Баёнияҳо

Баёнияи ПМТ дар бораи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) зимни арзи таслият ба наздикони кушташудаҳо ва орзуи шифо барои захмиҳои даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор медорад:

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муҳимтарин вазифаи ҳукумат ин аст, ки аз марзҳои кишвар ва ҳамчунин зиндагӣ ва амнияти шаҳрвандонаш ҳимоят ба амал оварад; ва низ ба хотири нолаёқатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар таъмини амнияти марзҳо ва мардуми кишвар, ҳукумати Тоҷикистон бояд раиси КДАМ-ро, ки масъули танишҳои рӯ ба афзоиш дар марз ва таҳдиди тамомияти арзии Тоҷикистон мебошад, ба истеъфо бифиристад.

Мо мӯътақидем, мақомоте, ки ба вазифаҳои гузошташуда бар ӯҳдаи онҳо аз сӯи ҳукумат ва мардум амал намекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ба хотири ҷон бохтан ва захмӣ шудани шаҳрвандоне, ки маҷбур шуданд бо дастони холӣ ба ҳифозати сарзамин ва ҳуқуқи худ бапо хезанд.

Тоҷикистон бояд аз ҳукумати Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони қирғизеро, ки ба сӯи шаҳрвандони мо тир парронданд, тақозо намояд.

ПМТ ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, то як гурӯҳи шоиста аз коршиносон ва музокиракунандагон ташкил намояд, ки қодир ба дифоъ аз манофеъи Тоҷикистон ва мардуми мо дар марз бошанд.

ПМТ мӯътақид аст, ки ҳаллу фасли мусолиматомези муноқишаи марзӣ бо кишвари бародар Қирғизистон танҳо аз тариқи музокира ва гуфтугӯ имконпазир аст.

ПМТ набуди иродаи сиёсӣ, хунукназарӣ ва бетарафии сохторҳои қудратӣ дар ҳифзи манофеъи кишвар ва шаҳрвандонро қотеъона маҳкум мекунад. Нотавонӣ дар музокира ва ҳаллу фасли ихтилофот, баробар аст бо худкушии мақомот, ки барои мардум ва кишвар хатари бузурге дорад.

Дар ин робита, Паймони Миллии Тоҷикистон аз раҳбарияти кишвар даъват ба амал меоварад, ки ба манзури пешгирӣ аз вуқӯи даргириҳои ҷадид миёни шаҳрвандони ду кишвар, то замони ҳосил шудани як тавофуқи ниҳоӣ, фавран дастуроти лозимро ба ниҳодҳои марбута содир намояд, то тамоми минтақаҳои ҷанҷолиро, ки тибқи харитаҳои даврони Шӯравӣ ба Тоҷикистон таъаллуқ доранд, таҳти тасарруф дароваранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

23.07.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s