Баёнияҳо

Номаи саркушодаи Анҷумани муҳоҷирон ба роҳбари Кумисиюни Иттиҳодияи Урупо

Номаи саркушода

Ба роҳбари Кумисиюни Иттиҳодияи Урупо

Ҷаноби Жан- Клод Юнкер

Ба намояндаи хосси Иттиҳодияи Урупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Ҷаноби Петер Буриан

Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо аз таҳия ва қабули барномаҳои нави Иттиҳодияи Урупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол ва изҳори ризоят мекунад. Бахусус ки дар доираи ин барнома таваҷҷӯҳ ба густариш ва риояти арзишҳои демократӣ дар авлавият қарор дода шудааст. Иттиҳодияи Урупо дар гузашта низ ҳамкорӣ ва робитаи худ бо кишварҳои ин минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистонро машрут ба риояти арзишҳо ва меъёрҳои мардумсолорӣ: — озодии сухан, озодии ақида ва дин, фаъолияти озоди аҳзоби мухолиф, расонаҳои гуруҳӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузории интихоботҳои озоду шаффоф, фароҳам овардани шароит барои изҳори назарҳои сиёсӣ, нофармониҳои маданӣ, аз қабили пикету раҳпаймоӣ ва тазоҳурот, тақвияти институтҳои демократӣ донистааст.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки Петер Буриан — намояндаи хосси ИА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар таърихи 19-уми сентябр ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дода, аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар аз наздик ошно шуд. Сӯҳбатҳои эшон бо хабарнигорон моро умедвор мекунад, ки Иттиҳодияи Урупо ба унвони як созмони бонуфузи ҷаҳонӣ минбаъд ҳам бар зарурати ривоҷи арзишҳои демократӣ ва риояти ҳатмии онҳо таъкид хоҳад кард.

Дар баробари ин, Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо низ ба унвони як созмони мудофеи ҳуқуқи башар мӯътақид аст, дар Тоҷикистон ҳукумат ба шева ва усули тоталитарӣ ва аз сӯи як диктатор идора мешавад ва ҳаргиз арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башарро риоят накардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон фасодзадатарин кишвар аст, ки аз ҷониби як диктотури бо собиқаи комунистии 27-сола иқтидори сиёсиро қабза кардааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ сармоя ва кӯмакҳои ИА дар самти рушди низоми демократӣ ва ҳифзу ҳимояти ҳуқуқи башар сарф карда намешавад.

Мо, бар ин назар ҳастем, ки кӯмакҳои молӣ ва пулии Иттиҳодияи Урупо аз ҷониби ҳукумати фасодзадаи Тоҷикистон дуздида шуда, баръакс дар амри тақвияти диктатура масраф мешавад. Дар ҳоле, ки ин маблағҳо аз ҳисоби андозсупорандаҳои Иттиҳодияи Урупо ҷамъоварӣ шудааст, дуруст ва розианд, ки ба кишварҳои диктотурӣ ба мисли Тоҷикистон ҳамчун кӯмак дода шавад? Ҳамин ҳоло бисёре аз тоҷикони муқими кишварҳои Урупо, ки онҳо низ шумори андозсупорандаҳои урупоиро афзудаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нестанд, ки маблағи онҳо барои низомҳои диктотурӣ кӯмак кунад.

То ҳамин акнун Иттиҳодияи Урупо барои Тоҷикистон кӯмакҳои зиёде кардааст. Бахусус баъд аз таъсиси Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба раҳбарии Омрико дар соли 2011 кӯмакҳои ИА ба Тоҷикистон афзоиш пайдо кард.

Аммо суол ин аст, ки кӯмакҳои ИА барои рушди демократия то куҷо муассир воқеъ уфтод. Баръакс сол то сол режими диктатура дар Тоҷикистон таҳким ва тақвият ёфта барои бақо ва идомаи ҳузури худ дар сари қудрат қадам ба қадам нишона ва арзишҳо ва меъёрҳои низоми мардумсолориро аз байн бурд.

Аз ин ҷиҳат Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо дархост мекунад, ки то он даме, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти риояти арзшҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла:

— озодии баён,

— озодии расонаҳо,

— озодии иттиҳодияҳои динӣ,

— озодии аҳзоби сиёсӣ,

— баргузории интихоботҳои озоду шаффоф,

— озод кардани зиндониёни сиёсӣ.

Агар ҳукумати Тоҷикистон дар ин масоил бознигарӣ накунад ва даст ба ислоҳоти ҷиддӣ ва амалӣ назанад, аз сармоягузорӣ ба ин кишвар худдорӣ кунад.

Пешниҳоди мо ин аст, ки ИА кумакҳои расонидаи худро бозрасӣ, баррасӣ ва монитор карда ва аз натоиҷи он ҷомеаро огоҳ бисозад. Афзун бар ин бисанҷад ва маълум бисозад, ки кӯмакҳои ироакардаи Иттиҳодияи Урупо то чӣ ҳад барои рушди демократӣ мусоидат кардааст ва ё баръакс барои тақвияти диктотур ва диктотура.

Пешниҳоди дигари мо ин аст, ки харҷи ҳазинаҳои Иттиҳодияи Урупо барои Тоҷикистон бояд аз сӯи худи ин созмон минбаъд як меконизми назоратии доимӣ дошта бошад.

Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо омодааст, ки барои иҷрои дархост ва пешниҳодот ҳамкорӣ бикунад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо

24 сентябри 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s