Салим Султонзода, узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Имрӯзҳо, ки ҳаракати мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар рӯз аз рӯз фаъолтар ва пурсамартар шудан дорад, баъзе аз иттифоқҳое афтода, ки хостам бо дӯстон дар миён монам. Аз ин ки худро аз баданаи ин ҳаракат медонам ва бо дӯстони мубориз дар як саф ҳастам, меболаму мефахрам.
Чанд рӯзе шуда ва ҳамин ҳоло ҳам бо ман фейкҳое дар тамос шуда паёмҳое дорад ирсол мекунанд. Ин паёмҳо мазмуне доранд барои ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ. Албатта ин хел паём ва пешниҳодҳо аз ин пеш ҳам буданд. Чи мустақиман ва чи бо воситае. Ва посухи ин ҷониб ин набуд магар, ба ҳар коре, ки баҳри беҳбудии миллату давлати Тоҷикистон бошад омодаам даст ба кор шавам. Ва ҳатто кор то ҷое расида буд, ки аз ман мехостанд то ба таври хаттӣ инро тасдиқ бисозам, то ба ин ниятам мақомот итминон ҳосил кунанд.
Дар ин маврид ҳам посухи ман як буд ва ҳоло ҳам ҳамон аст, ва он ҳам бошад аз нигоҳи арзишҳои муқаддас ин тоҷик буданаму зодаи ин марзу бум буданам ҳаст. Ва аз нигоҳи аснод собиткунандаи ин ниятам, будани шаҳрванди Тоҷикистон ва қасами ҳарбиам, ки баҳри садоқат бар ин давлату миллат хурдаам.
Албатта, ки ин мазмун гуфтугузорҳо аз солҳои пеш буданд, аммо чаро ман ҳоло тасмими расонаӣ кардани онро кардам?
Чун пештар ин пешниҳодҳо ғолибан аз дохилӣ кишвар ва аз ҷониби ашхоси маълум садо медоданд. Ва ҳоло пешниҳоди «ҳамкорӣ» аз ҷониби фейкҳое ирсол мешавад ва он ҳам бошад ҳамкорӣ бо сервисҳои хориҷӣ. Ин ҷо метавон оиди ирсоли ин паёмҳо як чанд вариантҳоро тахмин зад.
Аммо посухи ман ба ҳама «пешниҳодҳо» як аст, чи манбаъи пешниҳод аз дохил бошад ё чи аз берун. Ман мухолифи давлату миллатам нестам, ман мухолифи режими ҳокими кунунӣ ҳастам ва ин маъное онро надорад, ки баҳри расидан ба аҳдоф, ман омодаам ба хориҷ ҳамкорӣ дошта бошам. Ман тоҷикам ва Тоҷикистон Ватани ман аст. Дар ҳеҷ шароит як нафасе бар зидди миллату Ватанам нахоҳам кашид.
Боз як бор таъкид мекунам, ва инро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бояд бидонанд, ки ман зидди режими диктатурӣ қад алам кардаам на зидди давлату миллати азизам. Боқӣ саломат бошед.
Худованд Ватану миллатамро аз фитнаҳо эмин нигаҳ дорад!
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидгоҳ