Баёнияҳо

Баёнияи ПМТ роҷеъ ба фоҷеаи зиндони “Кирпичный”

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), зимни маҳкум кардани шадиди фоҷеаи зиндони “Кирпичный” воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани шумори зиёде аз ҳамватанони мо аз ҷумла теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ ҳамчун Махдуми Абдусаттор ва Эшони Қиёмуддин ва руҳонии маъруф Сайидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) гардид, изҳор медорад:

1) Тамоми масъулияти ин ҳодисаи хунин, бо таваҷҷӯҳ ба ӯҳдадории ҳукуматҳо дар ҳифозат аз амнияти зиндонҳо ва саломати зиндониён, бар дӯши ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошад.

2) Мутаассифона, ин дуюмин рухдоди хунин дар шаш моҳи ахир дар кишвари мост. Бархӯрду рафтори хушунатомез ва ғайриинсонӣ бо зиндониён дар Тоҷикистон аз як тараф, ва эҷоди фазои кина ва адовати мазҳабӣ дар ҷомеа аз сӯи мақомот ва “хоин” хондани дигарандешон тавассути раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи дигар, аз муҳимтарин сабабҳои шӯълавар гардидани ин гуна фоҷеа ба шумор меравад. Дар ҳамин росто, ПМТ хоҳони ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ба иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ” аз рӯи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мебошад.

3) Дар зудтарин фурсат, гурӯҳи ҳақиқатёби мустақилле бо шумули намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагоне аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, хешовандону наздикони қурбониҳои ҳодисаи ахир, намояндагоне аз Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ташкил гардида ва ин гурӯҳ бо анҷоми таҳқиқу баррасии комил дар бораи ин рухдод ва рухдодҳои хунини қабл аз ин дар зиндони Хуҷанд, натиҷаи онро ба ҷомеа ва мардуми кишвар ироа намояд. Ва ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба маҳдуд сохтани шабакаҳои маҷозӣ ва интернетӣ пас аз фоҷеаи зиндони “Кирпичный” аз тарафи мақомоти тоҷик, ин иқдоми суолбарангези мақомот, бар нигарониҳои мо афзуда. ПМТ дар навбати худ, тамоми талоши худро ҷиҳати ҷалби ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин фоҷеа ба харҷ хоҳад дод.

4) ПМТ пас аз фоҷеаи зиндони Хуҷанд, дар баёнияе, изҳор дошта буд, ки дар сурати идомаи бархӯрдҳои ғайриинсонӣ бо зиндониён ва вазъи бисёр ногувори зиндонҳо дар Тоҷикистон, баъид нест, ки рухдодҳои мушобеҳ дар соири зиндонҳо низ такрор шаванд, аммо мутаассифона он биму ҳушдорҳо аз тарафи мақомот нодида гирифта шуданд. Имрӯз, ва баъд аз фоҷеаи зиндони “Кирпичный”, мақомот ба ҷои чораандешӣ дар хусуси ислоҳи вазъи зиндонҳо ва тағйири рафтору бархӯрдҳо бо зиндониён, боз ҳам дар ҳоли такрори сиёсатҳои пурхатои пешини худ бо зиндониён ба хусус зиндониёни сиёсӣ ҳастанд. Бино бар ахбори расида, дар ҳамин рӯзу соатҳо, шуморе аз зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Раҳматуллои Раҷаб, аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ, таҳти фишорҳои тоқатфарсо қарор дода шудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ПМТ, зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъи саломат ва ҳатто ҳаёти зиндониёни сиёсӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дархост мекунад, нисбат ба вазъи ин зиндониён бетафовут набошад ва дар чорчӯби меъёрҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи зиндониён, зиндониёни сиёсии Тоҷикистонро таҳти муроқибати вежа қарор бидиҳанд. Мо аз вазъи онҳо ба шиддат нигарон ҳастем ва бими онро дорем, ки таҳти ҳар унвон ва ба дасти ҳар табаҳкоре, онҳо дар дохили зиндон аз байн бурда шаванд.

Дар поён, ПМТ зимни ибрози таслияти амиқи худ ба ҳамаи хонаводаҳои қурбониён, барои онҳо сабри ҷамил таманно мекунад ва низ шифои оҷил барои захмиҳои ин фоҷеа аз Худо масъалат мекунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

24 майи 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s