Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо пас аз саъю талошҳои бевақфа ва бо ҳамкории мақомоти мӯҳтарами Ҷумҳурии Литва, муваффақ шуд “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова”-ро, ки қаблан аз таъсиси он хабар дода буд, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва бо ҳамин мақом яъне мақоми байналмилалӣ ба сабти расмӣ расонда ва дар санаи 16 июли соли ҷорӣ (2019) санади онро дарёфт намояд.
Бинобар ин, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо, тайи ин баёния, ба самъи шаҳрвандони азизи кишварамон мерасонад, ки ба почтаи электроние, ки дар зер оварда мешавад, афроди мавриди назари худро ҳамчун номзад барои дарёфти ин ҷоизаи пурарзиш, ирсол намоянд. Шартҳое, ки дарёфткунандаи “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” бояд доро бошад, тибқи моддаи 14 “Ойинномаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова”, ба ин шарҳ аст:
Номзад барои дарёфти Ҷоизаи Воҳидова бояд дар яке аз арсаҳои зерин фаъол бошад:
— дифоъ аз ҳуқуқи башар;
— тарвиҷу рушди таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ;
— рушди соҳибкорӣ, дифоь аз ҳуқуқи иқтисодии шаҳрвандон;
— рушди матбуоти озод ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон;
— рушд ва тарвиҷи мардумсолорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон;
— рушди маориф ва фарҳанг;
— дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон;
— тақвияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа.
Аз ин рӯ, ҳар касе, ки яке аз шартҳои номбурдаро доро бошад, шумо метавонед ному насаби ӯ ҳамроҳ бо корномаи мухтасарашро то санаи 20 августи соли ҷорӣ (2019) ба ин почтаи электронӣ ирсол намоед
Лозим ба ёдоварист, ки номзадҳои пешниҳодшуда аз сӯи шумо, тавассути Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза баррасӣ ва арзёбӣ гардида ва аз миёни онҳо шоистатарин интихоб шуда ва дар рӯзи муқаррар ҷоиза ба ӯ эъто мегардад. Маълумоти бештарро метавонед дар Ойинномаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова, ки ба ин баёния пайваст гардидааст, бихонед.
Бо эҳтиром,
Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо
17 июли 2019
Вилнюс, Литва
* * *
Пайваст:
Ойинномаи Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова
Муқаддима
Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова, ки минбаъд Ҷоизаи Воҳидова хонда мешавад, дар таърихи 12 феврали соли 2019 дар маросими ёдбуде, ки дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва, барои шодравон Файзинисо Воҳидова – кунишгари иҷтимоӣ, ҳуқуқдон ва вакили дифои машҳури тоҷик баргузор гардид, аз тарафи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо таъсис шудааст.
Фасли аввал – Куллиёт
Моддаи 1 – Ҷоизаи Воҳидова дорои мақоми байналмилалӣ буда, шомили: лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад.
Моддаи 2 – Ҷоизаи Воҳидова ҳар сол ба як тан аз кунишгарони арсаҳое, ки дар моддаи 14 тавзеҳаш омадааст ва низ ба як ниҳоди фаъол дар ҳамин арсаҳо эъто мешавад.
Моддаи 3 – Ҷоизаи Воҳидова ба унвони як ҷоизаи байналмилалӣ, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва дар таърихи 16 июли соли 2019 ба сабт расидааст.
Моддаи 4 – Дабирхонаи Ҷоизаи Воҳидова дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва бо нишонии Bendrijos buveinė – Kauno m. sav. Kauno m. Partizanų g. 61-806, Lietuvos Respublika, NTR kodas 1997-8020-4019:0161 қарор дорад. Ва дар сурати тағйири авзои сиёсӣ дар Тоҷикистон, шӯъбаи ин дабирхона дар Тоҷикистон низ таъсис хоҳад гардид.
Моддаи 5 – Ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи Воҳидова ташвиқ ва қадрдонӣ аз афроду созмонҳое аст, ки фаъолияти худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша ба хусус дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кардаанд.
Фасли дуввум – Аркон
Моддаи 6 – Ҷоизаи Воҳидова муташаккил аз аркони зер аст:
1 – Дабирхона.
2 – Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза.
Моддаи 7 – Сарпарастии Дабирхонаи Ҷоизаи Воҳидоваро Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо – ба унвони муассиси ин ҷоиза – бар ӯҳда дорад.
Моддаи 8 – Вазифаҳои Дабирхона иборатанд аз:
— интихоби аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза;
— ироаи номи номзадҳо ба Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагон пеш аз баргузории маросими эътои ҷоиза;
— даъват аз барандагон (ё наздикони онҳо) барои ҳузур дар маросими эътои ҷоиза;
— баргузории маросими эътои ҷоиза.
Моддаи 9 – Аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза собит нестанд. Теъдоди онҳо ҳар сол бо салоҳдиди Дабирхона интихоб ва таъйин мешаванд.
Моддаи 10 – Аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза аз миёни ҳуқуқдонҳо, вакилони мудофеъ, коршиносони тоҷики арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳи ҷомеаи Тоҷикистон — қатъи назар аз дидгоҳҳо ва гароишҳои сиёсии онҳо — интихоб мешаванд.
Моддаи 11 – Вазифаи Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза иборат аст аз: интихоби барандагони ҷоиза аз миёни номзадҳои пешниҳодӣ.
Моддаи 12 — Дар сурати бурузи ихтилофи назар миёни аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза дар интихоби барандаҳо, ихтилоф аз тариқи раъйгирӣ ҳаллу фасл мегардад ва барандаи ҷоиза бо эҳрози сеяки орои кулли аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоиза таъйин мешавад.
Фасли севвум – Меъёр ва механизми пешниҳоди номзадҳо барои дарёфти ҷоиза
Моддаи 13 – Номзадҳо барои дарёфти Ҷоизаи Воҳидова, аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод мешаванд; ба ин сурат, ки созмонҳо ва ниҳодҳо ва низ шаҳрвандони алоҳида метавонанд бо дар назар гирифтани меъёрҳое, ки дар моддаи 14 зикр хоҳанд шуд, ном ва мушаххасоти фарди мавриди пешниҳоди худро ҳамроҳ бо корномаи ӯ, ба нишонии электронӣ (емайл)-и Дабирхонаи ҷоиза ирсол бикунанд.
Моддаи 14 – Номзад барои дарёфти Ҷоизаи Воҳидова бояд дар яке аз арсаҳои зерин фаъол бошад:
— дифоъ аз ҳуқуқи башар;
— тарвиҷу рушди таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ;
— рушди соҳибкорӣ, дифоь аз ҳуқуқи иқтисодии шаҳрвандон;
— рушди матбуоти озод ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон;
— рушд ва тарвиҷи мардумсолорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон;
— рушди маориф ва фарҳанг;
— дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон;
— тақвияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа.
Фасли чаҳорум – Шарҳу тавзеҳи лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ
Моддаи 15 – Ҳамон тарве ки дар моддаи 1 ёдовар шуд, Ҷоизаи Воҳидова шомили: лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад.
Моддаи 16 – Лавҳи тақдир иборат аз лавҳе коғазӣ аст, ки дар он, ном ва мушаххасоти барандаи Ҷоизаи Воҳидова ҳамроҳ бо соли эътои ҷоиза ва имзои аъзои Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагон ва сарпарасти Дабирхона дарҷ мешавад.
Моддаи 17 – Тандиси Ҷоизаи Воҳидова аз зерпояи сангӣ ва сутуни шишаӣ ташкил ёфта, дар зерпоя ба хатту забони англисӣ “Faiziniso Vohidova Prize” навишта шуда ва дар сутун тасвири шодравон Файзинисо Воҳидова таҷассум ёфтааст.
Моддаи 18 – Миқдори маблағи пулӣ ҳар сол бо салоҳидиди Дабирхона таъйин мегардад. Ин маблағ аз сӯи худи шаҳрвандон ва дӯстдорони шодравон Файзинисо Воҳидова ва низ алоқамандон ба барқарории озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон, ба шумораи ҳисоби ҷоиза вориз мегардад.
Моддаи 19 – Ин ойиннома шомили як муқаддима, 4 фасл ва 19 модда мебошад. Дар сурати салоҳдиди Дабирхона, дар ин ойиннома тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Бонувон, Эъломияҳо, Ҳуқуқи башар