Дидгоҳ

Ду бохти бисёр қабеҳи ҳайати ҳукумат

Ба қалами Амруллоҳи Низом

Ҳайъати Ҳукумати Тоҷикистон, маъмулан аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) пешбарӣ ва сафабар шудаанд, то кунун дар нишасти САҲА дар Варшава ду бохти қабеҳ дошт:
1) Ҳукумат ва ҳайъати «рӯйсурахакаш» бо тамоми талошҳое, ки доштанд, натавонистанд таваҷҷӯҳи ҷомеъаи байналмилалӣ ва расонаиро ба нафъи худи режим ҷалб кунанд, ба истиснои як ҳолати хеле ҳам зишт, ки дар поён ба он ишора хоҳам кард. Дар арсаи расонаӣ ҳам то ҳол на ҷаноби Зариф Ализода, мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур ва собиқ ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва не ҷаноби Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири раиси Маркази тадқиқоти стротегии вобастаи раиси ҷумҳур ва яке аз стротегҳои умдаи ин марказ ва не дигар ҳамсафару ҳамқадаҳҳояшон, ки бо либосҳои мухталиф, вале ҳамаи онҳо, ки ба назар мерасад якҷо зери чатри КДАМ ба Варшава омадаанд, то ҳол коре карда натавонистаанд, ки ин ё он амалкарди мусбати онҳо боиси ҷалби таваҷҷӯҳи расонаҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ ва тийфҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ қарор бигиранд. Мардуми зиёде дар бораи онҳо баҳс кунанд, онҳоро таҳсин ё ба чолиш бикашанд ва ё вокунишҳои гуногуне нишон диҳанд.

2) Бохти дуюми ин ҳайъати ҳукуматӣ ҳам, ки на ба худи он, балки бештар ва бевосита ба худи КДАМ рабт дорад, арсаи таблиғоти расонаӣ аст, ки бо вуҷуди доштани камоли потенсиали корӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он ба қудрати нарми ҳукумати ҳеҷ чизе на афзудааст. Баръакс, чопи 21 ба ном мақола дар танҳо дар сомонаи «Ҳақиқати Суғд» дар рӯзи 19-09-2019 ва бознашри қисме аз онҳо дар даҳҳо ҷойҳои дигар сардаргумии ин тимро нишон медиҳад. Ҳукумат дар ин майдон ҳамеша дар ҳолати дифоъӣ натавониста «тӯбро аз пеши дарвозааш дасти кам то васати майдон бурда, ба ҳуҷум гузарад». Кори ин кормандони «кироӣ» номуваффақ будааст. КДАМ, ки дар ин арса аз қишрҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла хеле аз устодони донишгоҳҳо, донишкадаҳо, марказҳои илмӣ, Академияи илмҳо ва институтҳои он, масоҷиди кишвар ва имомону имомхатибони он, аз кормандони сафорату консулгариҳо, хулоса қариб сеяки ҳукумат, ки хоҳ бо зару хоҳ бо зарбу зӯр ва хоҳ бо таҳдиду таҳқир аз онҳо кор мегиранд, натавонистааст мухолифонро дар арсаи байналмилалӣ дар инзиво қарор диҳад. Ҳамоно, сафи мухолифон нисбат ба як соли пеш қавитар ва ҷойгоҳашон дар ҷомеъа собиттар мешавад, ҳамон аммо ҷойгоҳи ҳукумат мутазалзилтар. Низоъҳои манотиқи назди сарҳадӣ, куштор ва ё дақиқтараш қатли омми зиндониён дар се ҳодисаи мудҳиши як соли ахир ва чи гунагии вокуниши ҳукумат нисбат ба онҳо баёнгари яке аз далоили ин «оромии пеш аз тӯфон» аст.

* * *

Аммо кори хеле ҳам зишти ин ҳайъат, ки дар боло зикр шуд, ин тақсими ду маҷаллаи беному нишон ва бо ин роҳ бори дигар дар арсаи байналмилалӣ душман муаррифӣ кардани Эрон барои Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст. Шояд ин ҳайъати «рӯйсурахак» фикр карданд, ки бо бознашри чанд акс агар ин ҷо ҲНИТ-ро шохаи низомии Сипоҳ муаррифӣ кунанд, як кашфиёти ҷадиде ба намоиш мегузоранд, аммо мардум диданд, ки дар он ду ба ғайр аз чанд тӯҳмат ва бӯҳтонҳои тоза ҳеч чизе нав нест. Дар ин раванд дар расонаҳои эронӣ ин кори ҳукуматиҳо дигар хел баҳогузорӣ шуд. Баъзе аз онҳо ба натиҷа расиданд, ки ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, ки чанде пеш бо як сафари кории ҳайъати расмии кишвар бо раҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ барои таъмиру тармим ва бозсозии работиҳои дипломатӣ вориди Теҳрон шуда буд, дар даъвои худ содиқ ва дар мавқеъи худ собит нест, балки ҳарифест, ки ҳар вақте фурсат биёбад аз пушт ханҷар мезанад. Хулоса, ин ҳайъат заҳамоти қариб дусолаи таъмир ва тармими робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эронро тахриб ва махдуш карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s