Ахбори Анҷуман

Вокуниши сухангӯӣ ПМТ ба “террористӣ” эълон шудани ин эътилоф аз тарафи ҳукумат

Темур Варқӣ, сухангӯи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар вокуниш ба қарор Додгоҳи Олии Тоҷикистон мабнӣ бар «террористӣ» эълон кардани ин эътилоф, изҳор дошт: «Ин қарор эътироф ба қудрати Паймони миллӣ мебошад. Эътироф ба ин ки режим аз мо ва аз мардуми худаш меҳаросад ва омода аст ҳамаи мардуми кишварро террорист эълон кунад.»  

Ба гузориши Паём, дар эъломияе, ки Додгоҳи Олӣ нашр кардааст гуфта мешавад “бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст”.

Додгоҳи Олӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷа “ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Тибқи ин қарор ҳамчунин сомонаҳои интернетие, ки ба Паймони миллии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”.

Паймони миллӣ ҳанӯз вокуниши расмие ба ин тасмими Додгоҳи Олии кишвар накардааст, аммо Темур Варқӣ, сухангӯи ПМТ ва раҳбари Департаменти иттилоотии ин паймон дар вокуниш ба он гуфт:

Режими Раҳмон худро дар ҷаҳон шарманда кард ва дунёро ба ханда даровард. Ин нишони аз даст додани ақл аст. Режим дар амал нишон дод, ки қарорҳо дар Додгоҳи Олӣ чӣ гуна қабул карда мешаванд – бидуни тафтишот ва ширкати вакилон. Бисёр мехостам бидонам, ки вакили дифоъи Паймони миллии Тоҷикистон дар мурофиъа кӣ буд ва кадом бандҳои оинномаи Паймон ё амалкардҳои он террористӣ хонда шудаанд, кӣ даъвогар буд ва тафтишот чӣ қадар идома кард. Хуб мешуд посухи ин суолҳоро ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистон дарёфт мекарданд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард “қарор Додгоҳи Олӣ беасос ва ғайриқонунӣ аст. Ин эътирофи ҳамаи он чизҳое аст, ки намояндагонаш дар нишасти СММ дар Женева ва ҳам дар конфронси САҲА дар Варшава бо шиддат инкор мекарданд. Режим бо ин кораш ҳақ будани моро эътироф кард, ки душмани демокросӣ, озодии баён, рушди маданӣ аст”.

Темур Варқӣ изҳор дошт “ин қарор ҳамчунин эътирофи қудрати Паймони миллӣ мебошад. Эътирофи ин ки режим аз мо ва аз мардуми худаш меҳаросад ва омода аст ҳамаи мардуми кишварро террорист эълон кунад. Ҳар касе мехоҳад дар кишваре озод, демократӣ, маданӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ кунад, дар назари ин режим террорист аст. Хостани зиндагии сарбаландона аз нигоҳи Додгоҳи Олӣ ва режим ҷиноят аст”.

Раҳбари Департаменти иттилоъотии ПМТ ҳамчунин гуфт “режим ва Додгоҳи Олӣ вазифаи моро дар расонидани аҳдофи сулҳомез, созанда ва маданиамон ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ боз ҳам сабуктар карданд. Ягона чизе, ки дар ин кор ғамгинамон мекунад он аст, ки кишварро инсонҳои масхарабоз, камсавод ва бемасъулият идора мекунанд, онро дар ҷаҳон шарманда кардаанд ва дарк намекунанд, ки онро ба партгоҳ бурда истодаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s