Паймони Миллии Тоҷикистон аз муноқишаҳои рӯзҳои ахир дар минтақаи марзии Ворухи Исфара, ки дар пайи он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ шуданд, изҳори нигаронӣ карда, хостори хештандории ҳар ду ҷониб ва ҳалли масъала ба таври мусолиматомез ва решаӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз раҳбари он то мақомоти зидахл бояд дар қазияҳои миллӣ бо мардуми худ ва ҷомеаи шаҳрвандиаш содиқ ва шаффоф буда, дар назди интихобкунандагон гузоришгар бошад. Аммо ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи Ворух мисли ҳамеша на танҳо хомӯширо ихтиёр кардааст ва бо мардуми хеш шаффоф нест, балки аз матраҳ кардани назарҳо ва таҳлилҳо дар ин маврид нороҳат мешавад ва онро як навъ ташвиқ ба хушунат талаққӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистони ҳамсоя ҳам ҳукумат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии он масоили марбутро хеле шаффоф матраҳ ва баррасӣ мекунанд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки гуфтугӯҳои созанда ва баррасии масоил аз тарафи ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мухолифини сиёсӣ ба ҳалли одилонаи қазия кӯмак хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба таври мудовим машғули тазъифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва берун кардани мухолифони хеш аз саҳнаи сиёсӣ аст, аз матраҳ кардани масъала ба таври шаффоф ва баррасии он метарсад. Аз он метарсад, ки баррасии масъалаи Ворух дар расонаҳои давлатӣ ва мустақил ва ҳамкории ҳукумат бо мардуми худ боис мешавад, ки мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷасорати баррасии масоили ҳалношуда дар дохили кишварро низ матраҳ кунанд. Барои раҳбарияти кишвар ва тими ӯ боқӣ мондан дар қудрат ба ҳар қимате ва хомушӣ дар чунин масоилро болотар аз дифоъ аз марзу бум ва ҳимоят аз мардуми худ медонанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамояд, ки дар канори мардуми худ бошад ва барои ҳалли одилонаи қазия бо назардошти манофеъи миллату кишвар саъйю кушиш намояд.
Ҳамчунин Паймони Миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ду кишвари дӯст, ҳамсоя ва бародар хоҳиш менамояд, ки хештандории худро ҳифз кунанд ва аз ҳар гуна аъмоли интиқомҷӯёна ва таҳрикомез худдорӣ намоянд, то мӯҷиби хунрезии бештар ва сард шудани равобити ду миллати бародару дӯст ва ҳамсоя нашавад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
15.03.2019
Рубрики:Баёнияҳо