Баёнияҳо

Табрики шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коргар

1 майи ҳар сол, дар бештари кишварҳои дунё, ба унвони Рӯзи коргар ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз дар даврони Шӯравии собиқ – ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз он ба шумор мерафт – бо тантана ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи таътил буд.

Бо ин ки таҷлил аз ин рӯз, рабте ба Шӯравӣ надорад, аммо ҷашн эълон шудани ин рӯз аз тарафи мақомоти собиқ Шӯравӣ, расми писандидае буд. Зеро коргарон, ки як қишри бисёр муҳимми ҳар ҷомеаеро ташкил медиҳанд, шоиста аст рӯзе дар сол барои онҳо ихтисос дода шавад. Мутаассифона, пас аз истиқлол, ин расми писандида дар Тоҷикистон аз миён бурда шуд.

Паймони Миллии Тоҷикистон, зимни табрику таҳниати яко-яки коргарони заҳматкаши Тоҷикистони азизамон ва фишурдани дасти онҳо ба муносибати Рӯзи коргар, умедвор аст таҷлил аз рӯзи 1 май аз нав дар кишвари мо барқарор гардида ва дар ин рӯз қишри коргар ва заҳматкаши ҷомеа, ба иловаи ҷашн гирифтан, тайи роҳпаймоиҳо аз мушкилоти худ бигӯянд ва мақомот бо мушкилоти ин қишри азим ошно гарданд.

Дар тайи наздик ба 30 соли истиқлоли кишварамон, ҳеч дида нашуд, ки аз коргарон ёде шавад, ва бадтар аз он, на танҳо қишри коргар ба куллӣ аз ёди мақомот пок шуда, балки ҳеч таваҷҷӯҳе ба онҳо сурат намегирад. Дар ҳоле, ки беш аз ниме аз ҷавонони кишварамон, дар берун аз марзҳои Тоҷикистон, ба хусус дар Русия, ҳамчун коргар машғуланд. Муҳоҷирони кории мо дар Русия, дар воқеъ, ҳамон коргаронанд, ки сазовор аст рӯзе дар сол барои онҳо ихтисос дода шавад, ки 1 май беҳтарин рӯз барои ин ҷашн аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон

1 майи соли 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s