Анҷумани озодандешони Тоҷикистон аз сар гирифтани танишҳо оид ба тақсимоту аломатгузории марзии давраи болшевикӣ ва то ҳол ҳал нашудани масъалаи асосии сарҳадии миёни Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсоя амиқан изҳори нигаронӣ мекунад.
Ин низоъу танишҳо дар давраи Шӯравӣ аз соли 1974 шурӯъ шуда, соли 1989 ба авҷи хеш расида, ҳалли худро наёфта буданд. Мутаассифона, ин масъалаи мубрами давлатӣ ва ҳаётӣ ба замони истиқлоли ин кишварҳо ба мерос монда, он ҳар сари чанд вақт бо задухӯрдҳои шадид ва мунҷар ба қурбонии мардуми тоҷик ва қирғиз оварда расондааст.
Аз рӯи таҳаввули ҳаводиси марзӣ ҳукумати Тоҷикистон дар давоми 20 соли баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ мебоист мавқеъи хешро дар гуфтушунидҳо бо ҳукумати Қирғизистон ҳимоя намуда, сарҳади 976-километрии имтидодаш бо Қирғизистонро комилан мушаххас ва аломатгузорӣ мекард. Ҳоло гуфта мешавад, ки ҳамагӣ 504 километри марзи муштарак бо ҳамсоягони қирғиз муайян ва аломатгузорӣ шудаасту халос.
Ҳол он, ки моҷарои миёни мардуми деҳоти кишварҳои ҳаммарз рӯзи 13 март дар паи азсаргирии сохтмони қитъаи роҳи «Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» сар зада, дар давоми як шабонарӯз дар ин моҷаро ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, ба шумули ду шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.
Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ба аҳли пайвандони муқими ҷамоати деҳоти Ворух Расулиддин Тешаеви 37-сола ва Ҳусейн Ҳакимови 43-сола аз ҷониби қирғизҳо кушта шудаанд, таслият иброз медорад. Рӯҳи поки фарзандони миллат, ки барои ҳифзи хоки сарзаминашон сина сипар кардаанд, шод ва ёди нозанинашон гиромӣ бод!
Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ба ашхоси дар пайи ин низоъ захмӣ ва маҷрӯҳи тоҷик ва қирғиз шифои оҷил ва сиҳати комил мехоҳад.
Маълум аст, то он замоне, ки тарафҳо бо ҳам паси мизи музокира нишаста бори гарони давраи истолиниро, ки яке аз рӯи нақшаи солҳои 1924-1929 ва дигаре тибқи асноди солҳои 1950-ӯм ҳарфи худро гузарониданӣ мешавад, аз шонаҳо холӣ намекунанд ва ба тавофуқи ҳамдигарӣ намерасанд, дар ин минтақаи марзӣ хуни мардуми тоҷику қирғиз хоҳад рехт.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон Қирғизистонро дар нақзи протоколи байналмилалӣ муқассир медонад, вале Қирғизистон ин қаламравро моли худ арзёбӣ медорад. Ҳарчанд Тоҷикистон изҳор медорад, ин қитъаи заминҳо мақоми баҳсӣ дорад ва тибқи тавофуқи тарафҳо ва асноди то кунун дар музокироти расмии байнидавлатии аломатгузории марзи аз ҷониби Қирғизистону Тоҷикистон ба имзо расида, ҳеҷ тарафе ҳақ надорад дар ин минтақаи баҳсӣ даст ба корҳои сохтмонӣ занад.
Бо таассуф бояд зикр шавад, ки ҳукумати Тоҷикистон баъди касб кардани истиқлоли хеш дар масъалаи музокира дар мавзӯъи қаламравҳои баҳсии марзӣ худро заиф нишон додааст. То ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ қадар заминҳои баҳснок ба кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дода шудааст. Ҳамаи гуфтушуниду тавофуқҳои гузаштаи ҳукумати Тоҷикистон бо давлатҳои ҳаммарзу ҳамсоя бидуни шафофият ва огоҳии мардуми Тоҷикистон сурат гирифтаанд.
Анҷумани озодандешони Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар даъват мекунад дар асоси тасмими муштарак бо аъзои парламони ҷумҳурӣ ва таъсиси як комисюни фаромиллӣ ба шумули торихшиносон, сиёсатмадорон, олимони соҳоти мухталиф, низомиён, ҳуқуқдонон, топографон, мутахассисони умури эҳсоия ва коршиносон дар музокираи қаламрави баҳсии марзӣ ширкат намуда, аз мавқеъи давлативу миллии Тоҷикистон дифоъ ба амал оварад.
Анҷумани озодандешони Тоҷикистон
15 марти соли 2019
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо