Равшан Темуриён, ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик, изҳори назари яке аз коршиносони қирғизро комилан як иттиҳом хонд ва гуфт: “Изҳороти сиёсатшиноси қирғиз Марс Сариев мабнӣ бар ин ки гӯё ин таҳрикоти кадом як нерӯҳои оппозиситсия дар Ворух бошад, як иттиҳоми комилан дур аз ҳақиқат аст.”
Марс Сариев, сиёсатшиноси қирғиз иддао кардааст, ки ҳодисаи Ворух эҳтимолан тавтиъаи тарҳрезишудае аз сӯи оппозитсияи тоҷик барои ба ҳам задани музокироти марзӣ миёни сарони Тоҷикистону Қирғизистон бошад.
Шабакаи САTV аз Равшан Темуриён, ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик хост, назари хешро дар ин робита баён намояд:
Темуриён бо иттиҳоми маҳз хондани изҳори назари ин коршиноси қирғизӣ гуфт: “Изҳороти сиёсатшиноси қирғиз Марс Сариев мабнӣ бар ин ки гӯё ин таҳрикоти кадом як нерӯҳои оппозиситсия дар Ворух бошад, як иттиҳоми комилан дур аз ҳақиқат аст. Ин мисли он аст, ки “дарро задам девор кафид”.
Темуриён афзуд: “Маълум аст, ки нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон дар дохили кишвар амал намекунанд. Ва расман он ҷо давлати Тоҷикистон тасаллут дорад ва фаъол аст. Аз ин хотир, ин изҳороти сиёсатшиноси Қирғизистон тамоман аз ҳақиқат дур аст, воқеъият надорад.”
Ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик дар идома бо баёни ин ки зоҳиран ин сиёсатшиноси қирғиз аз вазъи сиёсии Тоҷикистон огоҳӣ надорад ва вазъро наомӯхтааст, изҳор дошт: “Ин арзёбии як сиёсатшинос таҳрикомез аст, дар баробари давлати Тҷикистон ва нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон, зеро нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон дар Ворух вуҷуд (-и физикӣ) надоранд. Он ҷо мардуми оддии Тоҷикистон ва давлати Тоҷикистон ҳузур доранд. Ва масъалаи комиссиюни дутарафа низ бар зиммаи давлат аст. Ва он ҷо аз рӯи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистон масъулияти тамомияти арзии Тоҷикистонро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зимма дорад.”
Гуфтугӯи комили САTV бо Равшан бо Темуриёнро дар зер метавонед мушоҳида намоед:
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Гуфтугӯ, Ҷомеа