Имрӯз, 29.04.2019, як ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти Норвегия дар Осло дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла поймолшавии ҳуқуқи башар, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, саркубиҳои соли 2015 ва натоиҷи бастани ҲНИТ, зиндониёни сиёсӣ, мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм баҳсу баррасӣ шуд.
Сиёсатмадорон ва коршиносони норвегӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро хеле нодир хонда, таъкид карданд, ки ҳифзи дастовардҳои сулҳ метавонист дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши калидӣ бибозад, аммо даст кашидан аз сулҳ боиси он гашт, ки номи Тоҷикистон дар сархати кишварҳои ақибмонда ва саркубкунанда дар сатҳи ҷаҳон қарор бигирад.
Раҳбари Паймони миллӣ ба ҳамсуҳбатони худ барномаҳо ва дидгоҳҳои Паймонро нисбати ояндаи кишвар шарҳ дод. Инчунин, тарафҳо вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Аврупо, раванди интегратсия ва роҳҳои пешгирӣ аз афкори тунди сиёсӣ ва мазҳабӣ табодули назар карданд.
Ҳамчунин зимни ин сафар ҳайати ПМТ бо раҳбарияти Кумитаи Норвегии Ҳелсинкӣ дар шаҳри Осло дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот, раҳбари ПМТ-ро Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Ассотсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллӣ дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидорҳо
АЗ ХУДОВАНДИ МУТАЪОЛ МЕХОХАМ ВА ДУЪОГУЯМ КИ ПАРААРДИГОРО УСТОД МУХИДДИН КАБИРИРО АВВАЛАН СИХАТУ САЛОМАТИ,УМРИ ДАРОЗИ БОБОАРАКАТ ВА АЗ ШАРРИ ХАМАИ БАДХОХОНУ ДУШМАНОН ДАР АМОНАТ НИГАХБОН БОШ ВА ХУДОВАНДО УСТОДРО НАСИБИ САРВАРИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БИГАРДОН ОМИН АЙ АЛЛОХИ МЕХРУБОН ИН ДУЪОИ МАНИ БАНДАИ ГУНАХКОРРО МАВРИДИ КАБУЛИ ДАРГОХАТ НАМО
НравитсяНравится