30 апрел дар Вена вохӯрии ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон бо намояндагони қисме аз кишварҳои Аврупо дар САҲА баргузор гардид. Дар ин бора Департаменти иттлоъотии ПМТ хабар додааст.
Бар асоси иттилоъи Департаменти расона ва нашри ПМТ, сӯҳбати озоду самимие атрофи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва дурнамои раванди ҳаводис баргузор гардид. ПМТ рӯи имкони як коллапси идораи давлатӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ношӣ аз системаи сиёсии авторитарӣ, фасоди дастгоҳи саркӯбгари идорӣ ва қавмгароӣ таъкид кард. Намояндагони ПМТ изҳор карданд, ки вобаста ба ин, хатари ташаннуҷи иҷтимоӣ ва сар задани эътирозҳо вуҷуд дорад.
Дипломатҳои хориҷӣ ба сенориёе, ки тибқи он интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва парлумонӣ дар соли 2020 бояд гузарад, таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Масоили дигаре аз қабили вазъи зиндониёни сиёсӣ ва пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон чи дар дохили кишвар ва чи байни муҳоҷирон, баррасӣ шуданд.
Ҳайати Паймони миллӣ дар навбати худ на танҳо дидгоҳаш дар бораи интихоботи оянда, балки дар бораи шакли имконии иштироки ПМТ, созмонҳои дигари сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар онро низ баён кард.
Дар посух ба суол дар бораи авлавиятҳо, раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки гузариш аз худкомагӣ ба як давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ бояд қатъан тибқи Сарқонун, қонунҳои байналмилал ва бидуни хушунат сурат гирад. Қайд гардид, ки бинобар маҳдудиятҳои ҷиддӣ ва масдудкунии имкони дарёфти маълумоти дақиқ ва баёни назар барои шаҳрвандон, насли ҷавон назди таъсири таблиғоти сиёсӣ ва динии ксенофобӣ осебпазир аст. Аз ҷумла сухан дар бораи ҷавобгарии мақомот бинобар таблиғи фарҳанги шахспарастӣ, фазои душманӣ ва бадбинӣ ба дигарандешон рафт, ки хилофи Сарқонуни Тоҷикистон ва стандартҳои САҲА мебошанд.
Намояндагони ПМТ таъкид карданд, демократияи ҷаълие, ки дар Тоҷикистон сохта шудааст солҳои охир ҳарчӣ бештар ба як шоҳигарии авлодии ғайриконститутсионӣ табдил мешавад.
Аз тарафи ПМТ ба сиёсати бидуни хушунат, муқобала бо шахспарастӣ ва ифротгароӣ дар ҳама намудҳояш ба хотирӣ субот ва рушди кишвар таъкид гардид.
Ба андешаи ҳайати ПМТ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дастрасӣ ба ҳуқуқҳои бунёдиашон — интернет, гирифтани маълумот, баёни андеша, озодии ҷамъомад, интихоботи озоду бо рақобат, ҳақи тағйир додани ҳукумат тибқи замони муайяншуда дар қонун ва ба даст гирифтани тақдири ҷамъият ва давлат дода шавад.
Рубрики:Дидорҳо