Ахиран Равшан Темуриён, ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва мудири ҳайати машваратии назди раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бо раҳбарияти Маркази Раул Валленберг оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Монтреали Конодо дидор ва гуфтугӯ намуд.

Брэндон Силвер, муовини раиси Маркази Раул Валленберг
Дар ин дидор, Брэндон Силвер, муовини раиси ин марказ дар умури сиёсатҳо ва барномаҳо, ибтидо аз номи худ ва профессор Ирвин Котлер, раиси Маркази Раул Валленберг оид ба ҳуқуқи башари Конодо, меҳмонро хайра мақдам гуфт.
Дар гуфтугӯ, байни ин марказ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифта, қайд шуд, ки вазъи ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он мухталиф арзёбӣ мешавад. Ва ҳар ду ҷониб ҳам барои беҳбудии ҳуқуқи башар дар кишвари Тоҷикистон талошу саъй доранд.
Равшан Темуриён дар бораи фаъолият ва барномаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва Паймони Миллии Тоҷикистон дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи инсон ва раҳбурдҳои демократӣ дар кишвар маълумоти муфассале ироа намуд.
Ҷаноби Силвер аз ҷониби ин марказ ва шахси профессор Ирвон Котлер, собиқ вазири адлия ва Додситони кулли Конодо, изҳори хушӣ аз дидори нахуст дар Осло дар Ҳамоиши Озодӣ ва боздиди дуввум бо Темуриён намуда, таъкид кард, ки Маркази Раул Валленберг омодааст бо ҷомеаи мадании тоҷик ҳамкориҳо дар роҳи демократисозӣ дошта бошад ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ кӯмак расонад.

Профессор Ирвин Котлер, раиси Маркази Раул Валленберг
Ёдовар бояд шуд, ки Маркази Раул Валленберг оид ба ҳуқуқи инсон як консорсиуми байналмилалии парлумон, олимон, ҳуқуқшиносон, муҳофизони ҳуқуқи башар, созмонҳои ғайридавлатӣ ва донишҷӯён мебошад, ки дар роҳи адолат муттаҳид шудаанд; аз мероси ҳуманитарии Раул Валленберг илҳом гирифтаанд; тимсоле, ки чӣ гуна як шахс бо ҳамдардӣ, ғамхорӣ ва далерӣ дар амал метавонад ба бадӣ муқобилат кунад, ғолиб шавад ва таърихро тағйир диҳад.
Зикр бояд кард, ки профессор Ирвин Котлер чанд сол пеш аз ҷониби сарвазири Конодо Пол Мартин ба ҷоизаи ҷаҳонии Нобел дар умури ҳуқуқи башар номзад пешниҳод гардида буд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидорҳо