Илҳомҷон Ёқубов, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, дар як номаи саргушода ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон, зимни маҳкум кардани қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишвар ва хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик хондани он, аз ҳукумат даъват ба амал овардааст, ки дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад.
Матни ин нома ба нақл аз сафҳаи Илҳомҷон Ёқубов дар Фейсбук
Ҳукумати Тоҷикистон дар ниҳояти амр пешниҳоди Хадамоти алоқа, Кумитаи андоз ва Кумитаи зидинҳисорӣ ҷиҳати боло бурдани баҳои хидматрасонии интернетиро пазируфт. Аммо талабу дархости мардуми худ ва садоҳои олуда ба эътироз ва имдодҷӯёнаи онҳоро, ки аз чунин тасмим сарфи назар кунад, нодида гирифт, писанде ҳам накард. Ҳамакнун тамоми анвои хадамот дар ин бахш аз ду то 8 баробар афзоиш пайдо кард.
Ҳукмати Тоҷикистон бо тасвиби ин қарор нишон дод, ки миллати тоҷик дар наздаш ҳеҷ арзише надорад ва он паёме, ки раисҷумҳур ба мардум дода буд, хокпошӣ ба чашми халқ асту бас: “тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне
ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо” – гуфта буд дар паёми ахираш. Магар ҳамин аст хизмати содиқонаи Шумо?!
Қабл аз ҳар табақаи дигари Тоҷикистон ин қарори ҳукумат барои ҳамватаноне, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият мекунанд ва номи муҳоҷири меҳнатиро доранд, мушкилии бештар ба бор меоварад. Маблағе, ки муҳоҷирон ба ватан интиқол медиҳанд яке аз сарчашмаҳо ва манбаи реалии бюҷети давлат аст. Ҳамин пулҳо ҳастанд, ки кафолати нисбии амният ва оромии иҷтимоӣ дар кишварро таъмин кардаанд. Дар ҳоле, ки худи муҳоҷирон дар бадтарин шароити кору зиндагӣ ба сар мебаранд ва
ҳамарӯза барояшон мавонеи ҳуқуқии нав пеш меояд, афзоиши ду то ҳаштбаробарии баҳои хадамоти интернет аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон як тасмими бисёр ҳам ноодилона, беинсофона ва болотар аз ин золимона аст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои сабукӣ ва осонсозии шароити кору фаъолияти артиши беш аз ду миллионаи шаҳрвандонаш, ки дар Русия муҳоҷири тоҷик ном доранд, коре аз дасташ барнамеояд. Ҳамасола арзиши асноди лозим барои як муҳоҷир: “патент”, “ иҷоза барои кор”, “сабти муваққати иқомат”, “бимаи тиббӣ”, “имтиҳони забон” ва даҳҳо ҳуҷҷати дигар дар Русия, кишвари кордиҳанда боло бурда мешавад. Дар пеши чашми ҳукумати Тоҷикистон ин шумора аз шаҳрвандонаш, ки миллионҳо, миллионҳо доллар ба кишвар ворид мекунанд ба мисли гладиаторҳои Рими қадим истисмор мешаванд. Аммо ин муҳоҷирони бемуттако ва бепуштибону бечора ба хотири “як рӯзи нек”, ба хотири “зану фарзанд ва падару модар” ин ҳама таҳқиру озори равониву ҷисмониро таҳаммул мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо ин тасмими беинсофонаи худ шароити зиндагии онҳоро бозҳам вазнинтар мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон бо ин иқдоми золимона ягона хурсандии муҳоҷирон ва пайвандони онҳоро, ки бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои интернетӣ бо ҳамдигар гуфтугӯ мекарданд, гирифт. Онҳо имкони алоқа ва робита бо бастагони худро аз даст медиҳанд. Дар ҳоле, ки вазифа ва масъулияти як ҳукумат беҳтар ва роҳаттар кардани вазъият ва шароити зиндагии мардум аст, аммо мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон, то ҳамин имрӯз ҳамеша баракс рафтор кардааст. Боло бурдани нархҳо бояд дар асос ва заминаи воқеӣ сурат бигирад ва ҳукумат далоили худро ба мардум пешниҳод кунад.
Аз афзоиши баҳои хадамоти интернет дар баробари муҳоҷирон тамоми мардуми тоҷик, аз сокинон гирифта то корхона, муассиса ва заводу фабрикаҳо зиён мебинанд.Дар ҳоле, ки барои бунёд, роҳандозӣ ва ривоҷи интернет ҳукумат ҳеҷ саҳме ва ҳеҷ нисбате надорад, бо чи асосе арзиши онро гарон мекунад. Дар ҳоле, ки истеъмолкунандаи ин маҳсулот халқ аст, халқи Тоҷикистон. Бо ин тасмим ва бо ин иқдом ҳукумати Тоҷикистон дар Раъси раисҷумҳури он бори дигар исбот кард, ки тамомии арса ва соҳаҳои давлат дар ихтиёри қудову домод ва писару духтарҳояш ҳисса шудааст ва ҳоло, ки Хадамоти алоқа дар дасти қудои ӯ, мебошад, талош дорад бо иқтидори давлат барои онҳо ҳам “биҳишт”-еро аз Тоҷикистон фароҳам созад. Дар ҳоле, ки дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар
ҳамсоядавлатҳои мо хадамоти интернет тамоил ба арзоншавӣ ниҳода дар дуртарин манотиқи олам шароити истифода аз онро фароҳам мекунанд, қарори афзоши нархи он дар Тоҷикистон тамоман нофаҳмо аст.
Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ қарори афзоиши дубаробари нархи хадамоти интернет дар кишварро бо қотеият маҳкум мекунад, онро хиёнат ба мардум ва миллати тоҷик медонад ва аз ҳукумат даъват ба амал меоварад, ки онро дар зудтарин фурсат онро ба ҳолати қаблӣ баргардонад. Зеро бозӣ бо эҳсосоти мардум, дастдарозӣ ба ҷайби мардум ҳадду андоза дорад. Аз паёмад ва авоқиби ин гуна амалҳое, ки косаи сабри мардумро лабрез хоҳад кард, даст бардоред.
Аз ҳама корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори омма, муассисаҳои давлатӣ, рӯшанфикрон, олимону адибон ва так-таки шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ даъват мекунем, ки ҳамовозӣ ва дастгирии худро аз ин
пешниҳод маълум намоянд.
Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ
Илҳомҷон Ёқубов