Бобоҷон Қаюмов
Пеш аз онки дар бораи 7 нуктаи навиштаи Абдулло Раҳнамо сухан бигӯем, мехоҳам ба чанд нуктаи дигар ҳам таваҷҷӯҳ кунем:
Аввал инки ҳайати Ҳукумат ин бор ҳам як ҳайати ғайрирасмӣ барои машғул доштани мухолифон фиристода буд, ки ё собиқаи узвияти наҳзатро доштанд ё инки ба гунае ба ҷанги дохилӣ марбут буданд. Ҳадаф ин буд, ки мухолифон бо ин ҳайат аз ҷумла бо «Мулло Абдураҳими кулобӣ» машғул шавад ва ҳукумат кори худашро кунад. Ба ҳамин хотир ҳатто «Абдураҳими кулобӣ» дар инҷо раиси ПМТро ба «гуфтугӯи як ба як» даъват ҳам даъват кард.
Дуввуман инки ҷаноби Раҳнамо дар ин нишаст худаш озодона ҳуқуқи ҳаракат ва суҳбатро надошт. Як нафар аз амният қадам ба қадам ҳамроҳаш буд ва ба ҳатто як лаҳза аз ӯ ҷудо намешуд. Агар мегуянд ӯ муҳофизи Раҳнамо буд, чаро дигар айъзои ҳайат, ки мақомашон болотар аз Раҳнамо ҳам буд, муҳофиз надоштанд? Агар номашро муҳофиз ҳам гузоред ҳамагон хуб диданд, ки чаро он шахс як лаҳза Раҳнаморо танҳо намегузошт ва Раҳнамо ҳам худашро аслан озод эҳсос намекард.
Нуктаи севвум инки дар барномаи ҳошиявие, ки мухолифон дар ҳам баргузор карданд, Раҳнамо ҳамчун як василаи муқобила бо мухолифон фиристода шуда буд, ки худаш ҳам ба он ишора кард. Ҳамонҷое, ки ба ҷои Шариф Қурбон номаи Муҳаммадалӣ Ҳаитро ба ҳозирин нишон дод ва хост шикояти хонаводаи М. Ҳаитро дурӯғ ҷилва диҳад, дақиқан дар ҷое суҳбат мекард, ки аслан ҷои Раҳнамо набуд. Ба қавли худи Раҳнамо ӯро ба ҷои Шариф Қурбон фиристода буданд. Аммо худи Раҳнамо ҳам дарк кард, ки дар инҷо аз ӯ истифодаи абзорӣ карданд. Чунки Раҳнамо на дар бораи зиндониҳо чизе медонад ва на бо онҳо сару кор доштааст. Аммо ҳадаф аз фиристодани ӯ ба ин нишаст танҳо ба ин хотир буд, ки ҳукумат ба ҳама бигӯяд, ки мухолифон танҳо бо ҳамсафони собиқи худашон даргир ҳастанд ва бо инкор нишон доданд, ки Раҳнаморо ҳоло ҳам «худӣ» намедонанд.
Аммо дар бораи 7 нуктаи Раҳнамо:
1) Раҳнамо ба он ишора мекунад, ки «ин нишаст на илмист ва на корӣ ва ҳадафи он низ зоҳиран дарку ҳалли масоили ҳуқуқи башар нест. Балки бештар шабеҳи саҳнаи сиёсиест, ки коргардонони он бо ҳимояти огоҳона ва намоишкорона аз ин ё он давлат ё гурӯҳ, мавқъ ва манфиатҳои худро амалан ифода мекунанд«. Яъне ин дақиқан сухани ҳамон касонест, ки дар Душанбе алайҳи конфронси САҲА дар Варшава тазоҳурот роҳандозӣ карда буданд. Раҳнамо танҳо он ҳарфҳои авангардро дар лобалои ҷумлаҳои сиёсӣ ва илмӣ муаддабонатар матраҳ кардааст. Яъне ҳарферо гуфтааст, ки доираҳои хоссе мехоҳанд онро бишнаванд, вагарна худи Раҳнамо хуб медонад, ки дар ҳузури намояндаги 57 кишвар ва ҳудуди 40 созмон матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, наметавонад кори содда ва бетаъсире бошад. Аммо ҳайати ҳукумат бо камаҳамият ҷилва додани ин нишаст мехоҳад бохтҳо ё ҳамон адами муваффақияташонро камаҳамият ҷилва диҳад.
2) Пеш аз ҳама хуб мешуд оқои Раҳнамо ҳадди ақал ин навиштаашро якбори дигар мехонд ва руи он бештар андеша мекард. Раҳнамо менависад: ҳузури ҳайати ҳукумат на посухе ба ҳузури мухолифин буду на барои посухгӯӣ ба назари онон. Дақиқан кори ҳайат ҷавоб гуфтан ба мухолифон буд ва ҷавоб ҳам гуфтанду эътироз ҳам карданд. Магар дар суханрониҳо ба тарҷумаи олмонии калимаи Пешво, ки «Фюрер» мешавад кӣ эътироз кард? Оё ин эътирози ҳайати расмии ҳукумат набуд?
Магар худи шумо дар нишасти марбут ба зиндонҳову зиндониҳо ба шиканҷаи М. Ҳаит ҷавоб нагуфтед ва баёноти намедонам бо кадом роҳ аз ӯ гирифтаатонро ба аҳли нишсат нишон надодед?
Оё ин посухгӯӣ ба назари мухолифон набуд?
Магар Ализода ба суханони раиси ПМТ М. Кабирӣ ҷавоб надод? Агар ин ҳама ҷавобҳо ба мухолифон набуданд пас чӣ буданд? Аммо дар мавриди бо руи боз салому аҳволпурсӣ кардан бо ҳамдигар ҳам набояд воҳима кард.
Ҷаноби Раҳнамо хуб медонад, ки мухолифон на бо касе ҷанг эълон кардаанд ва на ӯро хоин гуфтаанд. Тааҷҷуби мухолифон аз «рӯи хуши» шумо ба он хотир буд, ки бо вуҷуди сарнавишти талхи ҳайати
мухолифин дар соли гузашта, шумо чигуна бо онҳо салом мекунед? Ба хусус бо ҳузури як «муҳофиз» душ ба душатон дар тамоми лаҳзаҳо.
3) Нуктаи севвуми Раҳнамо шаку тардиди бештареро дар ман барангехт. Раҳнамое, ки ман мешинохтам бедалел ба касе туҳмат намебаст ва ба хотири эҷоди ихтилоф байни як гурӯҳ тоҷикон ҳатто агар онҳо мухолиф ҳам бошанд ҳарфе намезад. Аммо дар ин навишта Раҳнамо аз ин арзиши
муҳимми худаш сарфи назар кардааст. Барои мисол онҷое, ки мегӯяд: Бисёриҳо ҳамдигаррро гумоштаву намояндаву лоиҳаи ин ё он кишвару хадамот тасаввур мекарданд. Масалан, ҳанӯз Иззат Амон аз Москва нарасида буд, ки мухолифин ӯро ҳамчун рақиби нави худ дар саҳнаи танги мухолифат бо теғҳои тез интизор буданд ва дар бораи тарҳи наву қадами навбатии ӯ даҳҳо фарзия мепароканданд…
Наход оқои Раҳнамо дар чанд рузаке ҳамаро шинохта бошаду ҳама ба ӯ дар бораи гумошта будани ҳамсафонашон «гузориш» дода бошанд?
Ҳама медонанд, ки ҳадафи Раҳнамо аз ин суханон чизе ҷуз ҳамон шиори «тафриқа андоз ва ҳукумат бирон» нест. Вагарна мухолифон дар Варшава бо вуҷуди доштани ихтилофи назарҳо дар канори ҳам буданду нишсатубархости зиёде ҳам доштанд ва мушкиле ҳам бо ҳам надоштанд. Махсусан матраҳ кардани номи Иззат Амон дар ин навишта ба он хотир аст, ки агар Иззат Асон онро рад кунад уро муттаҳам ба он мекунанд, ки ӯ ҳам ҷузъи ПМТ аст. Агар Иззат Амон ба ин туҳматҳо бовар кунаду зидди мухолифон ҳам мавқеъгирӣ кунад ин ҳам ба нафъи нависандагони ин матлаб аст. Ба иборати дигар Раҳнамо медонад, ки дар ин «доираи танги мухолифат» теғе вуҷуд надораду ӯ ҳам мехоҳад бо пахта сари мухолифонро бибуррад. Коре, ки мутаассифона хоста ё нохоста имрӯз Раҳнамо ба он камар бастааст дақиқан мисдоқи ҳамин сарбуридан бо пахта аст.
4) Раҳнамо гӯё бо дилсузӣ аз бечеҳра ва бешахсият шудани мухолифон сухан мегӯяд. Аммо дар асл нороҳатии ӯ ба хотири он аст, ки мухолифон барномаи онҳоро хунсо карданд. Онҳо бо харҷи маблағи зиёд ҳайати ғайрирасмии ҳукуматро маҳз барои муноқиша ва бархурд бо мухолифон ба Варашава фиристода буданд. Мехостанд афроде мисли мулло Абдураҳим ва ҳамроҳонаш бо мухолифин пархош ва муноқиша намоянду дар натиҷа ҳам ҳайати ғайрирасмии ҳукумат ва ҳам мухолифон аз ҳузур дар ин нишаст дар солҳои баъд маҳрум шаванд. Аммо бархилофи интизори ҳайати ҳукумат мухолифон бо барномарезии дуруст аз бархурд бо шахсони беадабу бадахлоқ парҳез карданд ва нагузоштанд, ки чунин ҳолат рух диҳад.
Аз тарафи дигар алами Раҳнамо аз он хотир аст, ки Зариф Ализода ва намояндагони ҳукумат маҷбур буданд ба ҷавононе посух гӯянд ва эътироз намоянд, ки аслан интизорашро надоштанд.
Раҳнамо хуб медонад, ки ҳузури ин ҷавонон чӣ паёме барои ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дорад. Аммо дар бораи инки бо азоб чизеро хонда ба аҳли нишаст диҳанд, хонандаи муҳтарам метавонад суханронии дилхоҳ ҷавонро бо суханронии
Муло Абдураҳим ва дигар ҳайати ғайрирасмии ҳукумат муқоиса кунад ва қазоват кунад, ки кӣ ба зур мехонд?
Дар бораи беадабӣ ва таҳқир ҳам наворҳо гуё ҳастанд, ки кадом афрод беадабӣ карданд ва дар роҳрав тутивор як калима террористро дар муқобили мухолифон бо садои баланд такрор мекард. Инро ҳам ҳама диданду шоҳид ҳастанд.
Бароям аз ҳама аҷибаш ин ҷумлаи Раҳнамо аст,ки: Хулоса, чанд авбошу ҷосусро ба ҳамоиши САҲА ворид намуда буданд, ки чеҳраи мухолифинро муаррифӣ намояд. Бале, ҷое, ки дигар ҳарф нест, барнома нест, гуфтанӣ нест, ҳамин шеваи фитнаву найрангу таҳқиру ҷосусӣ пеш меояд…
Дар ин конфронс аслан аз мухолифон касе машғули сабту наворбардорӣ набуд. Ба ҷуз кормандони САТВ, ки расман онҳо дар конфронс сабти ном шуда буданд ва як телевизиони мустақил аст, ки ҳатто аз худи Раҳнамо ҳам мусоҳиба гирифтанд. Дигар дар куҷо як мухолиф чизе сабт карду ба намоиш гузошт хуб мешуд ҷаноби Раҳнамо як далел меовард.
Аммо мутаассифона оқои Раҳнамо таҳти таъсири таблиғоти мақомоти амнияти Тоҷикистон дар галстуку ручкаи ҳар як мухолиф камера медид. Фикр мекард ҳама мехоҳанд ӯро сабт кунанд. ин таваҳҳум ба он хотир буд, ки ҳар қадами Раҳнаморо на мухолифон, балки ҳамон ҷавони ба истилоҳ муҳофизаш сабт мекард. Инро ҳар як иштирокчии конфронс шоҳид буд. Ҳатто хориҷиҳо зери назорат будани ӯро дарк карданд ва бо ин кор ҳайати Тоҷикистон «вазифаашро хеле хуб» анҷом дод ва ба тамоми гуфтаҳои мухолифон муҳри таъйид зад.
Нуктаи дигаре, ки дар ин навишта зидду нақиз ҳаст ин аст, ки ӯ дар болотар мегуфт дар 2 дақиқа намешавад мавқеъеро муаррифӣ кард ё андешаеро матраҳ намуд, аммо ҳоло бошад мегӯяд: «Онон(ҷавонон) на андешаеро намояндагӣ мекарданду на мавқееро ифода менамуданд«.
Ин нишаст ҷои андешарониву мавқеъгирӣ нест. Дар он танҳо мушкилоти иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ғайра матраҳ мешаванд ва пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилот гуфта мешавад. Ин ҷавонон ҳам ба хубӣ мушкилотро матраҳ намуданду роҳи ҳалҳояшонро пешниҳод намуданд.
Агар Раҳнамо дар тавоноӣ ва истеъдоди ҷавонони тоҷик шак дорад ин мушкили худаш ва пешвояш аст, ки мутаассифона ба ҷавонони миллат эътимод надоранд.
Аммо ин сухан, ки мухолифон вуҷуд надоранд, воқеан аз шахсе мисли Раҳнамо баъид аст. Қаззофӣ ҳам мегуфт ман мухолиф надорам, мардумам ошиқи ман ҳастанд. Тунис ҳам амнияташ ба маротиб қавитар аз Тоҷикистон буду мухолифонашро аслан мухолиф намешуморид. ин сухан ҳам айнан
мисли ҳамон аст. Ҳатто бадтар аз он.
Дар ҳоле, ки тамоми созмонҳо ва кишварҳо мухолифони Тоҷикро дар Аврупо яке аз қавитарин неруи мухолиф дар минтақа мешиносанд нодида гирифтани он масали «мисли кабк сарашро зери барф карданро» ба ёди кас меорад.
5) Нуктаи панҷуми ин навишта бошад айнан ҳамон «думи сагат каҷ аст» ро ба ёди кас меорад. Вақте ҳайати ҳукумат дар Варшава буд ва ҷашни солгарди ПМТ дар Варашава баргузор гардид ва гузориши фаъолияти яксолаи он воқеан фаротар аз интизори ҳама буд. Он аввалин зарба ба ҳайат буд. Зеро ҳукумат аз тариқи бархе афроди нуфузиаш мехост ПМТ ро аз ҳам бипошад. Ҳатто бархе аз он афрод дар Аврупо ба дустонашон паём дода буданд, ки ПМТ ба зудӣ пароканда хоҳад шуд ва ба яксолагӣ ҳам намерасад. Вале бар хилофи тамоми инҳо ПМТ ба кораш давом дод. Агар чунин намебуд Раҳнамо маҷбур намешуд дар бораи Паймони Миллӣ суҳбат кунад.
Масъалаи аҷиби дигар ин аст, ки суҳбатҳои орому ботамкин ва хеле мантиқии аъзои ПМТро заифиву, беруҳу афсурда ҷилва додааст. Бинозам ба ин маърифат! Аҷаб таҳлили амиқе!
Ҷавонони ПМТ бо ҳайати ҳукумат ҳатто гап назадаву аз онҳо канора истоданд, то вориди муноқиша нашаванд, шумо мегӯед онҳо бисёр эҳсосотӣ ва бо хушунат ба мо ину он мегуфтанд. Шумо интизор доштед, ки мухолифин бо эҳсосот суҳбат кунанду шумо онҳоро ҳамчун гурӯҳи хушунатталаб муаррифӣ кунед, аммо нашуд. Ҳоло, ки ҳама оромона ва мантиқӣ суҳбат карданд, қазияро самти дигар тоб додед.
Аҷобати дигари ин навишта он аст, ки Паймони Миллиро бо як теъдоди зиёди аъзо ва ҷонибдоронаш ҳамчун як гурӯҳи мухолифин намешиносад, вале чанд шахсиятеро мисли Ҳоким Муҳаббатов аз ҷумлаи мухолифин ва мухолифи ПМТ муаррифӣ мекунад. Аҷаб мантиқе!
Ҳамчунин маълум аст, ки овардани номи Иззат Амон дар қатори мухолифини ПМТ чӣ маъно дорад. То ҳол Иззат Амон дар бораи ПМТ чизе нагуфтааст.
Аммо Раҳнамо мехоҳад барқасдона коре кунад, ки Иззат Амон ё дар муқобили ПМТ мавзеъгирӣ кунад ё ин мавзеъи Раҳнаморо рад кунад. Мутаассифона барои онҳо фақат сиёҳ ва сафед вуҷуд дорад. Шумо, ки ҳамеша даъвои далелу мадрак ва ҳақиқату адолат мекунед, аз овардани номи Иззат Амон дар қатори мухолифони ПМТ шарм намекунед?
6) Сухани он зан дар бораи куштори хонаводааш аз дасти ифротгароён шуморо нороҳат кард. Толорро ҳам таҳти таъсир қарор дод. Аммо шумо медонед, ки суханронии фарзанди М. Ҳаит толорро чигуна таҳти таъсир қарор дод? Оё медонед чанд ҳайату созмон бо фарзандони зиндониён вохурданду таҳти таъсири онҳо қарор гирифтанд? Бале медонед аммо боз ҳам чашм мепушед.
Дар бораи куштори хонаводаи Ҷанатуллоҳи Комил чӣ? Оё достони ӯро боре шунидаӣ? медони, ки ӯро маҳз намояндагони фронти халқие куштаанд, ки ҳоло дар ҳукумат ҳастанд ва шумо аз онҳо ҳимоят мекунед. Ҳатто кудаки хурдсолро ҳам куштанд. Шумо ҳамаи инро хуб медонед. Ба хусус шумо дар бораи ҷиноятҳои фронти халқӣ хеле чизҳоро медонед, аммо имрӯз тавон ва иҷозати баёнашро надоред.
7) Нависанда дар ин банд фаромӯш кардааст, ки Ҳоким Муҳабатовро болотар аз ҷумлаи мухолифон зикр карда буд. Дар банди ҳафтум бошад аз нишасти ҳайати ҳукумат бо ҷавононе менависад, ки яке аз суханронҳояш Ҳоким Муҳабатов аст. Мисли ҳамеша боз ҳам баҳона ифротгароиву вазъи ҷаҳонист. Ҳамоне, ки дар тули конфронс ҳам ҳайатҳои расмиву ғайрирасмии ҳукумат дар борааш
сухан мегуфтанд. Аммо демократияву адолати иҷтимоӣ ё инки интихоботи озоду озодии баён барои ин мардум бегона аст.
Мутмаиннам, ки Раҳнамо ба хотири қурбони амният кардани ин арзишҳо гирифтори азоби виҷдон хоҳад шуд, агар то ҳол нашуда бошад.
Хулоса инки Раҳнамо дар тули конфронс ҳеҷ нуктаи мусбатеро аз тарафи муқобил надид ё иҷозати дидан надошт.
Аммо Раҳнамо хуб дарк кард, ки дар чунин нишасте ҳайати ҳамроҳаш ҳарфе барои гуфтан надошт. Барои мисол ӯ шоҳид буд, ки дар масалви шиканҷа ва зиндониҳои сиёсӣ ҳақ бар ҷониби мухолифон аст. Кушторҳои ду зиндон ва қурбон шудани чанд зиндони аз «нони зағордамида» ва садҳо далели дигаре, ки барои рад карданашон ё бояд кур буд ё инки манқурт.
Бинобарин хост дар ин хостанд ин нишастро беарзиш ҷилва диҳанд ва ҳатто тавсия мекунад, ки онро ҷиддӣ нагиранд.
Мисли ҳамон тавсияҳое, ки пештар дар бораи амнияту субот дода буд. Яъне ба хотири ҳифзи амният ва субот озодиҳоро маҳдуду поймол намудан равост.
Ростӣ баъд аз дидани вазъияти Раҳнамо дар конфронс ва хондани навиштаи ӯ ҳеъре ба ёдам омад, ки намедонам муаллифаш кист ва дусте онро замоне замзама мекард.
Раҳнамои мо ба дом афтодааст,
Дар ҳарам пои ҳаром афтодааст…
Рубрики:Дидгоҳ