Дар идомаи силсилаи ҳамоишҳои эътирозии тоҷикони муқими Аврупо бо талаби қатъи куштор дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии зиндониёни сиёсӣ, дар Варшава, пойтахти Лаҳистон низ гурӯҳи 15 нафарии тоҷикони муқими ин кишвар дар рӯбарӯи дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) пикет баргузор намуданд.
Ба гузориши сайти Паём, дар ин пикет чанде аз наздикони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон — Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, фарзанди Сайидумар Ҳусайнӣ, Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, Ҳисоми Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ ва Абдулло Мағзумов, бародари Амрулло Мағзумов, ки моҳе қабл дар Маскав рабуда шуд, ширкат доштанд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки дар пикет ширкат мекард режими Тоҷикистонро манғитӣ номид ва гуфт, ки дигар бояд режим аз ба дӯши дигарон гузоштани ҷиноятҳое, ки худаш анҷом медиҳад, бардорад ба шиканҷаи зиндониён хотима диҳад. Ӯ гуфт бояд Тоҷикистон ӯҳдадориҳое, ки назди созмонҳои байнамилал, аз ҷумлу СММ гирифтааст иҷро кунад ва талбаи СММ-ро қонеъ ва Зайд Саид, Маҳмадалӣ Ҳайит ва Бузургмеҳр Ёровро ҳарчӣ зудтар озод созад.
Раиси дафтари ҲНИТ дар Лаҳистон Исломиддин Саидов гуфт аз ҷиноятҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи мардум огоҳанд, аммо дар дохили кишвар будагон дар як ҳолати хавфу тарсу ваҳшат зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд муқобили режим садо баланд кунанд. “Вазифаи мо аст — онҳое, ки дар кишварҳои озод ва демократӣ зиндагӣ мекунем, барои мардуми мазлуми кишвар садо баланд кунем” — тасреҳ кард ӯ.
Саидов ҳамчунин аз дигар муҳоҷирони сиёсӣ, ки дар Аврупо паноҳанда шудаанд даъват кард бетарафиро канор гузошта, ба мубориза пайванданд.
Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, фарзанди Сайидумар Ҳусайнӣ, ҷонишини раиси ҲНИТ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, гуфт аз вазъи бавуҷудомада дар Тоҷикистон, бахусус зиндонҳои он сахт нигарон аст. Ӯ гуфт кори мақомот аз шиканҷа гузашта, ба қатлу куштор оғоз кардаанд. Ӯ иттилоъ дод номаи шикофтии фарзандону наздикони зиндониёни сиёсӣ номаи шикоятие ба СММ ҳам ирсол кардаанд.
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари вакили зиндонии дифоъ Бузургмеҳр Ёров гуфт зиндонини сиёсӣ ҳам инсон ҳастанд ва бояд ҳуқуқҳояшон риоя шавад. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард ӯҳдарориву конвенсияҳои имзокардааш оид ба ҳуқуқи инсонро риоя намояд ва ҳуқуқи маҳбусинро поймол насозад ва талаб кард ҳарчӣ зудтар Саидов, Ҳайит ва Ёров озод карда шаванд.
Ёров гуфт, бинобар ин ки тафтишоти холисона анҷом намегирад, набояд ба фарзияҳои ҳукумат, ҳамчунин ин ки гӯё дар зиндонҳо ошӯб рух дод, бовар кард. Ӯ гуфт агар мақомоти Тоҷикистон моиланд рост будани фарзияашонро собит кунанд, бояд ба як тафтишоти холисона бо ширкати намояндагони ҷамеъаи шаҳрвандӣ, наздикони зиндониён ва рӯзноманигорон иҷозат диҳад.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон гуфт, зиндониён аз он чӣ лозим аст бештар ҷазо гирифтаанд. Ӯ ҳам фарзияи мақомот дар бораи “ошӯб”-ро зери суол бурд ва таъкид кард 90 дарсади зиндониён дар Тоҷикистон ноодилона маҳкум шудаанд.
Шерзамонов изҳор кард шумори хоҳишмандони ширкат дар пикет хеле бештар буданд, “аммо мо нахостем 40-50 нафаро инҷо ҷамъ кунем”.
Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дирӯз вориди Аврупо шуда буд, изҳор дошт ҳамаи зиндониёи сиёсӣ ҳоло зери зулму шиканҷа қарор доранд, аммо наметавонад онро ошкор созанд.
Шӯҳрати Раҳматуллоҳ, писари Раҳматуллоҳи Раҷаб аз наздикони зиндониён дар Тоҷикистон даъват кард хомӯш набошанд ва аз мақомот риояи ҳуқуқҳои наздикони зиндонияшонро талаб кунанд. Гуфтанист, баъди фоҷеъаи зиндони Ваҳдат Раҳматтулоҳи Раҷаб шиканҷа ва ба ПКТ интиқол шуда буд ва танҳо баъди эътирозу эълони гуруснанишинии ҳамсараш аз онҷо бароварда шуд.
Ширкаткунандагони пикет номаи омодакардаи худро ба намояндагони САҲА, ки ба назди онҳо баромад буданд, таслим карданд.
Абдуллоҳ Мағзумов, бародари Амруллоҳ Мағзумов, ки дар Маскав рабуда шуда буд, аз тақдири бародараш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт то ҳол ҷуз ин ки дар кадоме аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад, чизе аз тақдири ӯ маълум нест.
Тазоҳуркунандагон бо гуфтани шиорҳое чун “Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ”, “раҳмон даст аз қатли зиндониён бардор” ва ғайра, онро ба анҷом расониданд.
Аксҳое аз ин иқдоми эътирозӣ:
Пикети тоҷикон назди дафтари САҲА дар Вена
Ҳамзамон, гурӯҳе аз тоҷикони муқими Утриш низ назди дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) бо талаби поён додан ба куштори онҳо дар зиндонҳо ва озодии маҳбусони сиёсӣ пикет анҷом доданд.
Ба гузориши сайти Паём, Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷки, ки аз ин пикет дар фейсбук пахши мустақим мекард, гуфт баъди ҳамоиш назди дафтари САҲА, онҳо сӯи дафтаи Комиссиюни Аврупо ҳаракат хоҳанд кард, то диди худ дар бораи “исёнҳо” дар зинонҳои Тоҷикистонро дар як мактуб ба онҳо тақдим кунанд.
Ӯ гуфт ин ду “исён” суолҳои зиёдеро дар ҷомеъа барангехтаанд, ки режими Тоҷикистон бояд ба онҳо поусух гӯяд. Вайсиддин пахши ин “исёнҳо”-ро. ки дар умум беҳ аз сад нафар дар онҳо кушта шуданд, куштори сиёсӣ номид. Ва таъкид кард режими Раҳмон аз ДОИШ чун баҳона барои куштори мухолифин истифода мекунад, дар ҳоле, ки ҳеҷ далеле аз ҳузури ин гурӯҳ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули Департамети равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар ин пикет ширкат дошт, гуфт баланд кардани сдао дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, бинобар ин бо истифода аз озодиҳо дар Аврупо мехоҳанд садои мазлумин дар Тоҷикистон, бахусус зиндониён ва хонаводаҳои онҳоро ба ҷаҳониён бирасонанд.
Файзраҳмонов таъкид кард, ки мухолифин дар Аврупо минбаъд ҳам нисбати ҷиноятҳои режими Тоҷикистон ва зулми он болои мардум хомӯш нахоҳанд истод ва садои мазлуминро ба ҷаҳониён хоҳанд расонд.
Раҳбари Департаменти равобити хориҷии ПМТ байнияи тазоҳуркунандагонро бо забони инглисӣ қироат кард ва гуфт он ба дафтари САҲА ва Комиссиюни Аврупо таслим хоҳад шуд.
Фатҳиддин Маҷидов, узви Раёсати Олии ҲНИТ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард аз куштори дастаҷамъона дар зиндонҳо ва зулм болои мардум даст бардоранд. Ӯ аз созмонҳои байналмилал ва кишварҳои демократӣ даъват кард монеъи қатлу кушторҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон шаванд ва дар роҳи озодсозии зиндониёни сиёсӣ болои мақомоти Тоҷикистон фишор оваранд.
Вайсиддин Одинаев дар охир гуфт бо қатлу куштор макомоти Тоҷикистон ҳаргиз наметавонанд садои муборизинро хомӯш созанд. Ӯ гуфт “шумо метавонед моро бикушед. аммо ҷои мо садҳову ҳазорҳо нафари дигар қиём хоҳанд кард”.
Пикет дар Вена идомаи силсилаи тазоҳурот дар кишварҳои урупоист, ки мухолифини тоҷик роҳандозӣ кардаанд. Гуфтанист, дируз чунин пикетҳо дар шаҳрҳои Вилнюси Литва ва Бони Олмон баргузор гаштанд.
Қарор аст чунин тазоҳурот дар ҳаҷми бузургтаре соати 14.00 дар Варшава, пойтахти Лаҳистон оғоз хоҳад шуд.
Видео ва тасвирҳое аз ин иқдоми эътирозӣ:
Рубрики:Хабарҳо, муҳоҷират, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа