Имрӯз, 15 феврали соли 2019, тибқи изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз раҳбарони ПМТ гӯё бо “хоҳиши худ” ба Тоҷикистон баргаштааст.
Ва ин дар ҳоле аст, ки тибқи иттилоъи мо, Шарофиддин Гадоев бо даъвати баъзе афрод ба Русия сафар карда буд. Аммо мутаассифона, тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон ва баъзе доираҳои фасодзада дар Русия, Шарофиддин Гадоев рабуда шуд.
Бо камоли таассуф, пештар низ шоҳиди ҳамкории ин доираҳои фасодзадаи рус бо мақомоти амниятии тоҷик дар рабуда шудан ва интиқоли Мақсуд Иброҳимов, Эҳсон Одинаев ва Мулло Наимҷон Самиев ба Тоҷикистон будем.
ПМТ бо дастрас шудани ҷузъиёти бештар, шуморо дар ҷараён хоҳад гузошт.
Мо итминони комил дорем, ки Гадоев дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа низ қарор хоҳад гирифт ва шояд соатҳои наздик шоҳиди суханрониҳояш оиди “бозгашти довталабонааш” ба Душанбе шавем.
ПМТ бо тамоми масъулият изҳор медорад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.
ПМТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан давлати Нидерландия, ки Шарофиддин Гадоев паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар буд, хоҳиш ба амал меоварем, болои ҳукумати Тоҷикистон бобати рафтораҳояш дар рабудани мухолифони сиёсиаш фишор оваранд, то даст аз одамрубоиҳо бардорад. Ҳамчунин аз давлати Федератсияи Русия мехоҳем, пеши роҳи ҳамкориҳои доираҳои фасодазадаи кишвараш бо мақомоти амниятии Тоҷикистонро бигирад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
15 феврали 2019
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо