Субҳи имрӯз, 2 марти соли 2019, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ва раҳбари Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” Шарифиддин Гадоевро, ки беш аз ду ҳафта боз аз Русия рабуда шуда, ба Тоҷикистон интиқол гашта буд, озод намояд ва ишон аз тариқи ҳавопаймо аз Душанбе ба Франкфурти Олмон фиристода шуд.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз бозгардонии Шарофиддин Гадоев изҳори хушӣ ва қаноатмандӣ менамояд. Мо аз хамаи онхое, ки барои кушишу талошхо бахри озодии Ш. Гадоев бо мо буданд, изхори сипос ва эхтиром мекунем.
Паймони Миллии Тоҷикистон умедвор аст, ҳукумати Тоҷикистон мардуми точик ва ҷомеаи байналмилалиро аз тафсилоту ҷузъиёти ин ҳодиса, ки аз 15-уми феврали соли равон то имрӯз идома дорад, огоҳ хоҳад кард.
Паймони Миллии Тоҷикистон бо дастрас шудани ҷузъиёти бештар, ҷомеаи тоҷик ва байналмилалиро дар ҷараён хоҳад гузошт.
Паймони Миллии Тоҷикистон
2 марти соли 2019
Рубрики:Баёнияҳо