Ёддошти Абдмуннон Шералиев
Ду хабар дар ду рӯзи охир расонаӣ шуд, ки гувоҳи расидани пои бӯҳрони навбатӣ ба Тоҷикистон аст. Бӯҳрон дар ҳоле дорад пой ба Тоҷикистон мегузорад, ки кишвар дар бадтарин вазъи иқтисодӣ дар 20 соли охир қарор дорад.
Тибқи Иттилоъи Бонки марказии Русия, интиқоли пул дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон 5% камтар шудааст. Муҳоҷирон ба ҷои $487 миллиони соли гузашта $462 миллион интиқол додаанд.
Албатта 5% ё $25 млн дар муқоиса бо $2,5 млрд, ки муҳоҷирон солона интиқол медиҳанд, рақами чандон бузург наменамояд. Вале он наздик ба кӯмаки солонаи Иттиҳод Аврупо ба Тоҷикистон аст.
Муъодили солонаи коҳиши 5%-ӣ бошад ба $125 млн баробар мешавад, ки маблағи андак нест. Барои дарёфти ин маблағ, Тоҷикистон бояд аз 4 грантдиҳанда мисли Иттиҳоди Аврупо кӯмак пурсад.
Тамоми таҳлилу пешбиниҳо далолат бар ин мекунанд, ки мутаассифона коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ҳади ақал то соли 2022 идома хоҳад кард. Имкони зиёди бештар аз 5% шудани ин коҳиш дар давоми сол вуҷуд дорад — он метавонад 7-8%-ро ташкил диҳад.
Пешбинии рушди иқтисоди Русия барои соли 2019, дар таҳлили якбора се тими таҳлилгарон поён бурда шуд. Бонки ҷаҳонӣ пешбиниашро аз 1,4% ба 1,2% фаровард, Бонки марказии Русия аз 1,2-1,7 то 1-1,5%, оҷонсии Fitch аз 1,5 то 1,2%. Дар умум ҳудуди 20 дарсад.
Коршиносон бӯҳрони нави иқтисодӣ дар Русияро барои солҳои 2019-2021 пешбинӣ мекунанд. Пардохтан ба тафсири сабабҳои ин бӯҳрон навиштаро ба дарозо мекашад, бинобар ин аз он сарфи назар мекунем. Касе ба масъала таваҷҷӯҳи бештар дорад, метавонад садҳо таҳлилро аз интернет пайдо кунад.
Мусаллам аст, ки бӯҳрон дар Русияро пеш аз худи русҳо тоҷикон эҳсос мекунанд — даромади 90 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон босуръат кам мешавад. Ҳади коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон вобаста ба сатҳи бӯҳроне хоҳад буд, ки Русия бо он рӯбарӯ мешавад ва пешбинӣ карданаш тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ин ки интиқоли маблағи муҳоҷирон дар солҳои 2021-22 то $1,7-1,8 млрд поён меравад, ҷои шубҳа нест.
* * *
Тибқи иттилоъи Агентии меъморӣ ва сохтмон, ҳаҷми сохтмон дар кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 15,4 дарсад камтар шудааст. Поён рафтани қудрати харидории мардум аввалин шуда дар хариди хонаҳо бармало мешавад. Ҳарчанд дар вазъи феълии Тоҷикистон инро барои далел истифода кардан на он қадар баҷост: қудрати харидории мардум дар кишвар 4-5 сол қабл рӯ ба таназзул ниҳода буд, вале камшавии харидорони хонаро фишори ҳукумат болои бизнеси миёнаву калон ҷуброн мекард. Ба ин маънӣ, ки сармоягузорони дохилӣ аз сармоягузорӣ ба бизнес дар кишвар ҳарос дорнад ва чанд соли охир сармояҳояшонро дар амволи ғайриманқул мегузоранд. Нафароне ҳастанд, ки дар 4-5 соли охир то 200 хона харидаанд. Ин боис шуд, ки поёнравии қудрати харидории мардум камтар мушоҳида шавад.
Якбора беш аз 15 дарсад камтар шудани сохтмон (соли гузашта ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1% буд) ба назари мо ду сабаб дорад: а) сармояи сарватмандон дигар наметавонанд поёнравии пуршиддати тавоноии харидории мардумро ҷуброн кунад; б) бо сабаби камтар шудани захираҳо ё боварӣ ба ояндаи қимати хона, сармоядорон кам-кам доранд аз хариди хонаҳо парҳез мекунанд.
* * *
Мешавад ба ин ду хабар басташавии 188 корхонаи истеҳсоли дар вилояти Хатлонро илова кард. Ҳарчанд ин хабарро чун далели расидани бӯҳрон намешавад пайваст дод — корхонаҳо дар Тоҷикистон асосан бинобар фишори зиёди андоз баста мешаванд ва ин кор 4-5 соли охир мӯътадил идома дорад. Аммо онро мешавад чун яке аз омилҳои бӯҳрони умумии молияву иқтисодӣ дар кишвар мисол зад.
* * *
Вақте аз мушкил мегӯӣ ё менависӣ, бояд роҳи ҳали рнро ҳам пешниҳод намоӣ. Аммо аз ин кор бо ду сабаб худдорӣ мекунем:
1) Мақомот ҳеҷ пешниҳодеро ба инобат нахоҳанд гирифт;
2) Агар мақомоте, ҳатто дар баландтарин сатҳ иродаи пешгирӣ аз бӯҳрон ва хотима додан ба хараҷу мараҷ дар иқтисодро пайдо кард, қудрату имконияти пиёда кардани онро надорад.