Эъломияҳо

Бузургмеҳр Ёров – барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова

Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо дар Фейсбук дар баёнияе эълон намуд, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова гардидааст. Дар ин баёния омадааст:

“Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова баъд аз баррасиҳои лозим, аз миёни се номзади ниҳоӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии маъруфи тоҷикро ба унвони барандаи ин ҷоиза эълон намуд.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова зимни табрики Бузуругмеҳр Ёров ба ҷиҳати сазовор дониста шуданаш барои дарёфти ин ҷоиза, ки воқеан шоистагии онро дошт, эълом медорад:
Рӯзи чаҳоршанбе, 18 сентябри 2019 дар маросими вежае, ки ба ҳамин муносибат ва бо ширкати намояндагони чанд созмони байналмилалии ҳуқуқи башар баргузор хоҳад шуд, ин ҷоизаи арзишмандро ба Бузургмеҳр Ёров тақдим менамояд.

Ҳамчунин дар ин маросим ба 5 нафар аз кунишгарони арсаи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фаъоли иҷтимоӣ низ, лавҳи тақдир эҳдо хоҳад шуд.

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дар баёнияи қаблии худ эълом карда буд, ки баъд аз эълони сабти расмии Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова аз сӯи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Литва, тайи баёнияе аз шаҳрвандони азизи кишварамон даъват ба амал овард, то афрод ва созмонҳои мавриди назари худро барои дарёфти ин ҷоиза муаррифӣ намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ, беш аз 40 шахсият ва ниҳод барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова тавассути мардум ба Дабирхона муаррифӣ шуданд.

Дабирхона билофосила Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони ҷоизаро ташкил дод. Нӯҳ (9) шахсияти маъруфи байналмилалӣ — ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони матраҳ – аъзои ин комиссия мебошанд, ки дар сурати зарурӣ, ному насаби онҳо расонаӣ хоҳад шуд.

Комиссия билофосила ба кори худ оғоз намуд ва тайи баргузории 6 ҷаласаи корӣ ба сурати онлойн, аз миёни 40 шахсият ва ниҳодҳои муаррифишуда тавассути мардум, се нафарро ба унвони номзадҳои ниҳоӣ барои дарёфти ин ҷоиза интихоб намуд, ки иборат буданд аз:

Бузургмеҳр Ёров

Иззат Амон

Каримҷон Ёров”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s