Суханронии Маҳмудҷон Файзраҳмонов дар ҷаласаи кории нишасти навбатии САҲА (сентябри 2019)
Хонумҳо ва оқоён!
Намояндагони давлати Тоҷикистон дар инҷо аз озодии баён бо садои баланд сӯҳбат мекунанд ё вақте бо дипломатҳои тоҷик мулоқот мекунед, аз пешрафтҳои зиёде дар заминаи озодии баён мегӯянд, аммо воқеият акси ин аст ва чизе комилан дигар.
Тоҷикистон кишварест, ки фаъолон ва мардуми оддӣ ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ монанди Фейсбук ва Одноклассники ҳатто аз фишор додани дукмаи «писанд» (лайк) ва ба «иштирок» гузоштани матолиб (ҳамрасонӣ) метарсанд, зеро онҳо медонанд, ки авоқиби баде дорад. Оё ин озодии баён дар қарни бисту якум хонда мешавад?
Дар июни соли 2018, парлумони Тоҷикистон моддаи 179 қонуни муҷозотро тағйир дод, ки «лайк» ва «ҳамрасонӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони ҷиноятҳое дар назар гирифта мешаванд, ки 10 сол ҳабс дар зиндон дарбар хоҳад дошт.
Дар моҳи майи соли 2018 , Алиҷон Шарипов ба далели тамошо, лайк мондан ва ба иштирок гузоштани филми таҷаммӯъҳои Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар, ба 9,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ фақат дукмаҳои «лайк” зада ва ба «иштирок» гузошта буд филмҳои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси Паймони Миллии Тоҷикистонро. Ӯ ба тақрибан 10 сол зиндон ба хотири лайк ва иштирок гузоштан маҳкум шуд.
Намояндагон ва дипломатҳои Тоҷикистон, ки инҷо ҳузур доранд, чӣ гуна ин мавзӯъро тавзеҳ медиҳанд?
Ду моҳ пеш, дар моҳи июли соли 2019, як шаҳрванди дигар ба номи Иброҳим Қосимов аз ноҳияи Панҷакент, ба ҳамин далел ба 9.5 сол зиндон маҳкум шуд: ба хотири «лайк» ва «ҳамрасонӣ»-и матолиби мутаъаллиқ ба чеҳраҳои мухолиф.
Ман аз намояндагони тоҷик дар ин конфронс мехоҳам тавзеҳ диҳанд, ки чӣ гуна “лайк” ё ба иштирок гузоштан ба унвони ҷурм талаққӣ мешавад?
Ман ҳамчунин аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мехоҳам, ки аз давлати Тоҷикистон хостори озодии фаврии Алиҷон Шарипов, Иброҳим Қосимов ва ҳамаи касоне, ки ба далели «лайк» ва «ҳамрасонӣ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум мегарданд, шаванд.
Рубрики:Ҳуқуқи башар, Ҷомеа