Ахбори Анҷуман

Сари худро боло нигаҳ дор ва бо муҳити ҷадиди худ созгор шав

(Навиштаҷоти 1):

Ҳазорон инсон ҳангоми фирор аз ҷанги дохилии кишварамон кушта шуданд

(Навиштаҷоти 2):

Равшан Темуриён, тарҷумон

Равшан Темуриён: Хеле даҳшатовар буд шоҳиди ин саҳнаҳо будан. Ман ҳаргиз дар тасаввурам намегунҷид, ки тоҷики ман, ки ҳадди ақал дорои шаш ҳазору дусаду ҳаштод сол торих аст, ба қатлу куштори ҳамдигар даст мезанад, қодир аст ба касе мусибат ва ранҷ биёварад ва фоҷиаи бузургеро дар торихи ин миллат ба сари худ таҳмил намояд. Ин ғайри қобили тасаввур буд, комилан ваҳшатнок буд.

(Навиштаҷоти 3):

Ман рӯзноманигор будам ва шоҳиди куштори дастаҷамъии мардуми худ дар кишварам будам.

(Навиштаҷоти 4):

Чи гуна тавонистам зиндагии ҷадидеро шурӯъ кунам, дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳам барои озодӣ ва демокросӣ талош дорам.

(Навиштаҷоти 5):

Ин қиссаи рӯзгори ман аст.

(Навиштаҷоти 6):

Бахши аввал аз се:

Сахттарин чолиши зиндагии ман.

Равшан Темуриён: Фикр мекунам сахттарин чолиши зиндагии ман – ин ҷанги дохилӣ дар ватани ман – Тоҷикистон буд. Он замон ба ҳайси сухангӯи ҳукумати аввалин ва охирини демократии Тоҷикистон кор мекардам. Мо, он замон чун демократҳои ҷадид мехостем дар Тоҷикистон як ҳукумати воқеъан демокротӣ эъмор намоем. Ҳукумате, ки ғамхори мардумаш бошад. Аммо баъзе аз қудратҳои минтақа моро иҷозат надоданд, ки ин корро анҷом диҳем. Мудохилаи низомӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Оқибати ин ҷанг 150 ҳазор нафар кушта барҷо гузошт.

Ҳамааш аз он сар зад, ки ҳукумати, ба истилоҳ, ҷадид ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ворид шуд. Задухӯрдҳо шурӯъ шуданд миёни тарафдорон ва размандагони ҳукумати эътилофии демокротӣ ва нерӯҳои шибҳинизомии дастнишондаи Русия ва Ӯзбекистон дар он замон. Дар кӯчаву хиёбонҳо мардуми оддии пойтахт ва тарафдорони ҳукумати эътилофии муросои миллӣ кушта мешуданд. Кушторҳои зиёд ва фоҷиаҳои зиёд ба сари миллат оварда шуданд.

Бо кӯмак ва роҳнамоии дӯстон аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукумати муросои миллӣ, аз ҷумла, ду мақоми олирутбаи низомии ҳукуматӣ ба банда муяссар шуд пойтахтро тарк намоям ва чанд сол дар кишварҳои мухталиф паноҳ барам.

Таҳти фишори ҳукуматҳои вақти Русия ва Ӯзбекистон иҷлосияи ғайринавбатии парламони Тоҷикистон на дар пойтахти мамлакат шаҳри Душнабе, балк дар қисмати шимоли кишвар шаҳри Хӯҷанд баргузор гардид. Ибтидо, сулҳи ҷонибҳоро эълон карданд, ҳатто фармондеҳони ҳар ду ҷонибро ба иҷлосияи парламон даъват намуданд, аммо нерӯҳои шибҳинизомии таҳти фармондеҳии Сангак Сафарови бераҳм даст ба поксозии музофотӣ ва ғоявии тарафдорони ҳукумати эътилофӣ заданд. Беш аз як миллион ё ҳатто ду миллион мардум рӯ ба гурез ниҳоданд, як қисмати калони тарафдорони ҳукумати эътилофӣ, ки дар манотиқи ҷануб мустақар буданд ба самти дарёи Ому ва кишвари ҳамҷавори Афғонистон ҳаракат намуданд. Ҳини убури дарё ва задӯхӯрду кушторҳои назди сарҳадӣ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ман, ки дар пойтахт қарор доштам, бо машаққати зиёд тавассути ҳавопаймо саҳнаи ҷангу қатлгоҳро тарк намудам. Фарзандон ва хонаводаамро бо волидайн дар макони амнтаре интиқол додам.

Хеле даҳшатовар буд ин саҳнаҳоро мушоҳида карданд. Ман ҳаргиз дар тасаввурам намегунҷид, ки тоҷики ман, ки ҳадди ақал дорои шаш ҳазору дусаду ҳаштод сол торих аст, ба қатлу куштори ҳамдигар даст мезанад, қодир аст ба касе мусибат ва ранҷ биёварад ва фоҷиаи бузургеро дар торихи ин миллат ба сари худ таҳмил намояд. Ин ғайри қобили тасаввур буд, комилан ваҳшатнок буд.

Дӯстонам гуфтанд, ки бо аҳли хонавода ба фурудгоҳ омадани шумо риск аст, зеро фурудгоҳи Душанбе таҳти кунтрули нерӯҳои шибҳинизомии ҳукумати неокоммунистӣ қарор дорад ва шахсан худи Сангак Сафаров дар он ҷо аст. Қабл аз ду соати омадани ману дӯстонам ба фурудгоҳ, Сангак Сафаров ва тарафдоронаш писари сарвазири собиқи Тоҷикистонро, ки мехост пойтахтро тарк намояд, боздошт намуда, ба қатл расонданд. Аз ин хотир, ду дӯсти олирутбаи низомӣ бо ду сарбози мусаллаҳ бандаро ба фурудгоҳ оварданд. Вақте ки шибҳинизомиёни Сангак Сафаров диданд, ки ашхоси мусаллаҳи низомӣ маро ҳамроҳӣ мекунанд, дигар аз нияти талошии ман худдорӣ намуданд.

Он замон фақат як парвози маҳаллӣ буд, он ҳам аз Душанбе ба Хӯҷанд. Аввал ба Хӯҷанд омадам ва баъд марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур намуда, чанд вақт дар хонаи хешовандони модарам мондам. Замони азоб ва ноумедиҳо буд. Ҳолати онвақтаи маро баъди чандин сол шоири маҳбуби мо устод Бозор Собир айнан дар шеъраш тасвир намудааст:

Аз ватан вақте, ки мерафтам,

Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,

Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.

Гуфтам аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи ватанро,

Баъд аз ин бигзор, бигзор!

Ман набинам рӯи ӯро,

Ӯ набинад рӯи манро.

Хостам дар шишаи танги ҳавопaймо ба ин маънӣ

Хат кашам акнун,

Вале он шишаро нохост бӯсидам…

Хеле эҳсосотӣ буд ва ваҳшат маро сарозер намуд. Ин бо ман рух дод.

Он ду нафар дӯстонам низомиёни олирутба — женролҳо, ки ҳаёти маро наҷот доданд, ҳангоми гусел маро таскин медоданд:

“Ташвиш накашед, баъди 6 моҳ боз ба Ватан бармегардед ва дар вазифаи худ ҳамчун сухангуи ҳукумат боз даст ба кор мешавед. Аммо ин 6-моҳ ба 27-сол табдил шуд!

Ҳанӯз ҳам вазъ ҳамон аст. Ҷанг нест, аммо мардум дар азобанд, мардум ғайб мезананд, мардум рабуда мешаванд. Фишор рӯи расонаҳои озод, дарвоқеъ касе ва ё расонаи озоде боқӣ ҳам намондааст. Танҳо як нафар ва як хонавода ҳоким бар кишваранд.

(Навиштаҷоти 7):

Бахши дуввум аз се:

Чӣ гуна ман онро паси сар кардам?

Равшан Темуриён: То ҳафт соли қабл аз ин бовар доштам, ки ба Ватан бармегардем. Аммо баъди 20 соли муҳоҷират ниҳоят дарк кардам: Зиндагӣ гузашт. Ва мо бояд ба замин пойин оем.

Ҷигарбандонам низ гуфтанд: “Падарҷон, мо бояд муқим шавем”. Ва мо тасмим гирифтем барои хонаводаи худ хонае бисозем ва зиндагиро аз сар бигирем. Хонае, ки бароямон хонаи умедро мемонад. Мо ин хонаро барои худ эъмор намудем ва дар он чун конодоиҳо зиндагӣ мекунем.

Устоди бузурги ман Отахон Латифӣ ҳамеша маро пуштибонӣ мекарданд.
Вақти ҷанги дохилӣ устод Латифӣ, он замон ишон яке аз раҳбарони оппозисиюн буданд, ба ман занг зада, маро ба кор дар бахши тоҷикии радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ пешбарӣ намуданд. Радио маро даъват намуд ва банда тӯли чаҳор сол дар он кор кардам. Ман аз радио хеле сипосгузорам, радио барои ман як мактаби бузурги омӯзиш, як мактаби бузурги рӯзгори воқеъии журнолистӣ ва аслан як мактаби бузурги журнолизм ба шумор меравад. Ҳамон замон қарордоди банда дар радио дар ҳоли ба поён расидан буд, ман кӯшиши бозгашт ба Ватанро кардам. Аммо дӯстони вафодорам дар ҳукумат ба ман гуфтанд: “На, шумо наметавонед баргардед, зеро шумо дар радиои Озодӣ кор кардед ва бо фармондеҳони ҷабҳаҳоти мухталиф мусоҳибаҳо анҷом додед. Яке аз онҳо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аст, ки қаблан бо ин ҳукумат буд ва баъд мавқеъашро иваз карда, зидди ҳукумати кунунӣ сар боло кард. Агар шумо баргардед эҳтимоли хатари боздошт ва ё ҳатто ҷисмонӣ аз байн бурданатон вуҷуд дорад.”

Ҳамон вақт, баъзе дӯстонам аз доираҳои ҳукумати Конодо ба ман маслиҳат доданд, ки Конодоро ҳамчун хонаи дуввум ихтиёр намоям. Бояд дилсофона бигӯям, ки ман аз ҳукумати Конодо барои меҳрубониҳо дар баробари хонаводаам хеле миннатдорам. Хоса, аз мӯҳтарам ҷалолатмоб Жан Кретиен, нахуствазири вақти Конодо ва ҳукуматашон барои жести инсонӣ ва дилсӯзӣ дар баробари мо ва ҷигарбандони мо хеле ва хеле миннатдорам.

Дар замони ҷанги дохилӣ ҳамчун рӯзноманигори радиои Озодӣ аз ӯрдугоҳҳои муҳоҷирини тоҷикистонӣ дар Афғонистон дидор ба амал овардам. Гузоришҳои зиёде таҳия намудам. Вале гузориши асосии ман мусоҳиба бо фармондеҳи шаҳири Афғонистон Аҳмад Шоҳ Масъуд буд. Баъди 20-рӯзи хомӯшӣ ва ақабнишинӣ аз Кобул ба шимолӣ, ишон тасмим гирифт бо банда дар бораи сабабҳои таслими Кобул ба ақабнишинии нерӯҳояш ҳарф бизанад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди 20-рӯзи хомӯшӣ сабаби тарки пойтахти Афғонистон ва тасарруфи Кобул аз тарафи нерӯҳои размандаи Толибонро аз ин мусоҳибаам бо Масъуд огоҳ шуд.

Ин мусоҳибаи панҷдақиқаинаи банда бо Аҳмад Шоҳ Масъуд ба 27-забони дунё тарҷума шудааст. Ва он дар нашрияи мӯътабари афғонии Калифорниёи Амрико ба нашр расидааст, Ман ҳатто акси Масъуди қаҳрамонро дорам, ки ҳамон мусоҳибаи моро дар нашрияи “Умед”, чопи Амрико дар ҳоли мутолеъанамоӣ аст.

Ин рӯйдод саҳифаи дурахшонест дар ҳаёти ман.

Ҳанӯз ҳам мақолаҳо менависам, аксаран дар шабакаи маҷозӣ, хоса, Фейсбук. Аз тариқи Фейсбук бо фаъолони ҷомеаъи маданӣ дар тамос буда, таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунем.

Орзуи аслии ман – бо чашмони худ дидани Тоҷикистони демократӣ, секулорӣ ва кишвари хушбахтарини дунёст. Ман бар инам, ки мардуми тоҷик сазовори ҷомеъаи воқеъан демокротӣ ва зиндагии мураффаҳе ҳастанд.

(Навиштаҷоти 8):

Бахши севвум аз се: Он чӣ омӯхтаам.

Равшан Темуриён: Дар ин муддати тӯлонӣ сабаби зинда монданам – ин муҳаббати фарзандонам ва муҳаббати хонаводаам. Ҳар он чизе, ки ман анҷом медодам ба хотири фарзандони азизу дилам буд.

Бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар тамос бошед, ҷамъияту анҷуманҳо ташкил намоед. Чизи асосӣ — ин омӯзишу парвариш аст. Вақте ки ба хонаи нав, кишвари дигаре ворид шудӣ, шумо бояд забон ё забонҳои онҷоро омӯзед. Шумо бояд таҳсилкарда бошед, шумо бояд зиндагӣ карданро дар макони ҷадид биомӯзед. Ин ҷо барои ҳамагон биҳишт нест. Дар ин бора бояд андеша кунед. Шумо бояд аз сифр шурӯъ намоед. Масалан, ман ба хотири фарзандонам омода будам ба ҳама кор даст занам. Вазифаи ман тарбия ва ба воя расонидани фарзандонам ва бо таҳсил фаро гирифтани онҳо буд. Барои ин ман тайёр будам дар ҳама ҷо кор кунам. Бароям фарқ набуд он корхонаи тавлидотӣ ё ресторане, ширкати тарҷумонӣ ё умури муҳоҷират ва ё донишгоҳ ва ё дигар коре. Шумо бояд ҳаёти худро ба хотири ояндаи фарзандонатон ва хонаводаатон қурбон кунед. Бад-ин хотир, ки хонавода барои инсон шумораи 1 ҳисоб мешавад.

Таҷрубаи дигари зиндагиам: Пулҳои равобитро насӯзонед! Муносибатҳоро ба замин яксон насозед! Ин чизи бадест вақте ки баъзеи мо — муҳоҷирон бо хислатҳои ҷоҳталабӣ, мағрур ва мутакаббир ба кишваре ворид мешавем. Ин дуруст нест. Хоксор бояд буд!

Фаромӯш насозед: Ягон пулеро насӯзонед, зеро аз он ҷое, ки чанде пеш убур кардед, ягон замон боз бармегардед.

Имони худро ба инсоният ҳифз намоед. Ин бисёр муҳим аст.

Қалам ба даст бигир ва эҳсосотро рӯи коғаз биёр. Барои ин ки на инқилоб ва на озору ташвиш ба башарият муҳиманд. Қалам ҳаёти шуморо тағйир хоҳад дод, на силоҳу зӯроварӣ.

Бори дигар мегӯям: Қалам ба даст бигиред ва афкоратонро рӯи когаз биёваред. Ба маркази ҷамъиятҳои миллӣ биравед, биёмӯзед чӣ тавр бо онҳо сӯҳбат кард, биёмӯзед, чӣ тавр аъзои анҷумани онҳо шуд. Ин бисёр муҳим аст!

Шумо ҳатман аз нав зинда хоҳед шуд!

Шумо ҳатман ба пеш ҳаракат хоҳед кард!

Шумо ҳатман пирӯз хоҳед шуд!

(Навиштаҷоти 9):

Бо ташаккур аз Равшан (Темуриён) барои ба иштирок гузоштани достони ҳаёташ.

Мусоҳиб: Ҷиммӣ Вестерҳайм

Тасвир ва садобардор: Моё Зозимо

Танзимкунанда: Ҷунӣ Марие Бенҷаминсен

Мусиқӣ: Сигрит Анита Ҳоген

Анимейшан: Соҳил Синг

Бунёди байналмилалии ҳуҷҷатнигории “Ҳюман Аспект”

Шаҳри Услу, Норвеж, соли 2019

P.S: Пуштибониву раҳнамоиву меҳрубониҳои устодон ва дӯстони азизам зиндаёд Отахон Латифӣ, Сайфиддин Тӯраев, Бобоҷон Икромов, Насибҷон Амонӣ ва чанде ёрон буд, ки достони рӯзгори моро рӯшану умедворкунанда намуд ва он маънӣ ба бар кард.

Бо дуруд, эҳтиром ва сипос,

Равшан Темуриён

https://thehumanaspect.com/watch/858/ravshan-freedom-fighters?fbclid=IwAR00fyTxOV_dWFINudkfQmMatM8UmqQLktzsQ-xUfbWeHeYkXEIlcj5EpkM

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s