Ахбори Анҷуман

Даст аз фишору таъқиби рӯзноманигорон бардоред!

Суханронии Насруллоҳ Раҳмонов дар нишасти навбатии САҲА дар Варшава

Дар чанд соли ахир, режими Тоҷикистон маҳдудиятҳои бесобиқае бар расонаҳои мустақил ва асҳоби расона эҷод кардааст. Бастани хабаргузории мустақилли “Озодагон” ва дар натиҷа ватанро тарк кардани соҳиби ин расона, журналист Зафари Сӯфӣ, ва ҳамчунин бастани ожонсии Тоҷнюз ва Тоҷикистонро тарк карда ба муҳоҷират рӯй овардани соҳиби он, журналист Сайидмуҳйиддин Дӯстмуҳаммадиён, боризтарин намунаи эҷоди ин маҳдудият аст. Маҳдудияти Азия-плюс ҳам бар касе пӯшида нест.

Ин се хабаргузорӣ дар Тоҷикистон, мустақилтарин хабаргузориҳо маҳсуб мешуданд ва хонандагони анбӯҳе доранд. Бо таътилии ин расонаҳо дар кишвар, имрӯз дар ҷомеаи иттилотии тоҷик, халаъи амиқе эҷод шудааст, ки ҳеч чиз наметавонад ҷойгузини он шавад.

Ва бар болои ин, режим ҳатто бар расонаҳои давлатӣ ва соҳибони он низ маҳдудиятҳое эҷод кардааст. Тибқи гуфтаи худи рӯзноманигорони ин расонаҳои давлатӣ, онҳо ҳеч матлаберо наметавонанд бидуни сонсури КДАМ ба нашр бирасонанд. Ва ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки мақомоти амниятӣ бар ин расонаҳо таҳмил мекунанд, ки мақолаҳоеро, ки худи КДАМ омода кардааст, нашр намоянд.

Шоҳиди ин муддао, мақолаҳое дар ин расонаҳо аст, ки ҳамарӯза дар онҳо нашр мешаванд ва ҳамаи онҳо ба қалами инсонҳои ба номи мустаъор буда ва ҳамаашон бар зидди мухолифони давлат мебошад. Рӯзе нест, ки дар ин расонаҳои давлатӣ, як ё ду мақола алайҳи мухолифон ва раҳбарони онҳо чоп нашавад.

Хоҳиши мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аст, ки бар режими Тоҷикистон фишор оварад, то:

1) аввалан, ба расонаҳои мустақил иҷозати фаъолият бидиҳад;

2) сониян, даст аз фишору таъқиби рӯзноманигорон бардорад;

3) солисан, фавран хабаргузории “Озодагон” ва “Тоҷнюз” ба фаъолияти худ баргардад;

4) робеъан, дар қонун дар бораи матбуот таҷдиди назар шавад ва он бояд тағйир кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s