Мо, ҷамъе аз аъзо ва ҳаводорони Паймони Миллии Тоҷикистон – эътилофи мухолифони тоҷик, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин соатҳо дар шаҳри Париж қарор дорад, дар поёни таҷаммӯи худ дар майдони “Республика”-и шаҳри Париж, пойтахти Фаронса, иброз медорем:
1) Бисёр нанговар аст, ки дар остонаи солгарди Инқилоби Кабири Фаронса, ин кишвар мизбони касе мисли Эмомалӣ Раҳмон, ки намоди диктаторӣ ва зулму истибдод дар ҷаҳон маҳсуб меояд, бошад. 27 сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин муддат садҳо шаҳрванд фақат ба хотири мавқеи сиёсӣ боздошт ва ба зиндонҳо афканда шуданд ва анвоъи фишору шиканҷаҳоро аз сар мегузаронанд, ва на танҳо худи зиндониёни сиёсӣ, балки хонаводаҳои онҳо низ аз дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон дар амон нестанд.
Бинобар ин, мо хитоб ба мардум ва ҷомеаи озоди Фаронса ва ҳукумати он, мерасонем, ки истиқболи ҳукумати Фаронса аз як диктатор дар сарзамини озодӣ ва пачамдори демократия дар ҷаҳон, як нанг аст.
2) Мо умедворем кишвари Фаронса ба унвони парчамдори озодӣ ва демократия, бо истифода аз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар, аз ӯ ба шиддат ба хотири сиёсатҳои саркӯбгаронааш интиқод ба амал оварда ва аз вай дархост намояд, ки Қонуни асосии Тоҷикистонро, ки озодӣ, демократия ва ҳуқубунёдӣ асоси онро ташкил медиҳад амал кунад ва даст аз таъқибу фишори дигарандешон бардорад ва бигузорад аҳзоби сиёсӣ озодона дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва ниёз ба паноҳ бурдан ба дигар кишварҳоро надошта бошанд. Бигузорад интихобот дар Тоҷикистон озод ва шаффоф баргузор гардад.
3) Хитоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор медорем, ки мо то охирин нафас баҳри озодӣ ва барқарории демократия дар кишвари азизамон даст аз муборизаи мусолиматомез барнахоҳем дошт.
Зинда бод Озодӣ!
Зинда бод Демократия!
Зинда бод Тоҷикистон!
Паймони Миллии Тоҷикистон
8 ноябри 2019
Рубрики:Баёнияҳо