Ҳуқуқи башар

Радде ба раддияи ВКД нисбати Истад Қурбонова

Исфандиёри Назар

Нашри “Раддия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар робита бо сару садоҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ дар атрофи қазияи даҳшатноки шаҳрванди кишвар, бонуи 70 сола Истад Қурбонова, санади худсафедкунӣ ва буҳтони навбатӣ нисбати ҷабрдида аст!

Дар навиштаи дигари худ ишора кардам, ки баҳси додгоҳии Истад Қурбонова ҳатман сатҳӣ баррасӣ мегардад ва парвандаи ӯ идома меёбад.

Таклиф карда будам, ки Вазири корҳои дохилӣ, Раиси амнияти миллӣ, сарвазир, сармушовир, раиси ноҳияи Айнӣ мусоидат кунанд ва ин зан мустақиман ба президенти кишвар мулоқот кунад!

Танҳо мулоқоти рӯ ба рӯи ин зан бо президент метавонад мушкилу балои бар сари ин зан овардаи шахсони алоҳида ва мақомотро дар симои ШКД-и ноҳия рафъ созад!

Оё ин ҷуръат, ин шаҳомат, ин моя мардонагиро афроди номбаршуда доранд, ки занро бо ҳамон аҳволе, ки ҳоло дорад, ба президент, ки кафили бехатарии так-таки шаҳрвандони кишвар шумурда мешавад, рӯ ба рӯ намоянд?

Оё касе ҳаст, ки ақаллан сабти радиои “Озодӣ”-ро ба президент нишон диҳад?

Қатъан мегӯям, ки чунин касе нест ва ба ҳеч унвон мушкили шаҳрвандонро ба Раҳмон намерасонанду нахоҳанд расонд ва аз ин самт атрофиёни ӯ ҳеч манфиате надоранд!

Вазорати корҳои дохилӣ дар раддияи худ пеш аз ҳама моддаҳоеро аз қонуни ҷиноятии кишвар қатор меоварад, ки гӯё бар асоси онҳо аз соли 2000-ум ба ин сӯ Истад Қурбонова се бор суд шудааст ва ин бори чаҳорум аст, ки додгоҳ нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст!

Ба моддаҳои бешарҳи дар раддияи Вазорати корҳои дохилӣ омада таваҷҷуҳ намоед:

Моддаи 112: Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ.

Моддаи 118: Ғайриҳадафмандона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ 

Моддаи 109: Расонидан то ҳадди худкушӣ.

Моддаи 237: Вандализм

Моддаи 328: Истифода аз зӯроварӣ бар зидди намояндаи давлатӣ

Моддаи 330: Таҳқири намояндаи давлатӣ.

Моддаи 255: Ҳадафмандона нобуд кардани амвол.

Ба қавли раддиянависон Истад Қурбонова аз соли 2000 то ин дам бо ин моддаҳо суд шудааст!

Фарз мекунем, ки Истад Қурбонова, ки соли 2000-ум ҳудуди 51 сол дошта, суд шуда буд. Ва баъдан ҳам. Оё дар тамоми ин муддат ҳукмҳои гирифтаи ӯ вориди “Афв” қарор нагирифтаанд?
Бигзорем, ки вориди “Афв” нашуда буд, магар бар асоси он моддаҳо суд шудаву муҳлатҳои ҷазоиро то ин дам адо накардааст?

Агар, муҳлатҳои ҷазоиро – ба шарте суд шуда бошад ва бо ҳар шакле, ки бошад, — Истад Қурбонова адо кардааст, пас дигар аз ҷинояту ҷазое, ки гузаштааст, шарт нест ёд овардан. Як шахс барои як ҷиноят як бор ҷазо мегирад ё бар дилхости ВКД ба ҳар ҷиноят пушти ҳам чанд бор ҷазо муқаррар мекунанд? Медонам, ки на!

Истад Қурбонова дар суҳбат ҳаминрӯзаи худ (01.02.2019) бо телефон раддияи ВКД-ро дар мавриди суд шуданаш қатъан рад кардаву онро туҳмат хонд ва аз касоне ҳам ном бурд, ки манфиатдоранд то ӯро бо ин васила дар чашми мардум “ҷинояткор” нишон диҳанд ва ба мақсади аслии худ бирасанд!

Вазорати корҳои дохилӣ бо овардани чандин моддаҳои қонуни ҷиноӣ, онҳоро шарҳ надода, ки бо ҳар кадоми он дар солҳое, ки ном бурдааст, Истад Қурбонова кадом ҷиноятҳоро содир кард ва бо кадом ҷазоҳо аз тарафи маҳкама боздошт ва бо чи ҳолат адои ҷазо кард.

Нависандаҳои раддияи Вазорати корҳои дохилӣ хуб медонанд, ки мардум, аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ, на танҳо аз муҳтавои Сарқонуни кишвар тамоман беиттилоъанд, балки умуман аз муҳтавои қонунҳои ҷиноӣ иттилоъ надоранд. Дар Тоҷикистон мардум агар қонундон мебуданд, ҳоло барои ҳазорон ҳаққи нақзшудаву поймолгардидаи худ садои қонуниро бо овардани садҳо моддае, ки Вазорат шумурдааст, баланд мекарданд ва ин моя хор намешуданд!

Бадтар аз ин, дар муҳите, ки Қонун рӯи коғаз монда ва танҳо ба манфиати як гуруҳ хидмат мекунад, қонундон шудани ину он аз шаҳрвандон, ва ҳаққи худро бо қонун мутолиба намудан, бар сараш мусибати Истад Қурбоноваро меоварад!

Моддаҳои зиёдеро баршумурдани нависандагони раддия – танҳо ба хотири “ҷинояткор” ҷилва додани занест, ки маълум нест баъд аз ин бар сараш чи хоҳанд овард!

Эҳтимолияти ба ҳар васила ҳабс кардани ӯ, эҳтимолияти бо ҳар васила ба марг расонидани ӯ акнун вуҷуд дорад!

Дар раддияи Вазорати корҳои дохилӣ омадааст:

“…бинобар саркашӣ ва пинҳон шуданаш аз мақомоти тафтишот 18 октябри соли 2018 бо қарори муфаттиши прокуратура мавриди кофтуков қарор гирифтааст.” (https://akhbor.com/-p8472-170.htm…)

Истад Қурбонова мегӯяд: Аз ҳудуди ноҳия берун нарафтааст, чи гуна мавриди кофтуков қарор гирифтааст?
Онгоҳ, маркази ноҳияи Айнӣ, Варзи Манор ном дорад, ҷои бузурге нест, ки инсон тавонад пинҳон шавад, агар ба фарз гумонбар ба ҷиноят дар рӯзи муқарарӣ ҳозир нашуд ё дер кард ҳатто бе рафтани милиса, бо телефон ӯро пайдо кардаву меоваранд!

Дар айнӣ ҳамин қадар раиси маҳалу раиси ҷамоъату раисчаҳои хокзану лабайгӯ зиёданд, ки ҳанӯз ҳарфи салла ба лаби раискалонашон наомада калларо ҳозир мекунанд!

Дар идомаи раддия мехонем:

Санаи 3-юми январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Айнӣ боздошт гардида, дар ИНМ ШВКД ҷойгир карда шуд.”

Истад Қурбонова боздошти худро аз тарафи кормандони милиса рӯзи 2-уми январ мегӯяд.

Дар раддия омадааст:

Мувофиқи дастурамалҳои мавҷуда санаи 12-уми январи соли 2019 айбдоршаванда Қурбонова И. бояд ба Муассисаи тафтишотии №9/5 воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол дода мешуд. Пеш аз интиқол додан Қурбонова И. норозигӣ баён намуда, асабонӣ шуда ба кормандони милитсия дағалӣ менамояд.”

Дар мусоҳибаи хеш Қурбонова аз кашолакунон оварданаш ба ҳузури Сардори ШКД Одинаев ҳарф мезанад ва аз гуноҳро ба гардан нагирифтанаш.

Ҳаминҷо бояд пурсид: То модоме, ки гумонбар ба ҷиноят гуноҳро иқрор нашуда, гуноҳаш бо далоил собит нагардидаанд ва ҳукми додгоҳ нисбаташ набаромадааст, чаро боз ӯро ба ҳузури сардори ШКД овардаанд, то гуноҳашро ба гардан бигирад?

Ва онгоҳ, дағалии зани 70 сола дар баробари кормандони милитсия дар чи шакле зоҳир мешавад? Табиъист, гунаҳкор метарсад, сархам аст, бо ромиву илтиҷо мехоҳад гуноҳи худро пинҳон дорад ё изҳор дорад, аммо шахси бегуноҳ ба эҳсос дода мешавад, фарёди бегуноҳиро баланд мекунад ва имкон дорад аз сари хашм дашном диҳад. Ин ҳолатест, ки онро рад кардан мушкил аст.

Дар раддия омадааст:

Кормандони милитсия ин ҳолатро дида аз беморхонаи марказии ноҳия духтур даъват мекунанд то ҳолати руҳии Қурбонова И.-ро муоина намоянд. Баъди муоинаи духтур Ҷабборов Пайрав айбдоршаванда Қурбонова И. бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан худро дар дохили ҳоҷатхона бо либосҳояш оташ мезанад, вале кормандони милитсия ва духтури даъватшуда дарҳол оташро хомӯш намуда, ба Қурбонова И. ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва барои паст намудани ҳолати асабоният ва дарди айбдоршаванда Қурбонова И. шахсан духтур Ҷабборов П. ба номбурда ёрии тиббӣ мерасонад.”

Барои “дағалӣ”-и боздоштшудаҳо нисбати кормандони милитсия ҳамеша пизишк даъват карда мешавад ва ҳатман ба боздоштшудаҳои асабӣ гардида сӯзандору мезананд?

Қурбонова гирифтори бемории қанд ва фишор аст, пизишк ба ӯ кадом навъи доруро тазриқ кардааст?

Агар ҳадаф санҷиши ҳолати равонии боздоштшуда бошад, ба ин тарз набояд санҷида шавад…

Нуктаи ҷолиб инҷост: “Баъди муоинаи духтур Ҷабборов Пайрав айбдоршаванда Қурбонова И. бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан худро дар дохили ҳоҷатхона бо либосҳояш оташ мезанад, вале кормандони милитсия ва духтури даъватшуда дарҳол оташро хомӯш намуда,..”

Ҳоло суол чунин аст, баъди муоина духтур вазъи руҳии боздоштшударо чи гуна арзёбӣ кард, чи кард, ки ӯ ором шуд ва онгоҳ фаврӣ баҳонаи ҳоҷатхонаравиро кард ва кӣ донист, ки ӯ худро оташ задааст?

Оё пизишк, ки ҳамроҳи милисаҳо оташро хомӯш кард, баъд аз ин ӯро сӯзандорӯ зад?

Маълум аст, ки зани боздоштшуда девона нест. Дар мусоҳибаи худ ном ба ном кормандони милитсияро оварда мегӯяд, ки “Шарифов пои чапамро дошт, Ғаффоров пои ростамро дошт, изорамро кашиданду аз пои чапам укол карданд!”

Сӯзандоруро, тибқи фармоиши Шарифов Мирзошариф – корманди боздоштгоҳи муваққатии ШКД, — барои “карахт” кардан, яъне бехуду ором кардани боздоштшуда задаанд! Магар дору ба ӯ таъсир накарда ва баъди он ба ҳоҷатхона рафта дар бехудӣ худро оташ задааст?

Ҳоло ин қисмати раддияро бо сухани худи Шарифов Мирзошариф рад мекунем. «Шариф Мирзошарифов, корманди боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Айнӣ гуфт, Қурбонова худро оташ назада, балки бо оби ҷӯш сӯзондааст.»  (https://www.centralasian.org/a/29716962.html)

Дилбарой Мирзофатирова (агар иштибоҳ накунам дар даврони шӯравӣ Раиси Суди ноҳияи Айнӣ) – вакили мудофеъи Қурбонова, дар ҳоҷатхона “худсӯзӣ” кардани Қурбоноваро таъкид кардааст:

Вакили мудофеъ Дилбарой Мирзофотирова иддао дорад, ки нафари таҳти ҳимояташ дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ худро оташ задааст. Парвиз Бобоев, писари Истад Қурбонова ҳам рӯзи 17-уми январ гуфт, «ҳеч ба оби ҷӯш монанд нест. Вақте модарамро аз боздоштгоҳ оварданд, мо навор гирифтем. Дар тарафи китфаш як пора матои сӯхта боқӣ монда буд». (https://www.centralasian.org/a/29716962.html)

Сухани корманди боздоштгоҳ, ки бевосита дар рафти моҷаро ҳузур дошта дуруст астё қавли раддиянависони вазорат, ки бо таъкиди вакил ва писари ҷабрдида ҳамоҳанг аст?
Дар ҳарду ҳолат ҳам, — чи оби ҷӯш ва чи оташ, — суол хеле муҳиму калидист: Зане, ки аз рӯзи 2-ум (ба қавли раддиянависон 3-ум)-и январ боздошт шудааст, дар боздоштгоҳ аз куҷо оби ҷӯш ва ё гугирдро дастрас кард, дар ҳоле, ки барои санҷиши ҳолати руҳии ӯ пизишк даъват шуда буд?
Магар вақте ӯро ба боздоштгоҳ бурда буданд, пизишк ҳамоно дар шуъба қарор дошт? Шояд.

Зан мегӯяд: Ин хел шуданаш мумкин нест, ман бехуд будаму оташ гирифтаам…
Ин ҳодиса низ ба ҳодисаи “худкушӣ”-и сарбози 19 солаи сокини ноҳияи Айнӣ Исфандиёри Мирзоҳасан ҳамонандӣ пайдо мекунад. Як овоза ин аст, ки сарбоз дар пост хобаш бурдаву дар ҳолати хоб худро шилик кардааст…

Дар идомаи раддия меояд:

Ҳолати бадрафторӣ ва дағалӣ аз тарафи кормандони милитсия нисбати ин зани пиронсол тасдиқи худро наёфт.”

Бале. маълум аст, ки ин ҳолат ҳеч гоҳ – вақте сухан аз кормандони мақомот ва нуфузи милиса меравад, — тасдиқи худро нахоҳад ёфт, агар воқеият ҳам бошад!

Зан аҳмақу девона нест, ки шаш нафар корманди милисаро бо ному насабашон зикр кунад ва ҳолати сӯзандорӯ задани худро баён намояд.

Кадом «дағалӣ» барои мардум гаронтар тамом мешавад, асабонияту фарёди бегуноҳӣ задан ва гуноҳро ба гардан нагирифтани як зан ё бо зӯр дасту пои ӯро доштану изорашро кашида укол кардан?!

Таҳқир ва нақзи ҳуқуқу шараф аз ин бадтар чи бошад?

Таъкид мекунем, Истад Қурбонова (сабти телефонии онро дар даст дорем) суд шудани худро туҳмат номид!

Таъкид мекунем, корманди боздоштгоҳ Шарифов баён карда буд, ки зан худро бо оби ҷӯш сӯзонидааст.

Таъкид мекунем, аз ибтидо вакили дифоъ медониста, ки дар ҳоҷатхона зан оташ гирифтааст.

Таъкид мекунем, бо истифодаи зӯрӣ мехостаанд зан гуноҳро ба ӯҳда гирад ва онгоҳ “мувофиқи дастуруламал” ба боздоштгоҳи дигар шаҳр интиқол дода шавад.

Ҷолиб аст, бо ҳамон ҳолати сӯхтагии ноҳияи муҳими бадан, гардан (10 дар сад сӯхтагӣ гуфтаанд), кормандони милитсия Қурбоноваро ба Муассисаи тафтишотии №9/5 воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол доданд! Ва он боздоштгоҳ ҳолати вахимро дида, ӯро напазируфт. Маҷбур шуданд Қурбоноваро ба беморхонаи ноҳия бозоранд ва бистарӣ кунанд!

Ошкор аст, ки кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ ва роҳбарияти он бо дидани авзоъ занро хостанд ба Муассисаи тафтишотии №9/5 воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол диҳанд ва ҷинояти худро пинҳон намоянд!

Муассисаи тафтишотии №9/5 воқеъ дар шаҳри Истаравшан нахост ин ҷиноятро ба дӯши хеш бигирад!

Сухани охири мо ин аст: ин раддияву тавҷеҳоту моддаҳои қонуни ҷиноишумориҳо наметавонанд, ончиро сурат гирифта пинҳон намоянд.

Чора ва адолат ин аст, ки Истад Қурбонова на, оне, ки барои он қитъаи замин 32 000 (сомонӣ ё дулор намедонам) –ро гирифтааст ва сабаби ин моҷаро гардида, ба пурсиш даъват шавад!

Қурбонова шоҳид дорад ва аз рӯи гуфтаҳо ҳатто даъвогар ҳам ба ӯҳда гирифта, ки пулро гирифтааст ва ҳатто гуфта, ки “ман гуфтам ки дарвозаатонро оварда шинонед!” (яъне дар замини даъвогӣ!)
Тамоми мардуми ноҳия медонанд, ки хонаводаи ин зан аз ҷасуртарин, сарбаландтарин хонадонҳои варзиманорӣ ҳастанд ва қатъан ҷасорату шарофату саркашияшон бар сари онҳо балоҳои зиёдеро овардааст. Ин хонавода зану мард – ҷасуранду диловар!

Албатта. дар кишвари мо ба ҳар фарде, ки саркаш бошаду зери бори зӯргӯён наравад, аз ҳуқуқи худ хоҳад дифоъ намояд, парвандае вуҷуд дорад, тамғаи “ҷинояткор” вуҷуд дорад.

Моҷарои Истад Қурбонова танҳо бархурди инсонӣ, адолати судиву иҷтимоъӣ мехоҳад!

Рӯ ба рӯи шумо як зан – теруристи доъишӣ на, — як зани тоҷики кӯҳистонӣ, як модари 70 сола истодааст!

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s