҳар сарбозе вуҷуд дорад!
Ба эътибор нагирифтани ин Муроҷиатнома боиси вокунишҳои ҷиддиву густурдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ҳамчунин боиси ба тамом коста гардидани эътимоди аҳолӣ ба Артиши кишвар хоҳад шуд.
Институт “Eurasian Dialogue” Вильнюс, Литва
Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ
Ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон»
Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башар, Вена, Австрия
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон, Поланд, Варшава
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Ниёзов Муллоюнус Мирзоҳасанович, хизматчии ҳарбӣ, Русия (бародари сарбози кушташуда Исфандиёри Мирзоҳасан)
Исфандиёри Назар, шоир, рӯзноманигор (Олмон)
Исоев Орзу, рӯзноманигор, Душанбе
Муҳаммади Султон, Рӯзноманигор
Бобоҷон Каюмов, Рӯзноманигор, Литва
Бахтиёр Аминӣ, Шоир ва тарҷумон, Олмон
Амруллоҳи Низом, Рӯзноманигор
Қумринниссо Ҳафизова, Канада
Мавҷуда Соҳибназарова, Рӯзноманигор
Абдуқодири Рустам, Адиб, рӯзноманигор
Азиз Каримов , Рӯзноманигор, Душанбе
Темур Варқӣ, Рӯзноманигор, Порис
Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди донишгоҳ
Саломиддин Мирзораҳматов, Рӯзноманигор, Қазоқистон
Муҳаммад Сайид Ризоӣ, узви шӯрои ПМТ
Меҳмоншо Шарифов, Норвеж
Абдуманнон Шералиев, Рӯзноманигор
Ҳусниддин Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон (муҳоҷир, Русия)
Илҳомҷон Ёқубзода, раҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ
Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигор
Фарҳод Худоёров, шаҳрванди Тоҷикистон
Шери Замон, шаҳрванди Тоҷикистон
Исмоил Шариф, шаҳрванди Тоҷикистон, муҳоҷир (Русия)
Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигор, Москав
Фирдавс Илбон, Душанбе
Ирина Шакаршо.Россия.
Одинаева Г. Шаҳрванди Тоҷикистон
Ализода Беназир, рассом (Олмон)
Ализода Баҳман, донишҷӯ (Олмон)
Бобоев Абдусаттор, шаҳрванди Тоҷикистон
Муҳаммад Шарифзода
Сапедаи Муҳаммад, муаллима, Душанбе
Абдулло Рахмони
Саид Хатлонӣ
Лутфиллоева Машварат, нафақахӯр.
Хайриддин Сатторов
Хайриддин Сатторов
Ахмадчон Фаридунов
Гулчеҳра Салимова, Муҳандис, Хуҷанд.
Раҳмонхон Турахонов, Россия
Куруш Меҳр, Укроин
Нури Адолат
Рустам Шарифов
Мирседамин Азизов, Россия (Тағои сарбози кушташуда Исфандиёри Мирзоҳасан)
Одина Сафаров, Тоҷикистон.
Шифо Амонова, Тоҷикистон
Дониёр Бойев . Тоҷикистон
Ватандуст Точикистон
Ватандуст Точикистон Бечора
Малика Исломова, Русия
Малика Исломова Гурамарго,чанат ул фирдавс насибат бодо…
Сайдамиров Мурод
Маликзода Маликён
Саидов Исломчон , Шахрванди Точикистон
Абдубосит Нуралиев, рӯзноманигор (Тоҷикистон).
Абдуллоҳ Абуллоҳ
Иноят Файзуллоева
Муҳаммадсаид Ризоӣ, шаҳрванди Тоҷикистон, муқими Урупо
Меҳмоншоҳ Шарифов, ҷомеашинос
Хикмати Руз
Ҷовид Сармамадов
Малохат Дустматова, шахрванди Тоҷикистон, модари тоҷик
Фотимату Захро
Зиёвуддин Солихов, шахрванди Точикистон
Бобоев Нусратулло. Тоҷикистон
Аловуддин Лутфулло .
Азиз Сангин, Донморк
Баходур Боев , Тоҷикистон
Муҳаммад Сабурӣ
Хусейнова Дилором, Санкт Петербург.
Қадам Исматов
Ирина Шакаршо, Россия
Сулаймон Холидов
Sarboz Sarboz
Сулаймоншо Хушвахтов, Россия, Москва
Абдуллах ,Донишчуй, Берлин
Sohibjon Davlatov
Масрур Кодиров, Русия
Sunnatullohi Mirzo — Emomov
Исхок Муродов
Буня Буня
Уммул Фотима
Mina Boboerova, Norge
Абдуррахмон Карим
Abduhu Abdulvahob
Саидов Мехваршо, табиб.
Samak Ayyar
Мухсин Бобомуллоев Бобомуллоев Муҳсин.
Абдуллочон Абдуллочон
Sulaymon Orzuev
Юсуф Юсуфов
Ayida Rahimi
Айиша Сиддик
Айиша Сиддик
Исаков Хокимжон
Ismoil Ummsav
Yulchi Ashurov
Said’Amir Badakh’shi
Хабиб Саид
Шамсимахмад Мирзоев
Mahpora Sadonova
Баха Абдусамадов
Usmon Davlatnazarov
Ҷамшед Қодиров Ҷамшед Қодиров Душанбе!
Рубрики:Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар