Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, ки чанд моҳ пеш дар маросими ёдбуди муаллима Воҳидова дар шаҳри Вилнюс, аз таъсиси ҷоизае ба номи “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова барои шуҷоътаринҳо” парда бардошта буд, имрӯз хотиррасон кардааст, ки ба зудӣ ба ҷомеа муроҷиат мекунад, “то мардум, ҳам дизайнро пешниҳод кунанд ва ҳам ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ, ки ҳар сол ғолибро муайян кунад.”
Ин матлабро Илҳомҷон Ёқубов, узви Шӯрои ПМТ, дар сафҳаи худ дар Фейсбук ёдовар шудааст, ки машрӯҳи ёддошти Илҳомҷон Ёқубов ба шарҳи зерин аст:
Имрӯз дар ҳошияи дидору мулоқотҳо бо мақомоти расмии Норвегия ва созмонҳои ҳуқуқи башар, фурсат пайдо шуд ҳамроҳи роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ба дафтари Ҷоизаи сулҳи Нобел дар шаҳри Осло рафтем.
Дар қабати якуми бино, музейи махсусе ҳаст, ки таърихи ин ҷоиза ва маълумот дар бораи ҳамаи барандагони он вуҷуд дорад. Хеле ҷойи диданӣ будааст. Ёдамон омад, ки як замон кӯшиш шуд номзадии Раҳмонов барои ҷоизаи сулҳ пешниҳод шавад, вале Кумитаи Нобел қабул накард. Чун гуфтанд, сулҳро ду тараф карда буд, агар ҳар ду пешниҳод шаванд, баррасӣ хоҳем кард. Агар режими имрӯза тангназарӣ намекард, шояд мо тоҷикон шанс доштем барои аввалин бор дар таърихи тоҷикон соҳиби ин баландтарин ҷоизаи ҷаҳонӣ гардем.
Вақти тамошои музей, ёдам пешниҳоди ҷоизаи ба номи муаллима Файзинисо Воҳидова барои шуҷоътарин зани тоҷик омад, ки дар ёдбуди муаллима Воҳидова дар Вилнюс аз забони роҳбари Паймони Миллӣ садо дода шуд ва пештар ҳам чанд машвараҳо дар ин хусус бо аъзои Шӯрои ПМТ шуда буд, бори дигар инро барои роҳбари ПМТ хотиррасон кардам. Ӯ ҳам гуфт, ки дар ҳамин фикр будааст ва вақти тамошои экспонатҳо фикр мекардааст, ки шакли ҷоиза ба кадоме аз ин намунаҳо бояд монанд бошад. Вай афзуд, ки аз ҳоло бояд фикр кард, то шакли ҷоиза ҳам ба самти фаъолият ва ҳам ба характеру шахсияти Файзинисо мувофиқ бошад.
Пешниҳод кард, ки беҳтараш ба ҷомеа муроҷиат шавад, то мардум, ҳам дизайнро пешниҳод кунанд ва ҳам ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ, ки ҳар сол ғолибро муайян кунад. Ӯ гуфт, ки муҳим, ки шакли тандис (статуэтка) хоксорона, пурмаъно ва ба моҳияти ҷоиза наздик бошад.
Фикр мекунам ин пешниходҳои хуб аст. То зодрӯзи муаллима 7 моҳи дигар мондаст (24 уми декабр) ва агар аз ҳозир пешниҳодҳоро барои шакли тандис ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оғоз кунем, беҳтар мешавад. Ҳаддиақал ду се моҳ пеш аз зодрӯзаш пешниҳоди номзадҳо шаванд, то комиссия тавонад якеро интихоб кунад.
Чи фикр доред, дӯстон?
Як чизи дигар. Пешниҳоди рохбари Паймони Миллӣ барои сазовор донистани Бузургмеҳр Ёров ба яке аз ҷоизаҳои байналмиллалӣ аз тарафи созмонҳои ҳуқуқи башар дар Норвегия ҷонибдории хуб ёфт ва онҳо гуфтанд, ки машваратро бо дигар созмонҳои байналмиллалӣ оғоз мекунанд. Ин як пешравии хуб аст барои ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон.
Рубрики:Бонувон, Ҳуқуқи башар