Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) зимни изҳори таслият ба наздикону хонаводаҳои тамоми зиндониёне, ки ҳангоми интиқол аз зиндонҳои вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон, ба сурати машкук вафот ёфтанд, изҳор медорад:
Боиси нигаронӣ аст, ки тайи 8 моҳи ахир, дар Тоҷикистон, се фоҷеаи бисёр ғамангез дар робита бо маҳбусон иттифоқ афтод. Ва дар ҳоле, ки ҳанӯз суолҳои бисёре дар хусуси “ошӯб” дар ду зиндон – Хуҷанд ва Ваҳдат ва кушта ва захмӣ шудани шумори зиёде аз маҳбусон беҷавоб мондааст, инак шоҳиди марги машкуки 14 тан аз зиндониён – ки бештарашон ҳам ҷавон ҳастанд — ҳангоми интиқоли 128 зиндонӣ аз зиндонҳои вилояти Суғд ба зиндонҳои шарҳои Душанбе, Норак ва Ёвон мешавем;
ПМТ дар робита ба мавзӯъ ҳамроҳ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин назар аст, ки мақомот ин ҳодисаи андӯҳгинро ҳамаҷониба, пурра ва бо диққат баррасӣ намуда ва раванди тафтиши пешакии ин парвандаро дар расонаҳо (ВАО) мунташир ва ҷомеаро аз натиҷаҳои он огоҳ созанд; на ин ки мисли парвандаҳои собиқ рӯи ин парванда низ мӯҳри “махфӣ” бизананд. Ҳамчунин, набояд ҳуқуқи бастагону наздикони қурбониён вобаста ба шинос шудан бо маводдҳои парванда, дархости таъйини экспертизаҳои иловагии судии тиббӣ, дафн ва ғайра нодида гирифта шуда поймол гардад;
ПМТ мӯътақид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди парвандаи зиндониён на ба вазифаи худ, ҳамчун ҳукумати масъул, амал мекунад ва на ба садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ гӯш фаро медиҳад. Воқеан ҷои ин суол ҳаст, ки чаро то ба ҳол тамоми афроди дастдошта дар фоҷеаи ду зиндон – Хуҷанд ва Ваҳдат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд?
ПМТ ҳамчунин таъкид бар ин масъала дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд тамоми монеаҳо дар пеши роҳи ҳамкорӣ бо Комитети байналмилалии Салиби Сурхро бардорад, то ин созмон битавонад дар сурати лузум, аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан ба амал оварда, бо ҳар зиндоние, ки мехоҳад сӯҳбат кунад. Ҳамчунин вакилони дифоъ, Омбудсмен ва созмонҳои шаҳрвандӣ имконияти фаъолияти озод ва бидуни ҳеч мумониатро пайдо кунанд.
ПМТ дар ин фоҷеа пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро мабнӣ бар эълон кардани 9 июл ба унвони Рӯзи мотам, пешниҳоде баҷо дониста ба он ҳамсадо мешавад.
Дар поён изҳор медорем, ки ПМТ вазифаи шаҳрвандии худ медонад, ки дар сурати саҳланагории Ҳукумати Тоҷикистон дар адои вазоифаш, таҳқиқи қазияро аз тариқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ пайгирӣ бикунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
9 июли соли 2019
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа