Баёнияҳо

Паёми таслияти ПМТ дар пайи даргузашти Султони Ҳамад

Акс аз сафҳаи Устод Рустами Ваҳҳоб дар Фейсбук

Хабари даргузашти рӯзноманигор ва фаъоли барҷастаи арсаи фарҳангии Тоҷикистон Султони Ҳамад, дили тамоми аъзо ва фаъолони Паймони Миллии Тоҷикистонро ба дард овард.

Манзилат ва ҷойгоҳи Султони Ҳамад ва маҳбубияте, ки аз он бархӯрдор будааст, ба равшанӣ аз муҳтавои паёмҳои таслияте, ки дар пайи даргузашти шодравон аз сӯи ақшори мухталифи ҷомеа дар фазои маҷозӣ иброз гардиданд, ҳувайдост.

Шодравон касе буд, ки тамоми умри пурбаракати худро вақфи хидмат ба мардум ва ҷомеа намудааст. Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи шодравон таъйидгари ин муддаост. Ӯ аз соли 1978 то соли 1980 аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас ба сифати муҳаррири шӯъбаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар радиои вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст. Пас аз хатми Мактаби Олии КГБ СССР дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшиноси масоили байналмилалӣ, чанд соле дар вазифаҳои гуногун дар ҳамин соҳа кору фаъолият кардааст. Аз соли 1993 то соли 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои опозитсионии Тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд. Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон, барои татбиқи созишномаи миёни онҳо ба имзорасида, дар як ҳайати баландпояи муштараки сиёсиву низомӣ ба манотиқи ҷангзада рафта, ду тарафи даргирро ба мусолиҳа даъват кардааст. Аз соли 1998 то 1999 раҳбари дафтари матбуотии ИНОТ буд, ки дар бинои Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият мекард. Солҳои 200 то 2006 ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6 Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи “Нигоҳе ба Шарқ”—и Фаронса, бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба Афғонистон борҳо сафар карда, кору фаъолият намудааст. Дар натиҷаи ин сафарҳо як силсила мақолаҳои публисистӣ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”, “Чархи гардун”, “Зиндагӣ” ва дигар нашрияҳо ба чоп расондааст. Ва дар ҳамин давра аз соли 2003 то соли 2004 Сардабири ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “Наҷот” буд. Ӯ муассиси сомонаи мустақилли ҷамъиятиву сиёсии “Рӯзгор” (дар соли 2009 то 2015) ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири ҳафтаномаи “Рӯзгор” буд. Соли 2003 барои силсиламақолаҳои “Афғонистон захмест бар ҷисми башарият” сазовори ҷоизаи Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуд. Соли 2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони “Аз Ардашер то шери Панҷшер” дар шакли китоб аз сӯи нашриёти “Ирфон” ба табъ расид. Соли 2005 низ китоби дигараш бо номи “Аҳмад Зоҳир — султони қалбҳо” дар нашриёти “Диваштич” аз чоп баромад. Соли 2007-ум ду китоби ӯ “Дар сӯҳбати соҳибдилон” ва “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ” аз сӯи нашриёти “Диваштич” ва китоби дигари ӯ таҳти унвони “Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон” дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст. Дар соли 2012 китоби “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб” ва нашри дуввуми “Султони қалбҳо” дар нашриёти Бухоро ба чоп расиданд. Китобҳои “Бурхи Валӣ — дӯсти Худо” (дар нашриёти Истеъдод) ва “Дар пайраҳаи нур” (дар нашриёти Муаттар) соли 2013 чоп шуданд. Ӯ ғолиби озмуни журналистони ҷумҳурӣ дар бахши “Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ”, ки аз сӯи Созмони Амният ва Хамкорӣ дар Аврупо соли 2004 созмон ёфта буд, мебошад. Дорандаи нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Аммо аз миёни тамоми навиштаҳояш шояд маҷӯмаи “Оштинома” мондагортарини онҳо бошад, ки ба унвони як санади мӯътабари таърихӣ низ маҳсуб мешавад.

Паймони Миллии Тоҷикистон зимни таслияти ин зойеъаи дарднок ба хонавода ва бастагонаш, барои он шодравон раҳмату мағфират ва барои бозмондагонаш сабри ҷамил таманно мекунад.

Паймони Миллии Тоҷикистон

7 июни 2019

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s